Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кашфи ҷасадҳои селофанпечи 4 ҷавони тоҷик дар атрофи Маскав


акси яке аз ҷасадҳо

акси яке аз ҷасадҳо

Дар рӯзҳои охир дар ҳудуди вилоятҳои Маскаву Тула ҷасадҳои селофанпечи дастикам 4 муҳоҷири тоҷикро пайдо кардаанд. Ин мардикорони ҷавонмарг ҳамагӣ аз 26 то 35 сол доштаанд.

Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 15 июл хабар дод, ки дар чанд рӯзи охир дар вилоятҳои Маскаву Тула ҷасадҳои селофанпечи 4 муҳоҷири тоҷикро пайдо кардаанд. Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аҷсоди Хуршед Шарифович Ёрматов, санаи таваллудаш 11 августи соли 1988 ва Самандар Салимович Халифаев, санаи таваллудаш 31 марти соли 1989-ро шаби 15 июл бо ҳавопаймо ба Душанбе мефиристанд. Ҷасади ин ду ҷавони тоҷикро рӯзи 8 июл аз як ҷангалзор дар ноҳияи Ступинои вилояти Маскав пайдо кардаанд.

Иброҳим Аҳмадов афзуд: “Ду ҷасади селофанпечи дигар, ки аз вилояти Тула пайдо карданд, низ ташхис шудаанд. Маълум шуд, ки онҳо Солеҳҷон Одилович Дилшодов, соли таваллудаш 1982 аз ноҳияи Қумсангир ва Фирдавсӣ Ашӯрович Нодиров, соли таваллудаш 1980, аз ноҳияи Данғара. Онҳоро танҳо баъди анҷоми корҳои тафтишотӣ, вақте иҷозат барои гӯрондан доданд, низ ба Душанбе равон мекунем. Боз як ҷасади дигари селофанпеч ҳам ёфт шудааст, вале ӯ шаҳрванди Тоҷикистон нест.”

яке аз ҷасадҳои ёфтшударо полис барои ташхис ба мурдахона интиқол медиҳад

яке аз ҷасадҳои ёфтшударо полис барои ташхис ба мурдахона интиқол медиҳад

Иброҳим Аҳмадов гуфт, бо вуҷуди ба сурати селофанпеч дар минтақаҳои мухталиф ёфт шудани 5 ҷасад онҳо ҳанӯз тасдиқ карда наметавонанд, ки иллати марги онҳо иҷборист. Як фарзияи мақомоти пулиси ноҳияи Ступино ҳадди ақал дар мавриди марги ду зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ эҳтимоли аз нафас кашидани дуд ҳалок шудани онҳост.

Аммо Олег Абулманов, маъмури фаврии пулиси ноҳияи Ступино дар сӯҳбат бо мақомоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтааст, ки дар қиболи ин қазия бар асоси қисми дуюми моддаи 105-уми Кодекси ҷиноии Русия (куштори дастикам ду нафар) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Хешовандони муҳоҷирони ҳалокшуда дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфтанд, ки ин мардикорони тоҷикро зоҳиран барқасд куштаанд. Яке аз онҳо, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт: “Яке аз ҳалокшудаҳо писари амаки ман аз ноҳияи Ҳамадонист. Вақте барои ташхиси ҷасад ба мурдахона рафтам, дар гарданаш пайҳои сиёҳу кабуд буд. Маълум аст, ки онҳоро буғӣ карда куштаанд.”

Ӯ мегӯяд, ҳамаи ин 5 нафар дар як бригада кор мекарданд ва дар ҳудуди ноҳияи Ступинои вилояти Маскав чоҳ меканданд. Вале ба чунин сурати мармузи селофанпеч ва дар минтақаҳои мухталиф – ду нафарро дар Ступино ва сеи дигарро дар вилояти ҳамсояи Тула – партофан низ, ба ақидаи ин мусоҳиби мо, ишора ба марги маҷбурии ин мардикор мекунад: “Вале, ростӣ, ман намедонам, ки дар пушти ин чӣ истода метавонад. Шояд масъалаи пул бошад, шояд чизи дигар. Ман чизе дар ин бора гуфта наметавонам.”

Хешовандони мардикорони ҳалокшуда аз маъмурони намояндагии Хадамоти муҳоҷират изҳори сипос карданд, ки аз оғоз то охир дар

пайгирии ин қазия дар канори онҳо буданд. Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи ин намояндагӣ мегӯяд, ки онҳо ҷараёни тафтиши ин маргҳои мармузро идома хоҳанд дод.

Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, аз 1 то 1,5 миллион муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Ҳар сол дар ин кишвар беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба иллатҳои мухталиф аз олам чашм мепӯшанд: бархе – ба иллати маризиҳо ваё фалокат дар ҷои кор, шуморе – дар садамаҳои нақлиётӣ, теъдоде – бар асари ҳамлаи гурӯҳҳои қавмгаро ва бархе – бо маргҳои мармуз, мисли ин 5 нафар, ки ҷасадҳои селофанпечи онҳо дар як ҳафтаи охир аз вилоятҳои Маскаву Тула ёфт шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG