Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳи ҳалли "ғайримаъмулӣ" барои Ворух


Марзи Исфараву Бодканд. Акс аз январи 2014

Марзи Исфараву Бодканд. Акс аз январи 2014

Мақомот ва коршиносони тоҷик мегӯянд, мушкилоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон роҳи ҳал дорад, вале танҳо дар сурати мурооти манфиати тарафайн.

Қирғизистон пешниҳод дорад, ки барои таъйини хатти марз бо Тоҷикистон ҷонибҳо бояд ягон қарори “ғайримаъмулиӣ”-ро пайдо кунанд.

Ба назар мерасад, мақомоти тоҷику қирғиз аз баҳсҳои тӯлонӣ сари харитаҳои гуногуни давраи шӯравӣ ва наёфтани роҳи созиш хаста шудаанд ва роҳу равишҳое хосеро сари муайян кардани хатти боқимондаи марзи муштарак ҷустуҷӯ доранд.

Абдураҳмон Маматалиев - муовини нахуствазири Қирғизистон дар умури амниятӣ дар мусоҳибааш бо Интерфакс гуфтааст, ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон бояд барои таини хатти марз ягон қарори ғайримаъмулиро пайдо кунанд ва дар ин маврид ба тавофуқ расидаанд. Мақомоти тоҷик то кунун дар бораи чунин тавофуқе суҳбат накарда ва назари худро баён надоштаанд.

Сироҷиддин Аслов - вазири умури хориҷаи Тоҷикистон тайи сафари ахири худ ба Бишкек таъкид карда буд, Душанбеву Бишкек барои поён додан ба ихтилофот бар сари марзи муштарак, бояд иродаи сиёсии ҷиддӣ нишон диҳанд.

Вале назари Бишкек дар бораи “қарори ғайримаъмулӣ” дар таъини хатти марз чӣ маънӣ дорад? Ва чӣ гуна чунин роҳҳое вуҷуд дорад ?

Ҷумъабой Сангинов

Ҷумъабой Сангинов

Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд ва узви комиссияи узви комиссияи байнидавлатии таъин ва аломатгузории марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон мегӯяд, дар марҳалаи кунунӣ мавқеъҳои Тоҷикистону Қирғизистон сари таъини хатти марз бо ҳам фарқ дорад. Ба гуфтаи оқои Сангинов, дар марҳалаи кунунӣ асосан 2 масъала мавриди баррасӣ қарор дорад: “Якум, муайян кардани нуқтаи гузариши роҳи Кӯктош – Оқсой-Тамдиқ, дуюм, дар ҳамин ҳудуд гузаронидани хатти мустақили роҳи Исфара – Ворух, ки имкони равуои озоди сокинони ҷамоати Ворухро фароҳам хоҳад кард. ”

Ҷумъабой Сангинов мегӯяд, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ин масоил мавқеъҳои яксон надоранд. Иттифоқи назари ҷонибҳо бар он аст, ки таъйини хатти печидаи марз бо риояти манфиатҳои ин давлатҳову сокинони марзӣ анҷом бигирад. Вале Қирғизистон, ба гуфтаи ӯ, сари бунёди роҳи Кӯктош - Тамдиқ, бидуни додани роҳи нав ба сокинони Ворухи Тоҷикистон пофишорӣ дорад.

Дар ҳоли ҳозир, аз 971 километр ҳудуди 54 дарсад ё 504 километри хатти марзи ин кишварҳо муайян шуда, 46 дарсадаш, умдатан дар маҳалҳои аҳолинишини Суғду Бодканд номуайян аст.

Лоиқ Маҳкамов, раиси ҷамоати Ворух мегӯяд, барояш маълум нест, ки Қирғизистон аз “роҳҳои ғайримаъмулӣ” чиро дар назар дорад. Вале мегӯяд ӯ: “Мақсади сокинони Ворух яктост: роҳе дошта бошанд, ки тавассути он бо Исфара бемамониат равуо кунанд.”

Яке аз захмиҳои тирпарронии рӯзи 10 июл

Яке аз захмиҳои тирпарронии рӯзи 10 июл

Бино ба маълумоти Лоиқ Маҳкамов, ҷониби Тоҷикистон 4 тарҳи чунин роҳи навро ба Қирғизистон пешниҳод карда буд, аз ҷумла тарҳи роҳеро, ки аз поёнтари роҳи ҳозира, вале бидуни убур аз рустои Оқсойи қирғизнишин мегузарад. Ин роҳ замони шӯравӣ сохта шуда, вале ҳоло тақрибан аз байн рафтааст. Раиси ҷамоати Ворух мегӯяд, барқарор кардани ин роҳ мушкили мардуми Ворухро ҳал мекард ва ба мушкилоти марзӣ дар ин минтақа нуқта мегузошт: “Вале Қирғизистон ба ҷои ин 4 тарҳ хатти дигареро барои сохтани роҳ пешниҳод доранд, ки аз чануби деҳаи Тоҷикон ва Оқсой мегузарад. Вале азбаски ин роҳ аз чанд селроҳаи калон мегузараду бар болои онҳо пулҳо сохтан зарур меояд, сокинони Ворух ин тарҳро қабул надоранд.”

Ба диди мусоҳибам, дар сурати бунёди роҳи нав ва мустақими Ворух - Исфара дар нуқтаи бурриши амудӣ (перпендикулярӣ ) - и он бо роҳи Куктош - Оқсой – Таддиқи қирғизҳо мешавад пуле дуруст кард, ки яке аз роҳҳо аз болои дигарӣ гузарад.

Ҳамин тавр, мушкилоти то ҳанӯз ҳалношудаи бунёди роҳҳои мустақим ва тиҷорати марзӣ, транзити молу коло байни Тоҷикистону Қирғизистон ба гуфтаи таҳлилгарону коршиносон, аз ҷонибҳо ба ҳам наздик кардани мавқеъҳо, гузаштҳо ба ҳамдигар ва кор гирифтан аз роҳҳои наву ғайримаъмулӣ дар ҳалли мушкилоти марзиро тақозо мекунад.

Қаблан бархе сокинони Ворух пешниҳод карда буданд, дар ин вазъи мушкил беҳтар аст Тоҷикистону Қирғизистон бо усули “замин бар ивази замин” мавзеъҳои ба ҳам печидаро байни ҳам тақсим кунанд ва сокинони худро аз ҳазору як мушкили зиндагӣ дар “ҷазираи хушкӣ” халос кунанд.

Баҳром Файзуллоев, таҳлилгари масоили марзии минтақа роҳҳали масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистонро дар созиши раҳбарони ин давлатҳо ва тезондани ҷараёни таъину аломатгузории мразҳо мебинад: “Фурсате расидааст, ки раҳбарони аввали ҳар ду давлат иродаи сиёсӣ нишон диҳанд ва ба ин баҳсҳои марзӣ хотима бахшанд.”

Неъматуллоҳи Мирсаид, таҳлилгари дигари тоҷик мегӯяд, Қирғизистон мехоҳад бо бунёди роҳҳои марзӣ баҳсҳояш бо Тоҷикистон сари таъини хатти сарҳади муштаракро бар манфиати худ ҳал кунад. Ба ақидаи ҷаноби Мирсаид, “роҳи ғайримаъмулӣ”-и ҳалли масоили марзӣ пазируфтанист, агар бар манфиати сокинони марзии ду ҷониб бошад: “Қирғизистон агар хостори таъмини амният дар минтақа бошад, бояд аз таҳаммул кор гирад ва манфиатҳои ҷониби Тоҷикистон ва сокинони марзии онро ҳам риоят кунад. Дар ҳоли ҳозир, ки баҳсҳои марзӣ идома доранд, Бишкек бояд иҷоза диҳад, ки сокинони тоҷику қирғизи маскун дар мавзеъҳои баҳсии марз ҳуқуқи баробар дар истифодаи обу замин ва роҳҳои марзӣ дошта бошанд. ”

Исфара. 10 июл

Исфара. 10 июл

Вале ба назари ҷаноби Мирсаид, дар ҳоли ҳозир, ин таносуб аз ҷониби Бишкек риоят намешавад ва сарҳадбонҳои қирғиз дар минтақаҳои баҳсии сарҳад, умдатан дар атрофи ҷамоатҳои Ворух ва Чоркӯҳи ноҳияи Исфара вазъро таҳти назорати худ даровардаанд ва ба зиндагии озодонаи шаҳрвандони тоҷик халал мерасонанд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Бишкек дар пайи тирпарронии рӯзи 10 июл, ки як сокини Ворухро кушта ва 7 ҳамдеҳаи ӯро захмӣ бар ҷой гузошт, борҳо эълон доштанд, ба зудӣ бунёди роҳи муноқишаангези Кӯктош - Оқсой – Тамдиқро, аз сар хоҳанд гирифт. Қисмате аз ин роҳ аз хоки Ворухи Тоҷикистон мегузарад, ки ин танҳо дар як соли охир боиси чандин муноқиша дар ин қисмати доғтарини марзи ду кишвар шудааст.

XS
SM
MD
LG