Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҷашни таҷлили Рӯзи оила, муҳаббат ва садоқат намояндагони мазоҳиби мухталиф дар Тоҷикистон оиларо аз муқаддастарин арзишҳои инсонӣ унвон карданд.

Ин ҷашн, ки бештар Русия маъмул аст, одатан ҳар сол 8 июл баргузор мешавад. Аммо имсол бо ибтикори сафорати Русия дар Тоҷикистон Рӯзи оила 2 июл таҷлил шуд. Дар ин тантана намояндагони ҷомеъаи русзабонҳо ва калисои православӣ иштирок доштанд.

Роҳиби калисои насронии шаҳри Душанбе Константин дар ин маҳфил аз тамоюлҳо ва падидаҳои номатлубе, ки ба гуфтаи ӯ, аз Ғарб ба фарҳанги мардуми Русия ва Шарқ ворид мешавад, изҳори нигаронӣ кард. Ӯ аз ҷумла ҳамҷинсгароиро маҳкум кард ва қарори Русияро ҷиҳати ҷилавгирӣ аз қонуни кардани ин раванд шоёни таҳсин хонд.




Роҳиби калисои насронии шаҳри Душанбе бар ин назар аст, ки таҳоҷуми фарҳанги ғайр барои мардуми Шарқ хатарбор буда, ба фарҳангу тамаддуни оиладорӣ латма мезанад: «Ин гуна ҷорабинҳо, ки одамонро барои пойдор ва мустаҳкам нигоҳ доштани оила даъват мекунад, муҳиманд. Мо бояд инро хуб дарк кунем ва ба тамоюлҳои наву ташвиқотҳои ноҷо дода нашавем.»


Дар ин маҳфил, ки намояндагони сафорати Русия дар Тоҷикистон ширкат карданд, оилаҳое аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон даъват шуданд, ки беш аз 25 сол бо ҳам зиндагии якҷоя доранд. Бештари инҳо оилаҳо солҳои пеш дар пайи ишқи ҷавонони тоҷик ба духтарони рус бунёд ёфтаанд.

Антонина Солеҳоваи 53 сола, ки барои садоқати оиладорияш соҳиби медал гардид, мегӯяд, аз вилояти Ростови Русия дар соли 1983 барои таҷрибаомӯзӣ ба Тоҷикистон омада буд ва беш аз 30 сол мешавад, ки ин «таҷрибаомӯзӣ»-аш бо Файзулло Солеҳов, шавҳари тоҷикаш идома дорад. Хонум Солеҳова меафзояд, агарчи қабули расму оини тоҷикон ва муносибат бо хушдоману хоҳарону бародарони шавҳараш солҳои аввал барояш мушкил буд, аммо ҳоло бо ин ҳама одат кардааст.

Ба андешаи Антонина Солеҳова, дар оиладорӣ махсусан духтарҳо бояд пурсабр бошанд, зеро мустаҳкамии оила аз зан вобастагӣ дорад: «оилаҳои ҷавон ҳамеша ба дастгирии калонсолон ниёз доранд. Баъди пошхӯрии Шӯравӣ, ки мардҳо бештар ба муҳоҷират рафтанд, пошхӯриии хонаводаҳо ва нофаҳмии ҳамсарон бештар дида мешавад. Вақте мардҳо маҷбур мешаванд ба мардикорӣ раванд, духтарҳо на бояд манманӣ кунанд. Ман ин мекунаму фалон мекунам. Чунин гап бояд барои занҳо вуҷуд надошта бошад.»

Раҳматулло Гадоеви 65-сола мегӯяд, 37 соли ҳаёташро бо ҳамсараш Клавдия сипарӣ карда, ду бачаи нозанин ба дунё овардаанд. Ӯ меафзояд, ки бо ҳамсараш ҳамсабақ ва ҳамкор будаанд ва дар давоми 37 соли зиндагии муштарак боре ҳам андешаи аз ҳам ҷудо шудан ба сарашон наомадааст.

Раҳматулло Гадоев мегӯяд, ҳоло садоқати оиладорӣ коста шудааст ва яке аз сабабҳои он никоҳҳои маҷбурӣ ва ё озод набудани ҷавонон барои интихоби ҳамсар ва сабаби дигар аз тарбия дур мондани фарзандон будааст: «Садоқати оилавӣ каме коста шудааст, ки шояд сабабаш воқеаҳои солҳои охир бошад ё мардум ба ин чиз одат карда бошанд. Демократия гуфта ҳама чизро ба ҳоли худ гузоштанд. Ба худ ӯҳдадорӣ нагирифта истодаанд, ки ин мушкилро ҳал кунанд. Вақте як ҳодиса сар мезанад, баъд мегӯянд, писарам чаро чунин шуд? Пеш аз он, ки чунин суол диҳем, бояд писаронро дуруст тарбият кунем.»


Зимнан, дар маҳфили таҷлили Рӯзи оила, муҳаббат ва вафодорӣ дар шаҳри Душанбе сафорати Русия дар Тоҷикистон ба 10 оила, ки беш аз 25 сол бо ҳам зиндагии якҷоя доштаанд, тӯҳфаҳо ва нишони сарисинагӣ тақдим кард.

Бо он, ки оморҳои расмӣ дар бораи зану шавҳарии мардони тоҷик бо миллатҳои дигар дар даст нест, вале гуфта мешавад, садҳо тан дар гӯшаву канори Тоҷикистон ҳастанд, ки хонумашон рус ё аз миллати дигаре аст.

Ҳанӯз ҳам ин раванд, яъне издивоҷи мардони тоҷик бо намояндагони миллатҳои дигар идома дорад ва ахиран издивоҷи духтарҳои тоҷик низ бо намояндагони миллатҳои дуртар аз минтақа ва Русия мушоҳида мешавад. Аммо бинобар буду боши теъдоди бузурги шарҳрвандони Тоҷикистон дар Русия издивоҷи мардҳои тоҷик бо духтарони рус бештар ба назар мерасад.
XS
SM
MD
LG