Пайвандҳои дастрасӣ

Сафир: "Кишварҳои ОМ ба якдигарфаҳмӣ наздик мешаванд" ВИДЕО


Аз чап: Невен Мимика, Федерика Моғеринӣ, Ерлан Идрисов, Ерлан Абдилдаев, Сироҷиддин Аслов, Рашид Мередов ва Абдулазиз Комилов

Аз чап: Невен Мимика, Федерика Моғеринӣ, Ерлан Идрисов, Ерлан Абдилдаев, Сироҷиддин Аслов, Рашид Мередов ва Абдулазиз Комилов

Дар шаҳри Брюссел рӯзи 4 октябр муовини президенти Комиссияи Аврупо Федерика Могеринӣ ва Комиссионери ҳамкориву рушди байналмилалӣ Невен Мимика бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфтугӯ карданд. Дар ин нишаст ҳамаи панҷ вазири хориҷӣ – Ерлан Идрисов аз Қазоқистон, Ерлан Абдилдаев аз Қирғизистон, Сироҷиддин Аслов аз Тоҷикистон, Рашид Мередов аз Туркманистон ва Абдулазиз Комилов аз Узбакистон иштирок доштанд.

Дар изҳороти ниҳоии худ Фередика Могеринӣ гуфт, "Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи Аврупову Осиё ҷойгир аст ва барои Иттиҳодияи Аврупо, воқеан, ҳам муҳим мебошад.

Ба ҳангоми баррасии масоили обу энержӣ эҳсос мешуд, ки кишварҳо ба тафоҳуми бештар наздик мешаванд.

Дар ҳамкории тарафҳо имкониятҳои дастнохӯрдаи хеле зиёд аст, ки бахши сармоягузориву тиҷорат, инфрасохтор ва ё ҳамкориҳои миёни мардумро дар бар мегирад". Вай гуфт, ин ҳамкориҳои амалкунанда бахшҳои зиёд, аз ҷумла таҳдидҳои амниятиро дар бар мегирад. "Дар оянда, - гуфт ӯ, - ҳамкориҳои бештар дар бахши иқтисод ва рушд хоҳад буд". Комиссионер Мимика гуфт, "дар нишасти имрӯза ҳамкорони Осиёи Марказӣ омодагии бештари худро ба хотири ҳамкорӣ ва натиҷаи хуб ба намоиш гузоштанд".

Ширкатдорон, инчунин, мувофиқа карданд, ки дар амри иҷрои ин ҳама ҳадафҳо набояд дар бораи мудирияти дуруст, аз ҷумла, ҳимояи ҳуқуқи башар, озодиҳои бунёдӣ, волоияти қонун ва ҳамчунин бунёди ҷомеаи демократӣ фаромӯш шавад.

Раҳматуллозода: Оҳанги баррасиҳои имрӯза аз гузаштаҳо фарқ мекард"

Сафири Тоҷикистон дар Брюссел Эркинхон Раҳматуллозода дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, эҳсос мешуд, мулоқоти 4 октябр аз музокироти гузаштаи ҳамсон тафовутҳое дорад. Ба гуфтаи ӯ, ба фарқ аз музокироти гузашта, имсол дар ин нишаст худи вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок доштанд, на сафирон ё муовинони вазирони ин кишварҳо.

Илова ба ин, гуфт ӯ, чунин ба назар мерасид, ки кишварҳои минтақа зарурати ҳамкориҳои наздик ба хотири манфиатҳои худ ва ҳамсояҳоро бештар дарк мекунанд. Яке аз пешниҳодҳои ҷаласа ин шуд, ки дар оянда вазирони иқтисоди ин кишварҳо ҳам ба ин шакл мулоқоту гуфтугӯ кунанд.

Вай гуфт, як бахши муҳими ҷаласаи имрӯза ба барномаҳои рушд марбут буд, ки ҳамкориҳоро дар бахши обу энержӣ, нақлиёту мухобирот, беҳдошту маориф ва рушди деҳот дар бар мегирад. Ба қавли сафир, ҳангоми баррасии масоили обу энержӣ эҳсос мешуд, "кишварҳо ба тафоҳуми бештар наздик мешаванд". "Ҳама ба ин назаранд, ки мо бояд ба нафъи минтақа кор кунем, манофеи ҳама кишварҳоро ба эътибор гирем ва ба фоидаи кулли кишварҳо ва минтақа кор кунем", - гуфт ӯ.

Ба қавли сафир, бахусус дар робита бо "он чи ки масъалаҳои ҷанҷолӣ мегуфтем, ҳама ба ин назаранд, ки бояд онҳоро ҳарчи зудтар ҳал кунем". Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи он ки манзур тарҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғун аст, ки мухолифи аслиаш ҳукумати Узбакистон мебошад? – сафир гуфт, "маъмулан дар чунин ҷаласаҳо ҳеҷ кас номи ингуна проектҳоро намегирад, вале ҳама мефаҳмад, ки гап дар бораи чӣ меравад". Вай гуфт, баъзе кишварҳо ба масъалаи обу энергетика "аз даричаи муҳити зист нигоҳ мекунанд" ва ҷониби Туркманистон, ки соли оянда раиси хазинаи "Арал" мешавад, пешниҳод кард, ки ҷаласаи вазирони ҳифзи муҳити зист ҳам баргузор шавад. Дар маҷмӯъ, гуфт сафир, дар муқоиса бо нишастҳои гузашта, "оҳанги баррасиҳои имрӯза аз гузаштаҳо фарқ мекард, ин як умеди нек аст".

Нахустин сафари Комилов ба ИА баъди марги Каримов

Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ОМ, аз ҷумла Узбакистон бо намояндагони Аврупо барои аввалин бор баъди марги президент Ислом Каримов дар таърихи 2 сентябри соли ҷорӣ баргузор мешавад. Қабл аз сафар ба Брюссел, рӯзи 29 сентябр Абдулазиз Комилов, вазири хориҷаи Узбакистон барои як мулоқоти корӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе рафт ва бо пахши изҳороте гуфт, ки Узбакистон омода аст, равобит бо ҳамсояи наздиктарини худро беҳбуд бахшад.

Мулоқоти Раҳмон ва Комилов дар Душанбе

Мулоқоти Раҳмон ва Комилов дар Душанбе

​Ӯ гуфт, ин кишвар омода аст барои ҳалли масоили мавриди назари ду кишвар, аз ҷумла обу энержӣ, нақлиёт, парвозҳову убури марз ва ғайра иқдом кунад. Коршиносон мегӯянд, ки мақомоти Узбакистон ба раҳбарии Шавкат Мирзиёев, муддаии аслии курсии президентӣ дар моҳи декабри имсол, эҳтимол тавонад дар сиёсати беруна ва ҳамкориҳо бо ҳамсояҳои наздик дар минтақа ислоҳоте ҷорӣ кунад, то ки масоили мавриди ташвиши 25 соли охир андаке сабук ва таҳрир шавад.

"Чолишҳои муштарак бо Аврупо"

Бахши муҳими дигари ҷаласаи вазирони хориҷаи ОМ ва ИА, ба қавли сафир Эркинхон Раҳматуллозода, масоили амниятӣ, муборизаи муштарак бар зидди чолишҳои ягонаи мисли ифротгароиву терроризм, ҷилавгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба ҷангҳо дар қаламравҳои зери назари ДИИШ буд. "Фикр мекунам, ки амалиёти террористие, ки дар Брюсселу Париж рух доданд, дарку вокуниши онҳоро нисбати ин ҳодисаҳо тағйир додааст, фаҳмиши онҳоро дигар кардааст. Ва ин ҳам умеде барои ҳамкориҳои хубро бештар мекунад», гуфт ӯ.

Рӯзи 5 октябр дар Брюссел ҳайати вазирони корҳои хориҷии ОМ қарор аст дар конфронси кӯмаки байналмилалӣ ба Афғонистон ҳам иштирок кунанд. Дар ин ҷаласа қарор аст президенти ин кишвар Ашраф Ғанӣ ва мақомоти дигар ҳозир шаванд.

Мулоқоти гузаштаи вазирони хориҷаи ОМ ва ИА соли гузашта дар Қазоқистон ҷараён гирифт ва музокироти навбатӣ соли 2017 дар Ӯзбакистон барпо мешавад. Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ки барои рушди минтақа дар солҳои 2014-2020 ба ин кишварҳо 1 миллиард евро маблағро ихтисос медиҳад, ки барои бахшҳои амнияту рушд равона мешавад. Аз ин маблағҳо 250 миллион евро ба Тоҷикистон ихтисос дода мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG