Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсиси 5 дидбонгоҳи назоратӣ дар “Дашти Ҷум”


Идораи ҷангали минтақаи Кӯлоб аз таъсиси панҷ дидбонгоҳи назоратӣ дар мамнӯъгоҳи «Дашти Ҷум» ба манзури ҳифзи олами ҳайвоноти нодири ин мавзеъ хабар дод.

Ин дидбонгоҳҳо ба дунболи ошкор шудани мавориди зиёди шикори ҳайвоноти нодир тавассути сокинон ва меҳмонони хориҷӣ дар мамнӯъгоҳи Дашти Ҷум таъсис шудаанд. Аз даврони Шӯравии пешин то таъсиси дидбонҳои назоратӣ, масъулияти назорати мамнӯъгоҳ ба ҷангалбонони нозир вобаста буд, ки онҳо имкони контроли куллия қаламрави мамнӯъгоҳро надоштанд.

Мираҳмад Давлатов, раиси Идораи хоҷагии ҷангал дар минтақаи Кӯлоб, рӯзи 2 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, “ин дидбонгоҳҳо дар нуқтаҳои муҳими мамнӯъгоҳ барои ҳифзи ҳайвоноти нодир, ба хусус бузҳои кӯҳӣ ва пармашох ташкил шуда ва дар ҳар яке аз дидбонгоҳҳо ду нафар аз ҷангалбонҳо бо милтиқҳои шикорӣ муҷаҳҳаз ва дорои имконоти замонавӣ, назоратро бар душ доранд”.

Зеро ба гуфтаи ҷаноби Давлатов, дар чанд соли ахир шикори ғайриқонунии ҳайвоноти нодир ба хъусус бӯзи кӯҳӣ ва пармашох ба мушоҳида расидааст ва бояд онҳо аз нобудшавӣ ҳифозат шаванд.

Ҷаноби Давлатов меафзояд, дар солҳои пеш шумораи ҳайвоноти нодир, аз ҷумла бузҳои кӯҳӣ ва пармашох - навъи нодири буз дар Осиёи Марказӣ мушаххас набуд, аммо таqи ду сол ахир ҷангалбонҳо ҳисоб карданд, ки танҳо дар мамнӯъгоҳи “Дашти Ҷум” 529 бузи кӯҳӣ ва ҳамин тавр беш аз 500 адад бузи пармашох ба сар мебард, ки бояд ҳифзу ҳимоят шаванд:

«Дар гузашта, бештар буз ва ҳайвоноти нодир, аз ҷумла бузи куҳӣ ва палангҳо аз сӯи қоҷоқчиён шикор мешуд, дар пайи ташкили дидбонгоҳ ин ҳолат аз байн бардошта шуд. Ҳоло нисбати соли 2013 қариб ду баробар бузи кӯҳӣ ва пармашох афзоиш ёфтааст. Аммо дар мавзеъҳои душворгузарӣ мамнӯъгоҳ ҳоло ҳам аз сӯи шаҳрвандони афғон шикор ба мушоҳида мерасад».

Ҳамчунин ба гуфтаи масъулони Идораи ҷангали минтақаи Кӯлоб дар муассисаву хоҷагиҳои ҷангали дигари ҳудуди ноҳия то ҳазор сар, ҳатто аз ин бештар бузи пармашох ҳисоб карда шудааст. Мақомоти ноҳияи Шӯрообод ҳам мегӯянд, бо дурага кардани насли бузи пармашох бо бузҳои маҳаллӣ шумораи ин навъи ҳайвоноти нодирро то андозае афзоиш додаанд.

Бузи пармашох аз нодиртарин навъи буз дар ҷаҳон дониста мешавад, ки дар Осиёи Марказӣ танҳо дар ҳудуди ноҳияи Шӯрообод мавҷуд аст. Ин буз яке аз нодираҳои «Китоби Сурх»-и чопи шӯравӣ буда, дар Тоҷикистон барои шикори он беш аз 20 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Дар замони ҷанги дохилии солҳои 1992 – 1997 низ шикори ҳайвоноти нодир дар мамнӯъгоҳи “Дашти Ҷум” тавассути афроди силоҳбадаст ва ҳатто гурӯҳҳои қочоқбари афғон зиёд ба назар расидааст.

Чун мамнӯъгоҳи “Дашти Ҷум” дар мавзеи мушкилгузару душворназорати манотиқи марзи ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон воқеъ аст. Масоҳати мамнӯъгоҳ ҳаждаҳ ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки ба гуфтаи масъулони идораи ҷангал, назорати ин минтақаи кӯҳистонӣ мушкил аст.

Бо ин ҳам ҳамакнун ташкили дидбонгоҳ дар ҳудуди мамнӯъгоҳ имкон медиҳад, ки олами ҳайвоноти ин мавзеъ аз сӯи ҷангабонон ҳифозат хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG