Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солҳо дарди падари Салоҳиддин Азизовро кам накардаанд


Падар бо акси фарзандонаш, ки яке аз онҳо кушта шудааст.
Падар бо акси фарзандонаш, ки яке аз онҳо кушта шудааст.

Муҳаббатшоҳ Азизов, сокини 61 солаи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, ки ҳафт соли пеш қавмгароёни рус сари писари ӯро аз тан ҷудо карда буд, гӯш ба занг аст, ки додгоҳи Русия чӣ ҳукм содир мекунад.

Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 2 июн муҳокимаи парвандаи Иля Горячевро оғоз кард, ки ҳамроҳ бо чанд миллатгарои дигар дар 9 куштор, аз ҷумла буридани сари муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизов мутаҳҳам дониста мешавад.

Ҳарчанд солҳо аз куштори ваҳшиёнаи як муҳоҷири ҷавони тоҷик мегузарад, аммо хонаводаи Муҳаббатшоҳ Азизов бо оғози мурофиаи додгоҳи фоҷеаи 7 сол пешро дубора дар мағзи ҷони худ эҳсос мекунанд. Чаҳор фарзанди дигари Азизов ҳоло дар Русия муҳоҷиранд ва сарнавишти онҳо падарро ором намегузорад. “Ноне, ки аз меҳнати сангини фарзандон дар Русия ба даҳони мо мерасад, хеле талх аст” – мегӯяд Муҳаббатшоҳ Азизов. Ӯ борҳо аз писаронаш даъват кард, ки дигар ба Русия нарафанд, аммо бачаҳояш ҳарфашро қабул накарданд. “Оила ба пул ниёз дорад ва пул ҳоло танҳо дар Русия аст,”- гуфтанд онҳо.

Ин падар мегӯяд, хеле дилаш мехост, ки дар мурофиаи додгоҳӣ ширкат кунад ва қотилони писарашро аз наздик бубинад, вале мушкилоти молӣ монеи сафараш ба Маскав шуд. Ин буд, ки танҳо бародари Салоҳиддин дар ин мурофиа ширкат дорад.

Салоҳиддин (аз чап) ва бародараш
Салоҳиддин (аз чап) ва бародараш

"Бародараш дар мурофиаи судӣ иштирок кард, ки ман баъдан телефонӣ аз ӯ пурсидам, ки дар ин мурофиа чӣ шуду чӣ гузашт ва қотилон киҳоянд. Аз писари ман пурсидаанд, ки воқеа чӣ тур шуд, ки писарам гуфт, ки ман надидам, вале танҳо ҷасади бесарашро онҷо пайдо кардам. Мурофиаи судӣ ва ҷазо гирифтани қотилон наметавонад, ки андӯҳи писарамро аз миён бубарад. Куташудани писари ман ваҳшиёна буд,"- гуфт Муҳаббатшо Азизов.

Аммо бародари Салоҳиддин Азизов, ки дар мурофиаи додгоҳӣ иштирок мекунад аз сӯҳбат дар бораи ҷузъиёти муҳокима худдорӣ намуд. Ӯ танҳо гуфт,додгоҳ Ҷамшед Алиевро, ки 7 соли пеш дар вақти ҳамлаи гурӯҳи милатгароён бо Салоҳиддин буд ҳамчун шоҳид ба мурофиа даъват намуд.

Дар ҳуҷуми ҳафт соли пеши қамвгароёни рус Ҷамшед Алиев, ки 22 сол дошт, ҷароҳат бардошт ва муддате ба ватан баргашт. Ҳоло ӯ дубора ба Русия рафтааст.

Муҳаббатшо Азизов мегӯяд,“ба ҳама маълум аст, ки тоҷикҳо дар Русиия саргардонанд, барои як бурда нон ёфтан кор мекунанд, панҷ писарам онҷост,натанҳо аз хонаи ман, аз дигарҷоҳо тоҷикҳо дар муҳоҷират ҳастанд,моргазида аз банди ало метарсад, ман ҳар субҳ як як бор бо писаронам суҳбат мекунам, ки аз саломатиятон ба ман хабар кунед, ки ман тавонам як бурда нонамро хурам. Гуфтам, ки даркор нест биёед ба ватан. Дар бораи амнияти фарзандонам фикр мекунам ва мехоҳам, ки онҳо дар пешам бошанд."

Волидони Салоҳиддин ҳанӯз дар фироқи фарзандашон месӯзанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00

Нигаронии хонаводаи Салоҳиддин Азизов аз он аст, ки ҳангоми ширкати фарзандонаш дар мурофиа додари кушташудаашон мабодо миллатгароёни рус ба онҳо осеб расонанд. Муҳаббатшо Азизов ҳатто аз гуфтани номи писаронаш, ки дар додгоҳ иштирок мекунанд, тарс дорад.

Ӯ мегӯяд, бовар надошт, дар мамлакате, ки солҳои тӯлонӣ бахше аз ватани бузургаш СССР буд , фарзандашро ба ин ваҳшоният қатл кунанд. Азизов мехоҳад аз Русия барои куштори фарзандаш товони маънавӣ талаб кунад, аммо намедонад, ки аз куҷо сар кунад ва ба куҷо биравад.

Салоҳиддин Азизовро қавмгароёни рус дар остонаи Иди қурбон куштанд дар ҳоле, ки аҳли хонавода ба пухтупази идона ва қабули меҳмонон дар рӯзи ид машғул буданд.

Садафмоҳ Азизова
Садафмоҳ Азизова

Садафмоҳ Азизоваи 60-сола, модари Салоҳиддин мегӯяд, он рӯз хабари куштори писарашро ба ӯ нарасониданд, "Ман намедонистам, ки писарамро куштаанд, ба худам гуфтам, ки чаро мардум ид намекарда бошанд ва чаро ҳамаи хешу табор якбора ҳама ба хонаи мо омаданд. Хабар надоштам, ки писарам куштаанд. Баъд шавҳарам гуфт, ки бачаатро калаашро гирифтаанд. Дар назди хонаам як ҷавон Салоҳиддин ном дорад, ки ҳар бор номашро шунида, худамро гум мекунам."

Салоҳиддин ягона ҷавони кушташуда аз деҳаи Хоҷа Дурбоди ноҳияи Шаҳритус нест. Соли 2010 аз ин деҳа Бахтиёр Абдурасулов, ҷавони он замон 30-сола бо зарби 5 корд дар шаҳри Маскав кушта шуд. Қотилони ӯ то ҳол ошкор нашудаанд.

Маҳмадалӣ Хоҷаев, раиси маҳаллаи Хоҷа Дурбод мегӯяд, ки азоби муҳоҷират барои ҷаъмияти беш аз 400 нафараи ин деҳа маълум аст, вале 130 нафар аз ҷавонони ин деҳа дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд.

Куштори Салоҳиддин Азизов, яке аз кушторҳои ваҳшиёнае аст, ки аъзои гурӯҳи БОРН "Созмони ҷангии милатгароёни рус" анҷом додаанд. Гуфта мешавад, ин куштор дар заминаи адовати қавмӣ сурат гирифтааст. Тибқи иттилои расмӣ дар байни солҳои 2008 ва 2010 ин гурӯҳи милатгаро ба кушторҳои зиёде даст задааст.

БОРН тақрибан дар миёнаҳои солҳои 2000-ум пайдо шуда, то имрӯз 9 узви ин гурӯҳ маҳкум ба зиндон шудаанд, ки Иля Горячев, ба ин тартиб аз охирин узви БОРН аст, ки баъди фирор дастгир мешавад.

Тибқи иттилои хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон дар се моҳи соли равон аз шаҳрҳои мухталифи Русия ҳудуди 100 тобути муҳоҷир ба ин вилоят оварда шудааст, ки дар миёни онҳо ҷасади афроди кушташудаҳо кам нестанд.

(Мусоҳибаи Радиои Озодӣ бо падари Салоҳиддин Азизов дар ноҳияиШаҳритус, 19 декабри соли 2008)

XS
SM
MD
LG