Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷасадҳои селофанпеч: Қурбонии панҷум ҳам тоҷик будааст


Bodies of 4 Tajik migrants found near Moscow, Photo from Facebook

Bodies of 4 Tajik migrants found near Moscow, Photo from Facebook

Сафири Тоҷикистон дар Русия ҷараёни тафтиши парвандаи марги фоҷиавии 5 муҳоҷири тоҷик дар атрофи Маскавро таҳти назорати шахсии худ гирифтааст.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ҷараёни тафтиши парвандаи марги фоҷиавии 5 шаҳрванди тоҷикро, ки ҷасадҳои селофанпечи онҳоро рӯзҳои охир дар вилоятҳои Маскаву Тула пайдо карданд, таҳти назорати шахсии худ гирифтаааст. Ӯ аз масъулони сафорат вва намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия хостааст, пайваста бо мақомоти тафтишотӣ ва наздикони қурбониён дар тамос бошанд ва ӯро аз ҷараёни тафтиш огоҳ кунанд.

Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон рӯзи 17 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ марги ин 5 муҳоҷири тоҷикро «як хабари ҳузнангез» номид ва гуфт, «мо боварии комил дорем, ки мақомоти Русия ин корро то ба охир мерасонанд ва гунаҳкор ё гунаҳкорони марги шаҳрвандони Тоҷикистонро ҷазои сазовор хоҳанд дод.»

То кунун танҳо 4 нафар аз ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон гуфта мешуданд, вале Муҳаммади Эгамзод гуфт, «мутаассифона, охирин хабари расида ҳокист, ки қурбонии панҷум низ шаҳрванди Тоҷикистон Шаҳром Набиев, соли таваллудаш 1988 будааст.»

Ҷасади селофанпечи ду шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 8 июл аз ҷангалзоре дар ҳудуди ноҳияи Ступинои вилояти Маскав ва ҷасади се нафари боқимонда рӯзи 11 июл аз як истгоҳ дар наздикии рустои Беликовои ноҳияи Ленини вилояти Тула ёфт шуданд. Ҳамаи ин 5 нафар узви як бригада буданд, ки бо супориши як сокини маҳаллӣ ғайриқонунӣ бо ҳадафи дуздии маҳсулоти нафтӣ аз лӯлаи нафт дар вилояти Орёл нақб меканданд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Тулаи Русия рӯзи 15 июл нахустин гумонбар дар робита ба марги 5 мардикорро дастгир карданд. Андрей Яртсев, раҳбари дафтари матбуоти раёсати умури дохилии вилояти Тула ба Озодӣ гуфт, ин гумонбарро маъмурони пулиси Тула дар ҳудуди вилояти ҳамсояи Орёл дастгир кардаанд: “Ҳоло муфаттишон бо ӯ кор карда истодаанд, то нақши ӯ дар марги ин 5 мардикорро маълум кунанд.”

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, дар бораи шахсияти ин гумонбар низ иттилои комил дорад, вале ба хотири халал нарасондан ба ҷараёни тафтишот аз ифшои номи ӯ худдорӣ мекунад. Аммо манобеи наздик ба тафтишот ӯро танҳо бо ду ҳарфи аввали номаш А.А ном мебаранд ва мегӯянд, ин гумонбар аз сокинони маҳаллии вилояти Орёл аст.

Дар рафти тафтиш маълум шудааст, ки ин 5 мардикор ҳангоми кандани нақб дар зери замин аз нафас кашидани газ нафасгир ва ҳалок шудаанд. Баъди чунин ранг гирифтани кор корфармои онҳо ҷасадҳои мардикоронашро селофанпеч карда, дар минтақаҳои мухталиф партофтааст. Ин мард ҳоло ба даст доштан дар марги 5 мардикор айбдор мешавад, вале ғолибан алайҳи ӯ бо иттиҳоми талоши дуздии маҳсулоти нафтӣ аз лӯлаи нафт парвандаи нав низ хоҳанд кушод.

Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия қаблан исми 4 муҳоҷири тоҷики ҳалокшударо эълон карда буд:

  1. Хуршед Шарифович Ёрматов, санаи таваллудаш 11 авгсти соли 1988, зодаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон
  2. Самандар Салимович Халифаев, санаи таваллудаш 31 марти соли 1989, зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ.
  3. Солеҳҷон Одилович Дилшодов, соли таваллудаш 1982 аз ноҳияи Қумсангир
  4. Фирдавсӣ Ашӯрович Нодиров, соли таваллудаш 1980, аз ноҳияи Данғара

Акнун ба ин рӯйхат исми Шаҳром Набиеви 27-сола илова мешавад.

Ҷасадҳои Хуршед Ёрматов ва Самандар Халифаевро, ки ҳанӯз рӯзи 8 июл дар ҳудуди ноҳияи Ступинои вилояти Маскав ёфт шуданд, шаби 15 июл тавассути ҳавопаймо ба Душанбе фиристоданд. Аммо корҳои тафтишотӣ нисбат ба се ҷасади дигар ҳанӯз пурра анҷом наёфтаанд ва ҷанозаҳои Солеҳҷон Дилшодов, Фирдавсӣ Нодиров ва Шаҳром Набиев баъди гирифтани иҷозати дафни онҳо аз сӯи мақомоти тафтишотии Русия ба Тоҷикистон фиристода мешаванд.

Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, аз 1 то 1,5 миллион муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Ҳар сол дар ин кишвар беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба иллатҳои мухталиф аз олам чашм мепӯшанд. Маризӣ, садамаҳои нақлиётӣ, фалокатҳои фаннӣ дар ҷои кор, ҳамлаҳои гурӯҳҳои қавмгаро, ихтилофоти байни худи тоҷикҳо ва ҳодисаҳои ногаҳоние, чун ғарқ шудан дар кӯлу дарёҳо аз иллатҳои умдаи марги мардикорони тоҷик дар ин мулки мусофирӣ шумурда мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG