Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

САҲА парвандаҳои Зайд Саидов ва Шӯҳрат Қудратовро "сиёсӣ" номид


Шӯҳрат Қудратов

Шӯҳрат Қудратов

Маҷмаи порлумонии САҲА аз зиндонӣ кардани Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷик ва аз вазъи озодиҳои шаҳрвандӣ ва риояти ҳуқуқи сиёсӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.

Изабелл Сантос, вакил аз Португалия ва раиси Кумитаи демократия, ҳуқуқи башар ва масоили башарии маҷмаи порлумонии САҲА, бо нашри як баёнияи расмӣ аз ҳукми зиндони вакили дифоъ Шӯҳрат Қудратов нигаронӣ кард ва ҳамчунин эълони иттиҳомоти нав алайҳи Зайд Саидов, вазири собиқи саноати Тоҷикистонро дорои ангезаҳои сиёсӣ хондааст.

Ричард Солаш, сухангӯи Маҷмаи порлумонии САҲА рӯзи 26-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, хонум Изабел Сантос ин амалкарди ҳукуматро дар остонаи интихоботи порлумонӣ танқид карда ва аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, таъқиби дигарандешон дар кишварро бас кунад. Изабелл Сантос гуфтааст: “Дар арафаи интихоботи порлумонӣ, дар замоне, ки Тоҷикистон мебоист, доир ба ояндаи беҳтари кишвар ба муколамаи озод пардозад, ингуна амалкардҳо озодиҳои сиёсӣ, мустақилияти додгоҳҳо ва волоияти қонун дар Тоҷикистонро зери суол мебарад.”

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 13-уми январ Шӯҳрат Қудратовро, бо иттиҳомоти ришвахорӣ ва миёнаравӣ барои ришва додан ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Азбаски ин вакили шинохта, дар парвандаҳои ҳассоси сиёсӣ аз ҳуқуқи афроди шинохта, аз ҷумла Зайд Саидов, вазири собиқи саноат, ҳимоят кардааст, ба додгоҳ кашидани ӯро дорои ангезаҳои сиёсӣ ва талоши ҳукумати Тоҷикистон барои хомӯш кардани дигарандешон медонанд.

Шӯҳрат Қудратов, муовини раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, як ҳизби мухолифи давлат аст ва дар гузашта пайваста амалкардҳои ҳукуматро дар матбуот бо як лаҳни тунд танқид мекард. Ӯро моҳи июли соли 2014 дастгир ва моҳи январ ба 9 соли зиндон маҳкум карданд.

Шӯҳрат Қудратов бештар аз ҳама зимни ҳимояти ҳуқуқи Зайд Саидов, вазири собиқи саноат дар додгоҳ, бо фошгӯиҳояш мақомоти расмиро асабонӣ кард. Зайд Саидовро, ки азм дошт, ҳизби наверо бо номи ҳизби Тоҷикистони нав таъсис диҳад, бо гуноҳҳои сангине аз ҷумла, ришвахорӣ ва таҷовуз ба номус, сарпечӣ аз пардохти андоз моҳи декабри соли 2013 ба 26 соли зиндон маҳкум карданд.

Изабелл Сантос, раиси Кумитаи демократия, ҳуқуқи башар ва масоили башарии Маҷмаи порлумонии Шӯрои Аврупо зимни баёнияи расмиаш гуфтааст, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд аз таъқиби фаъолони сиёсӣ даст кашад ва бигзорад, ки онҳо оромона ба корашон идома диҳанд: “Чунин талошҳо барои хомӯш кардани ҳомиёни ҳуқуқ ва мунтақидон бояд қатъ шавад. Барои бунёди як давлати демократии комёб фаъолони сиёсӣ, вакилони мудофеъ, ҷомеаи маданӣ бояд имкон дошта бошанд, ки бетарсу ҳарос аз таҳдиду таъқиб кор кунанд."

Вай афзудааст, ки Маҷмаи порлумонии Шӯрои Аврупо ин парвандаҳо ва парвандаҳои ҳамсон дар Тоҷикистонро дар оянда ҳам аз наздик назорат мекунад. Дипломати португалӣ ҳамчунин ба бандҳои Эъломияи Шӯрои Аврупо дар Боку аз соли 2014 ишора кардааст, ки Тоҷикистон ҳам зери он имзо гузошта ва аҳд додааст, ки тамоми ӯҳдадориҳояш барои риояти комили ҳуқуқи инсон, озодиҳои аслӣ, демократия ва волоияти қонунро иҷро мекунад.

Дар воқеъ нозирони Маҷмаи порлумонии Шӯрои Аврупо шеваи баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистонро назорат мекунанд ва теъдоде аз онҳо аз ҳоло дар Душанбеанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG