Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон дар ҳоле аз афзоиши теъдоди адибон сӯҳбат мекунад, ки ба назари аксар адабиётшиносон кори онҳо чандон муассир набудааст.

Адабиётшиносон мегӯянд, дар солҳои ахир бештар нависандагони ҳаваскор ё ғайриҳирфаӣ рӯйи кор омаданд, ки қурби осорашон бо осори нависандагони ҳирфаӣ яксон нест ва ин ҳама ба завқи хонанда зарба задааст.

Аммо Урун Кӯҳзод, аз ҷумлаи маҳбубтарин нависандаи тоҷик ва собиқ мудири шӯъбаи насри Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, мегӯяд, мушкили иқтисодие, ки баъд аз даргириҳои дохилӣ ҷомеъаи кишварро дунболагир шуд, барои нависандагон ва осори онҳо низ бетаъсир набуд.
Вай бо ишора ба заъфи тарғибу ташвиқи адабиёт баъд аз солҳои навадуми қарни гнузашта гуфт:

“Агар адабиёт тарғибу ташвиқ нашавад ва то гӯши хонанда нарасад, пас, хонанда чи гуна китоб хона два дар ин маврид сӯҳбат кунад. Дигар ин ки китобҳо бо хоанндаҳо дастрас намешавад. Зеро як китоб бо теъждод панҷсад нусха ва ё бештар аз он нашр шаваду он ҳам дар анбори нашриёт “хоб” кунад, баъд аз куҷо уммедвор шавем, ки китоби моро мехоанду дар атрофии он баҳс мекунад? ”

Дар мавриди дигар Урун Кӯҳзод ба заъфи танқиди адабӣ ҳам таъкид мекунад, ки боъис ба рушди ками риштаи наср дар адабиёти тоҷик шудааст. Вай мегӯяд, дар даврони Шӯравии пешин агар як асар рӯйи чоп меомад, ҳатман мунаққидон онро мехонданд ва назари худро дар рӯзномаву маҷаллаҳо чоп мекарданд, ки аз ҳусну қубҳи он бисёриҳо огоҳ мешуданд. Кӯҳзод мегӯяд, риштаи танқиди адабӣ ҳоло тақрибан аз миён рафтааст ва касе аз мунақиддон ин ё он асарро мавриди баҳсу баррасӣ қарор намедиҳад:

‘’Ба мушоҳидаи ман, дар солҳои ахир нақди адабӣ тақрибан ба нобудӣ расидааст. Яъне, китобҳо нақд карда намешаванд. Вақте китобҳо нақд намешаванд, боз ҳамон мушкили бехабарии хонанда дар миён меояд. Бубинед, ҳоло шароите шудааст, ки агар дар Хуҷанд китоб чоп кунанд, Душанбе бехабар мемонад ва ё баръакс”.


Қодири Рустам, адиби тоҷик ва муаллифи китоби “Рӯдакӣ, фаромӯшӣ, Чингизхон ва хар”, ҳам мегӯяд, ҳарчанд дар Тоҷикистон адабиёт ҳаст, аммо раванди адабӣ вуҷуд надорад: “Дар замони Шӯравӣ буд, як китоб навишта мешуд, чоп мешуд ва мунаққидон дар атрофи он мулоҳизаи худро мегуфтанд. Ин раванд акнун ба таври муҷаззоъ боқӣ мондааст. Яъне нависанда китобашро менависад ва дар талоши он мешавад ки аз ҷое пул пайдо созаду онро чоп кунад ва ниҳоятан мекӯшад, ки онро то хонанда расонад”.

Мисли ин ки нависандагон асари худро менависанду чоп мекунанд, аммо намедонанд, барои кӣ навиштаанд ва кӣ бояд асари онҳоро хонад. Ва хонандагон низ намедонанд, ки нависандагон чӣ навиштаанд ва чӣ гуна бояд онро дастрас кард.

Дар ҳамин ҳол, аксар адибон барои рафъи ин мушкил системаи нави паҳн кардани китоб ва фурӯши онҳо дар дӯконҳои китобро пешниҳод мекунанд. Аммо нашриёт ва созмони Тоҷикматбуот мегӯянд, имкони молии чопи бештари китобҳо ва паҳн кардани онҳо дар куллия манотиқи Тоҷикистонро надоранд.

Дар ҳоле ки ба гуфтаи бештари нависандагон дар Шӯравии пешин теъдоди чопи асарҳои адибон то 15 ҳазор нусха буд ва дар манотиқи кишвар тавзеъ мешуд ва афзун бар ин, нависандагон ҳаққуззаҳмати хуб низ дарёфт мекарданд.

Вале Қодири Рустам мегӯяд, насри тоҷик дар рӯёрӯйӣ ба мушкилоти иқтисодиву иҷтимоъӣ куллан футур нарафтааст. Ҳанӯз ҳам дар риштаи наср ба гуфтаи ӯ осори қавӣ ва бақурбе офарида мешаванд, ки нардбони адабиётро барои минбаъда боло мекунанд: “Кам ҳам бошад, нависандагони хубе дорем. Саттор Турсун, Сорбон ва Абдулҳамиди Самад чанд чизи ҷолиб навиштанд. Муттаассифона, мо дигар хонанда надорем. Адабиётро на танҳо адиб ба вуҷуд меорад, балки адабиётро пеш аз адиб хонанда ба вуҷуд меорад”.

Аммо Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи “Фараж” ва муаллифи китоби детективии “Марги журналист”, заъфи насри тоҷикро дар ин мебинад, ки асарҳои имрӯза дархӯри завқи хонандаҳои тоҷик нестанд. Вай мегӯяд, то ҳанӯз дар риштаи наср мавзӯъи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва мушкили иҷтимоъии мардум, ҳамчунин, муҳоҷирати кории тоҷикон дар Русия ва қатлу азияти онҳо таҷассум наёфтааст:

“Аз хонанда набояд гила кард. Агар асар асари хуб бошад, агар асар ба зиндагии мардум наздик бошад, агар асар аз мушкилоти воқеъии ҳаёти имрӯзаи мардум, шурӯъ аз ҷанги шаҳравандиӣ то муҳоҷират, бошад, мардум онро ҳатман мекобанду меёбанду мехонанд. Аз ин рӯ, айбдор кардани мардум ба он ки китоб намехонанд, андешаи норавост”.

Бо ин ҳама, бештари адабиётшиносон мегӯянд, ки то ҳанӯз Баҳманёр, Абдулҳамиди Самад, Урун Кӯҳзод, Ҷонибеки Акобир, Сорбон, Саттор Турсун ва Муҳаммадзамони Солеҳ аз чеҳраҳои асили насрнигори тоҷик эътироф мешаванд, вале дар ин даҳ соли ахир дар Тоҷикистон дар сатҳи инҳо нависандае аз ҳузури худ дарак надодааст…

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG