Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳоле ки мақомоти ширкати "Барқи тоҷик" расман ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро эълон накарданд, вале сокинон мегӯянд, ки ҳамагӣ дар як шабонарӯз барояшон то ҳафт соат рӯшноӣ дода мешаваду бас.

Тибқи иттилои Иттиҳодияи истеъмолгарон тақрибан 2 ҳафтаи ахир дар тамоми Тоҷикистон маҳдудияти барқ шуруъ шудааст ва сокинон дар шабонарӯз тақрибан 7 соат барқ мегиранду бас.

Ҳокима Шарипова, сокини деҳаи Арбобхотуни ноҳияи Рӯдакӣ, рӯзи 26 октябр гуфт, ки ду ҳафта боз бо маҳдудият нерӯи барқ мегиранд ва касе далелашро шарҳ намедиҳад. Ӯ гуфт, “барои мисол, ҳамин рӯз ҷомашӯӣ буд. Маҷбур шудам дар дег об гарм карда, сару тани шавҳар ва писари маъюбамро шустам. Либосҳояшонро шустам. Аҳволи мо ҳамин аст.”

Ҳокима дар тӯли рӯз барои шавҳар ва писари маъюбаш чанд дафъа ғизои гарм низ медиҳад. Бо иллати бебарқӣ ӯ маҷбур аст, ҳар бор зери дег оташ гиронад ва хӯрок гарм кунад. Аммо бо ин ҳам мушкили сардии манзилаш ҳал намешавад. Зеро Ҳокима бо 380 сомонӣ маоши фаррошӣ имкони харидани ҳезум ва ангишти зиёдро надорад.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Бар изофа аз 1 ноябри имсол қимати барқ дар Тоҷикистон аз 12 дирам то 14,6 дирам барои як киловат соат боло хоҳад рафт. Ҳокима Шарипова мегӯяд, “агар то саҳар кӯрпаро ҳам, ки ба болояш бор кунам, меларзад, зеро як тарафаш фалаҷ аст. Доду вой мегӯяд, лекин чӣ кор кунам? Илоҷ надорам. Зимистон дар пеш аст. Фикри онро кардан зарур аст.”

Маҳдудияти барқ кӯдаконро маҷбур кардааст, ки дар рӯшноии хираи шамъ ба дарсҳо омода шаванд. Зеро дар соатҳои башуморе, ки ба хона барқ меояд, бояд ғизо хӯранд ва корҳои дигарашонро анҷом диҳанд. Ғозӣ Давлатов, сокини дигари ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, “бо коғазу хас оташ мегиронем. Инсоф доранд ё не масъулон, хӯҷаинҳои барқ? Наход дар маҳаллаи наздики Душанбе 2 соат ё 3 соат барқ диҳанд. Мо дар марзи шаҳри Душанбе ҳастем, ба ҳисоби шаҳр дохил мешавем.”

Иттиҳодияи истеъмолкунандагони Тоҷикистон ҳар сол таъмини сокинонро бо нерӯи барқ назорат ва натиҷаи ҳаррӯзаи онро дар сомонаи Barknest.tj нашр мекунад. Тибқи иттилои ин иттиҳодия тақрибан 2 ҳафтаи ахир дар тамоми Тоҷикистон маҳдудияти барқ шуруъ шудааст ва дар минтақаҳо сокинон дар шабонарӯз ба тақрибан 7 соат барқ дастрасӣ доранд.

Фаридун Шоинбеков, ҳамоҳангсоз оид ба нерӯи барқ дар Иттиҳодияи истеъмолкунандагони Тоҷикистон гуфт, “дар сомонаи Barknest.tj инчунин тугмачаҳое ҳастанд, ки бо пахш карданаш метавонед саволу дархости худро пешниҳод кунед. Баъзе дархостҳое ҳастанд, ки ба мо ворид мешаванд ва барои ҳалли масъала онро ба “Барқи тоҷик” ва дигар зерсохторҳои ширкат дар минтақаҳо мефиристем.”

Аммо масъулони ширкати “Барқи тоҷик” аз ҷорӣ шудани маҳдудияти расмӣ дар интиқоли барқ суҳбат намекунанд ва масъулонаш танҳо мегӯянд, ҳар сол дар ҳамин давра дар шабакаҳои барқ корҳои профилактикӣ гузаронда мешавад. Посухе, ки сокинони бебарқи кишварро дар ин шабу рӯз ба ҷои таскин бахшидан, баръакс, асабонитар мекунад. Ин ширкат, ки ислоҳоти эҳтимолии он солҳо боз вирди забонҳо аст, дар қарз ғӯтида то ҳол натавонистааст, тақсими барқро дар кишвар ба танзим дарорад.

Ғозӣ Давлатов

Ғозӣ Давлатов

Тоҷикистон як кишвари шодоби минтақаи Осиёи Марказӣ номбар мешавад, вале сокинони он дар 25 соли ахир барқи кофӣ надоранд. Мақомоти кишвар ҳалли мушкили энергетикиро ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун вобаста медонанд, ки бинобар мушкилот бо кишварҳои поёноб сохтмонаш чанд сол ба мушкил печида буд.

Тобистони имсол ҳукумати Тоҷикистон қарордоди сохтмони обанбори Роғунро бо як ширкати итолиёвӣ ба имзо расонд ва ин ширкат гуфт, ки сохтмони нерӯгоҳ то охири соли равон сар шуда, марҳила ба марҳила то 11 сол идома хоҳад кард. Қаблан, Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ гуфта буд, ки чархаи аввали Роғун дар соли 2018 ба кор медарояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG