Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи замин: Ворух анклав нест (ВИДЕО)


Маҳмадтоҳир Зокиров
Маҳмадтоҳир Зокиров

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон мегӯяд, миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар музокираи Комиссияи муштаарки байни давлатӣ сохтмони роҳҳои алтернативӣ баррасӣ нашудааст.

Маҳмадтоҳир Зокиров, раиси Кумитаи давлатии замин ва геодезияи Тоҷикистон рӯзи 14-уми июл зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти кумитаи мазкур дар нишасти матбуотӣ гуфт, "дар комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки ман низ узви он ҳастам, то ҳол сохтмони роҳҳои алтернативӣ баррасӣ нагардидааст." Аммо ба гуфтаи ҷаноби Зокиров, роҳҳое, ки аз замони Шӯравӣ ҳастанд, бояд ҳамонҳо фаъол шаванд.

Ба таъкиди Зокиров, ҳама масоил аз тариқи музокирот бояд ҳал шаванд: "То имрӯз дар ин комиссиюни муштарак фақат масъалаи роҳҳое баррасӣ шудааст, ки аз замони шӯравианд. Ва имрӯз бо мурури замон шурӯъ аз соли 1924 мо ба он расидем, ки ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби Шӯрои олии ҳамонвақта тасдиқ нагардиданд, ҳамаи он ба дӯши мо омадааст ва мо бояд ин масъаларо ба таври музокирот ҳал кунем."

Ин дар ҳолест, ки Шералӣ Ганҷалиев, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон, як узви дигари комиссиюни муштараки Тоҷикистону Қирғизистон мегӯяд, масъалаи роҳҳои дигар баррасӣ шуда буд, вале тарафҳо ба натиҷае нарасиданд ва барои бозбинии ин масъала мӯҳлат дода шудааст. Ҷаноби Ганҷалиев гуфт: "Мо ба мувофиқа наомадем дар мавриди роҳҳои алтернативӣ, аммо шартнома дар мавриди истифодаи роҳҳои сарҳадиро дидем, як лоиҳа тартиб додем. Аз ҷумла роҳҳоеро, ки оянда сохта мешаванд, низ дидем."

Ин дар ҳолест, ки ҷониби Қирғизистон мегӯяд, баррасии масъалаи сохтмони роҳ дар мавзеъи баҳсбарангез яке аз мавзӯҳои асосии нишасти рӯзҳои 3-4 июли муовини сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев дар Бишкек буд. Абдураҳмон Маматалиев ба дунбол гуфта буд, сохтмони роҳи Кӯктош – Оқсой – Тамдиқ дар мавзеъи баҳсии сарҳади ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон ва ноҳияи Бодканди вилояти ҳамноми Қирғизистон мебоист алакай 10-уми июл шурӯъ мешуд.

Аммо дар музокироти навбатии ҷонибҳо дар шаҳри Қайроқуми вилояти Суғд, ки рӯзи 8 июл доир шуд, ин масъала нотамом монд. Бар илова, дуруст дар ҳамон рӯзи 10 июл дар мавзеи Бедак, як маҳалли баҳсии воқеъ дар марзи ҷамоати Ворух бо ноҳияи Бодканд тирандозие сурат гирифт, ки дар натиҷаи он Сафоиддин Шаропов ном сокини 33-солаи Ворух кушта ва 7 сокини дигари ин ҷамоат,захмӣ шуданд.

Ҷамоати Ворух, ки бо беш аз 30 000 аҳолиаш аз 4 тараф дар дохили қаламрави Қирғизистон мондааст, яке аз доғтарин нуқтаҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор меравад. Аммо Маҳмадтоҳир Зокиров, раиси Кумитаи давлатии замин ва геодезияи Тоҷикистон дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, "ҷамоати Ворух ҳеҷ гоҳ анклав набуд." Ба андешаи раиси кумитаи идораи замин ва геодезӣ, масъала миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамон вақт ҳалли худро пайдо мекунад, ки марзи миёни ду кишвар аломатгузорӣ шавад.

М. Зокиров: Ворух анклав нест
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Ин ду кишвар 971 километр марзи муштарак доранд, ки то имрӯз ҳамагӣ 504 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар пайи як тирпарронии моҳи январи соли равон дар марзи Исфараву Бодканд, ки 2 марзбони тоҷик ва 5 марзбону як милисаи қирғизро захмӣ ба ҷо гузошт, ба хотири ҳалли танишҳо ва суръат додан ба раванди таъин ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон байни ду кишвар 3 гурӯҳи корӣ ташкил шуда буд. Ин гурӯҳҳои корӣ яке бояд ҳамкории ниҳодҳои марзбонӣ, дувумӣ - сохтмон ва баҳрабардории муштарак аз роҳҳои марзӣ ва сеюмӣ - бо ҷалби коршиносон аз кумитаҳои замини ҳарду кишвар - бояд харитаи заминҳои баҳсӣ ва роҳҳои табодули замин ба хотири нуқта гузоштан ба баҳсҳои марзӣ байни Душанбеву Бишкекро таҳия мекард. Тирпарронии рӯзи 11 январ дар ин марз вақте сар зад, ки ҷониби Қирғизистон мехост ба сохтмони роҳи Кӯктош – Оқсой – Тамдиқ дар яке аз минтақаҳои марзии мавриди баҳс шурӯъ кунад.

Раиси Кумитаи идораи замин ва геодезӣ дар посухи суол ба хабарнигорон дар мавриди қонуншиканӣ дар соҳаи заминсозӣ гуфт, ки қонуншиканиҳо дар соҳаи заминсозӣ нисбати солҳои пеш кам шудааст ва дар машварате, ки бо ширкати раисиҷумҳур дар Кохи Ваҳдат гузашт, дастур дода шуд, ки тамоми органҳои ҳифзи ҳуқуқ ва аз ҷумла кумитаи замин сари вақт қонуншиканиҳо дар масъалаи заминро санҷида, ислоҳ кунанд.

XS
SM
MD
LG