Пайвандҳои дастрасӣ

Cокинони бархе манотиқи рустоӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки тайи 24 соати гузашта нерӯи барқ дар манзилҳояшон қатъ нашудааст.

Тайи шабонарӯзи гузашта сокинони бархе манотиқи рустоии Тоҷикистон бидуни маҳдудият, барқ дастрас кардаанд. Бархе аз сокинон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар як шабонарӯзи гузашта нерӯи барқ ба манзилҳояшон қатъ нашудааст. Аз ҷумла сокинони ноҳияҳои Ёвон, Ашт, Ғончӣ ва Исфара шаби гузашта пурра бо барқ таъмин будаанд.

Аммо ба гуфтаи сокинони баъзе аз манотиқи вилояти Хатлон ва чанде аз ноҳияҳои Суғд, шабонарӯзи гузашта ҳамагӣ 19 соат барқ дарёфт кардаанд ва аз соати 12-и шаб то 5-и субҳ нерӯи барқ дар манзилҳои онҳо хомӯш шудааст.

Мақомоти ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи 24-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ хабари лағви пурраи маҳдудияти барқрасониӣ дар саросари кишварро таъйид ва ё рад накарданд. Аммо масъулони ин ширкат рӯзи 19-уми феврал гуфта буданд, ки имкон дорад ҳафтаи оянда маҳдудияти интиқоди нерӯи барқ ба таври комил аз байн бардошта шавад.

Лимит ё маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ҳамасола дар фасли тирамоҳ – зимистон, аз моҳи октябр то апрел ба сабаби камбуди тавлиди нерӯи барқ гирифта мешавад. Тибқи арзёбиҳои мутахассисон, камбуди тавлиди нерӯи барқ дар фасли тирамоҳ ва зимистон ҳудуди 4 миллиард киловат соатро ташкил медиҳад.

Тоҷикистон, ки дар фасли зимистон ба тақрибан 2,5 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ эҳтиёҷ дорад, ҳар сол аз моҳи октябр то моҳи май маҷбур мешавад, нерӯи барқро ба аҳолӣ ва корхонаҳо бо лимити хеле шадид тақсим кунад. Ба истиснои Душанбе ва чанд маркази саноатии дигар, боқӣ манотиқи Тоҷикистон дар рӯз ҳамагӣ чанд соат нерӯи барқ мегиранд.

Вазъ фақат дар вилояти Бадахшон фарқ мекунад, ки аз ибтидои солҳои 2000-ум бо супурдани нирӯгоҳи Помир-1 ва шабакаҳои барқаш ба Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи Оғохон, шабакаҳои барқи ин вилоят аз ширкати давлатии "Барқи Тоҷик" комилан ҷудо амал мекунанд ва бино ба мониторинги сомонаи "Барқ нест", навоҳии ин вилоят ҳатто дар авҷи фасли сармо аз 18 то 24 соат дар шабонарӯз бо барқ таъмин будаанд. Аммо имсол ба далели гармтар омадани фасли зимистон лимити барқ аллакай аз миёнаҳои моҳи январ сабуктар шуд.

Тоҷикистон танҳо илоҷи раҳоияш аз бӯҳрони нирӯи барқро дар сохтани нирӯгоҳи Роғун мебинад. Дар соли 2010 ҳукумат барои шурӯи мустақилонаи сохтмони ин нирӯгоҳи барояш ҳаётан муҳим аз аҳолӣ ва ширкатҳо 186 миллион доллар ҷамъ овард, вале маъракаи пуриддаояш дар атрофи Роғун ба мухолифати шадиди кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ, бахусус Узбакистон рӯбарӯ шуд. Кишварҳои поёноб тарс доранд, ки бунёди нирӯгоҳҳои азим дар кишварҳои саргаҳи оби минтақа заминҳои кишти кишварҳои поёобро беоб хоҳад гузошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG