Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози додгоҳи охирин гумонбари қатли Салоҳиддин Азизов


Салоҳиддин Азизов (Акс аз бойгонии хонаводагӣ)

Салоҳиддин Азизов (Акс аз бойгонии хонаводагӣ)

Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 2 июн муҳокимаи парвандаи Иля Горячевро оғоз мекунад. Гурӯҳи қавмгаро ба раҳбарии ӯ дар 9 куштор, аз ҷумла буридани сари муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизов айбдор мешавад.

Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 1 июн барои муҳокимаи парвандаи Иля Горячев, раҳбари БОРН (“Боевая организация русских националистов” (“Созмони ҷангии миллатгароёни рус”) ҳайати мунсифа таъсис дод ва рӯзи 2 июн мурофиаро шурӯъ мекунад.

Марк Фейгин, вакили мудофеи Иля Горячев рӯзи 1 июн дар посухи хаттиаш ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ низ ин хабарро тасдиқ кард. Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмӯъ 12 нафар ҳамчун узви асосӣ ва 7 тани дигар ҳамчун узви эҳтиётии ҳайати мунсифа интихоб шудаанд ва мурофиа соати ёздаҳи рӯзи сешанбе оғоз хоҳад ёфт. Маъмулан чунин ҳайатҳо, ки аз шумори шаҳрвандони Русия ташкил мешаванд, дар гузашта сабаби ҷазои сабук гирифтани гумонбарон ва ҳатто "сафед" шудани онҳо гаштааст.

Иля Горячев, мулаққаб ба "Студент", яке аз раҳбарони “ақидатӣ”-и БОРН шинохта мешавад. Аъзои ин гурӯҳ ба дастикам 9 куштор дар заминаи адовати қавмӣ дар байни солҳои 2008-2010, аз ҷумла ба қатли ваҳшиёнаи муҳоҷири он замон 20-солаи тоҷик Салоҳиддин Азизов дар моҳи декабри соли 2008 айбдор мешаванд.

Миллатгарои рус Иля Горячев

Миллатгарои рус Иля Горячев

Ҳоло Иля Горячев барои ҳимояташ ин хатро пеш гирифтааст, ки ӯ дар сафи БОРН танҳо идеолог буд, на қотил. Горячев дар ҷараёни тафтишот гуфтааст, гӯё Салоҳиддин Азизовро на ӯ, балки Никита Тихонов ва Алексей Коршунов - ду узви дигари БОРН - куштаанд. Коршунов қаблан прапоршики ФСБ - Хадамоти федеролии амнияти Русия - будааст.

Марк Фейгин, вакили Горячев низ дар посухаш ба Озодӣ гуфт, муваккилаш худро комилан гунаҳгор намешуморад: “На дар қазияи қатли Азизов, на дар мавридҳои дигар Горячев даст надорад.Ҳатто дар айбнома ӯ дар ягон ҷо ҳамчун иҷрокуннада зикр нашудааст, бо ҳеҷ кадом аз аъзои ба ном БОРН (ба хайр аз Тихонов ва Хасис) шинос набуд. Ба ҷуз нишондоди Тихонов ва Хасис, дигар ягон далеле ки даст доштани Горячев ба қатлҳоро собит кунад, дар парванда нест.“

БОРН тақрибан дар миёнаҳои солҳои 2000-ум пайдо шуда, бо бераҳмии фавқулодааш дар ҳамлаҳо алайҳи мардуми ғайрирус фарқ мекард.То имрӯз аз 9 узви мушаххасшудаи БОРН маҳкум ба зиндон шуда, якеи дигар, ки дар ҳоли фирор ба сар мебурд, дар Украина бар асари таркиши норинҷак (граната) кушта шудааст. Иля Горячев, ба ин тартиб, охирин узви БОРН аст, ки парвандааш ба дасти додгоҳ мерасад. Ӯ моҳи ноябри соли 2013, баъд аз чанд соли фирор дар Черногория дастгир ва ба Маскав истирдод шуда буд.

Тафтишот мегӯяд, аъзои БОРН дар заминаи адовати ақидатии қавмӣ даст ба куштор мезаданд. Аъзои и банда аз ҷумла ба қатли вакили мудофеъ Станислав Маркелов, хабарнигори “Новая газета” Анастасия Бабурова, антифашистҳои шинохта Иля Ҷапаридзе, Иван Хуторской (мулаққаб ба “Костолом”) ва Фёдор Филатов, узви гурӯҳи “Шоҳинҳои Қафқоз” Расул Халилов, ки гурӯҳи ӯ ба “шикор”-и ҷавобии миллатгароёну скинҳедҳои рус машғул буд, айбдор мешаванд.

Куштори муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизов, бо онки ваҳшонияташ камтар аз ҷиноятҳои дигари БОРН набуд, зери сояи ин парвандаҳои пурсарусадо мондааст. Ҳол онки рӯйхати қатлҳои бераҳмонаи ин гурӯҳи қавмгаро маҳз аз қатли ҳамин муҳоҷири тоҷик аз рустои Ҳоҷидурбӣ (собиқ Партизан)-и ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон оғоз мешавад.

(Мусоҳибаи Радиои Озодӣ бо падари Салоҳиддин Азизов дар ноҳияи Шаҳритус, 19 декабри соли 2008)

Салоҳиддин Азизови он замон 20-сола, ки дар анбори меваҷоти минтақаи Покровское дар вилояти Маскав ҳаммолӣ мекард, шаби 5 ба 6 декабри соли 2008, ҳамроҳ бо ҳамватани он замон 22-солааш Ҷамолиддин Алиев дар роҳи бозгашт аз ҷойи кор ба манзили иҷораашон дар як ҷангалзор дар наздикии рустои Жабкино ҳадафи ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ бо туфангчаҳои пневматикӣ қарор гирифт. Шарики Салоҳиддин бо вуҷуди тир хӯрдан аз чаккаи сар тавонист фирор кунад ва хабари ҳадафи ҳамла қарор гирифтанашонро ба ҳамватанонаш бирасонад.

Муҳаббатшоҳ Азизов, падари Салоҳиддин

Муҳаббатшоҳ Азизов, падари Салоҳиддин

Хешовандони Салоҳиддин Азизов баъди чанде аз ҷойи ҳодиса танҳо ҷасади бесари ӯро пайдо карданд. Тафтишот мегӯяд, аъзои БОРН сари бетани муҳоҷири тоҷикро чанд рӯз дар манзили Тихонов дар яхдон нигоҳ дошта, хеле фикр кардаанд, ки аз ин ҷиноят чигуна барои таблиғи худ истифода баранд.

Баъди чанд рӯз аъзои БОРН сари буридаи Салоҳиддинро дар як қутти ахлот дар назди идораи ҳукумати як минтақаи шаҳри Маскав партофта, тавассути почтаи электронӣ аксашро ба чанд созмони ҳомии ҳуқуқи башар, аз ҷумла ба Дафтари ҳуқуқи башари Маскав ва маркази «Сова» фиристоданд. БОРН дар он паёмаш масъулияти қатли ваҳшиёнаи муҳоҷири тоҷикро бар дӯш гирифта, ин кушторро рамзи муборизаи худ алайҳи “ишғоли Русия аз сӯи мардуми ғайр” номид.

Моҳи сентябри соли 2014 раҳбари асосии БОРН Никита Тихонов бо ҷурми 6 куштор ва 2 қасди куштор, аз ҷумла барои нақшаш дар қатли Маркелов ва Бабурова ба 18 соли зиндон маҳкум шуд. Дӯстдухтари Тихонов Евгения Хасис ва 5 узви дигари ин гурӯҳ низ ба солҳои тӯлонии зиндон, дуи онҳо онҳо- Вячеслав Исаев ва Максим Баклагин бо ҷурми куштани қозии додгоҳи Маскав Эдуард Чувашов ҳатто ба ҳабси умрбод маҳкум шудаанд.

Иля Горячев ба таъсиси созмони ифротӣ, гурӯҳи мусаллаҳ ва ширкат дар ҳамлаҳои ин гурӯҳ, қатли беш аз ду нафар дар заминаи адовати миллию ақидатӣ, харидорӣ ва ҳифзи ғайриқонунии силоҳ айбдор мешавад. Дар сурати ба гарданаш дайн шудани ин иттиҳомот, Горячев низ метавонад барои умрбод зиндонӣ шавад.

Дар Русия бино ба ҳисобҳо, аз 1 то 1,5 миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Ҳамасола аз Русия ба Тоҷикистон тобути беш аз 1000 муҳоҷири тоҷикро меоранд, яъне ба ҳисоби миёна, ҳар рӯз дар ин кишвар дастикам 3 тоҷик ҷон медиҳад. Бархе бар асари тасодум, ё маризӣ ваё ягон фалокат дар ҷои кор ва бархе, мисли Салоҳиддини ҷавонмарг – дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳҳои қавмгаро.

XS
SM
MD
LG