Пайвандҳои дастрасӣ

Нашриёту чопхонаҳои марбут ба вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2013 ҳамагӣ 80 номгӯ китоб чоп кардаанд.

Теъдоди умумии нашри китоб дар ин муассисот 160 000 нусхаро ташкил дода, дар 6 моҳи аввали сол онҳо ба маблағи ҳамагӣ ним миллион сомонӣ, ё тақрибан 100 000 доллар ба мардум китоб фурӯхтаанд. Ин омори нигаронкунанда рӯзи 22 июл дар нишасти хабарии вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз забони худи вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ садо дод.

Ба гуфтаи вазири фарҳанг, нашриёти “Адиб”, барои мисол, имсол 22 номгӯ китоб бо теъдоди 39 000 нусха чоп карда, бо кумаки Фонди президентт низ ба маблағи 527 000 сомонӣ китобҳои бадеӣ нашр шудаанд. Ҳамин тавр, имсол ҷилди дувуми Қомуси миллӣ бо теъдоди 5 000 нусха ба дасти хонандагон расидааст.

Ба бовари аҳли фарҳанг, омори чопу фурӯши китоб баёнгари тамоюли дар дасти кам ду даҳаи ахир дар Тоҷикистон шаклгирифтаи китоббезорист. 80 номгӯ китоб барои кишваре ки 8 миллион ҷамъият дорад қатрае дар баҳрро мемонад.


Албатта, дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 86 нашриёт сабти ном шудааст, ки аксарияташ хусусист. Ба гуфтаи ноширон, дар ҳоли ҳозир, таносуби байни муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар бозори табъу нашри китобҳои бадеъӣ тақрибан баробар, яъне 50 ба 50 аст ва саҳми давлатиҳо байни муассисаҳои марбут ба вазоратҳои фарҳанг ва маориф низ тақрибан баробар тақсим мешавад.

Нашриёти “Маориф ва фарҳанг”, ки ахиран аз вазорати фарҳанг ба вазорати маориф вогузор шуд, барои силсилаи “Гулбоғи адаб”, ки барои китобхонаҳои мактабӣ нашр мешаванд, имсол чопи 170 номгӯ китобро дар назар дорад, ки ҳар кадомаш бояд 40 000 нусха нашр шаванд.

Ба ин тартиб, 160 000 нусха теъдоди умумии китобҳои нашршуда тавассути нашриёту чопхонаҳои вазорати фарҳанг ба ин маъност, ки ин вазорат барои ҳар 50 сокини Тоҷикистон дар нимаи аввали сол ҳамагӣ як китоб чоп кардааст. Ва агар ба муассисаҳои ин вазорат тааллуқ доштани чоряки бозори китоби кишвар воқеъият дошта бошад, аз ин бармеояд, ки амалан аз 50 сокини кишвар танҳо як нафараш ва он ҳам ба ҳисоби миёна дар ним сол як китоби чопкардаи вазорати фарҳангро хондааст.

500 000 сомонӣ маблағе ки ин вазорат аз ҳисоби фурӯши китобҳо дар нимаи аввали сол ба даст овардааст, ба гуфтаи аҳли фарҳанг, воқеъияти дигари талхи Тоҷикистонро бозгӯ мекунад. Яъне аз ин рақам бармеояд, ки ҳар сокини Тоҷикистон дар 6 моҳ барои харидани китобҳои чопкардаи вазорати фарҳанг ҳамагӣ ... 6 дирам сарф кардааст. Дар миқёси тамоми бозори фурӯши китоби кишвар ин рақам ба 24 дирам баробар мешавад, ки боз ҳам, албатта, хеле ночиз аст.

Ин дар ҳолест, ки бино ба омори расмӣ, сокинони Тоҷикистон барои гуфтугӯ бо телефонҳои мобил дар сол тақрибан ним миллиард доллар сарф мекунанд, ки ба ҳар сари аҳолӣ тақрибан 60 доллар рост меояд. Яъне харҷи ҳар як нафар дар Тоҷикистон барои сӯҳбат бо телефони мобил назар ба пуле ки як нафар дар ин кишвар барои харидани китоб сарф мекунад, дастикам 600(!!!) маротиба бештар будааст.


Қиёмиддин Сатторӣ

Қиёмиддин Сатторӣ

Қиёмиддин Сатторӣ, муҳаррири нашриёти хусусии “Бухоро” ба Радиои Озодӣ гуфт, чанд омил мардумро дар Тоҷикистон ба харидории китоб камтаваҷҷӯҳ мекунад. Як омили асосӣ, ба назари ӯ, хеле баланд будани нархи китоб аст. Қиёмиддин Сатторӣ мегӯяд, барои мардуме ки қариб нисфаш дар зери хатти фақр ба сар мебарад, аз ҷайб баровардани 40 сомониву 50 сомонӣ барои харидории як китоб каме миёншикан аст.

Омили дигари таъсиргузор ба вазъи бозори китоб омиле ҷаҳонист. Қиёмиддин Сатторӣ мегӯяд, пешрафти фанновариҳо, бахусус Интернет, бисёриҳоро аз харидани китоб бениёз кардааст. Аз тарафи дигар, насли нав мутолиъаи китобро дар муқоиса бо бозиҳои компутарӣ чунон ҷаззоб намебинад, ки наслҳои пешин мешумурданд.

Сабаби дигар дар банди мушкилоти рӯзгор дармондани мардум аст, ки аксараш вақти хондани китоб намеёбанд. Хусусан барои он артиши бузурги муҳоҷирони корӣ, ки беш аз нисфи сол дар хориҷ ва асосан дар Русия мардикорӣ мекунанд.

Дар ҷараёни хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ хусусӣ шудани қариб ҳамаи мағозаҳои китоб низ ба ин раванд таъсири манфӣ доштааст. Дар натиҷа дар Душанбе дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ ду мағозаи комили фурӯши китоб дар қабати аввали идораи "Тоҷиккитоб" боқӣ мондааст ва чанд раставу гӯшаи ангуштшумори дигар дар гӯшаҳои дигари шаҳр.

Растаи фурӯши китобҳои динӣ

Растаи фурӯши китобҳои динӣ

Мушкили дигар марбут ба сифати китобҳоест, ки ба бозор медароянд. Бисёриҳо мегӯянд, аз дасти адибони тоҷик дар ин ду даҳаи охир китобҳое ки воқеъан пурарзишу бозоргир бошанд, камтар берун омадааст. Қиёмиддин Сатторӣ, барои мисол, китобҳои мазҳабиро намуна меорад, ки бо вуҷуди қиматҳои баланд харидори худро доранд ва зиёд дар растаҳои китобфурӯшӣ чанг зада, хоб намераванд.

Оқои Сатторӣ мегӯяд, давлат бояд бо истифода аз ёронаҳо нархи китобро бамаротиб поён биорад, то он барои тамоми қишрҳои ҷомиа дастрас шавад. Василаи дигари эҳёи таваҷҷӯҳ ба китобхонӣ, ба ақидаи ӯ, метавонад кумаки созмонҳои байналмилалӣ бошад. Оқои Сатторӣ гуфт, вазорати маориф, барои мисол, мехоҳад ба зудӣ бо кумаки ЮНИСЕФ - Сандуқи кӯдаки СММ - нашри тақрибан 70 номгӯ китобро ба роҳ монад. Ин силсила, қарор аст, беҳтарин намунаҳои ҳама адабиёти ҷаҳонӣ, ҳам адабиёти классик ва ҳам адабиёти муосири тоҷикро гирд оварда, 10-китобӣ ба ҳар китобхонаи мактаб ба таври ройгон тақсим карда шавад.

Аммо боз ҳам, ба бовари соҳибназарон, фарҳанги китоббезорӣ дар ҷомиаи Тоҷикистон дигар чунон шакл гирифтааст, ки аз байни бурдани ин фарҳанг ва дубора дар зеҳни мардум коштани тухми муҳаббат ба китоб ва ба мутолиа кори андак нест. Барои ин, ба гуфтаи онҳо, танҳо бунёди Китобхонаи миллии муҳташам дар маркази пойтахт кофӣ нест, балки бояд пеш аз ҳама фарҳанги эҳтиром ба саводу донишро эҳё кард, то китоб ва мутолиаву таҳсил дубра дар чашми мардум қурб пайдо кунад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG