Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мардуми Исроил барои парлумони нав овоз доданд


Рӯзи сешанбе, 22-юми январ, исроилиҳо парлумони нави ин кишварро интихоб намуданд.

Пешбинӣ мешавад, ки дар натиҷаи ин овоздиҳӣ мавқеи сарвазири Исроил Бенямин Натаняҳу боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад шуд. Натаняҳу субҳи барвақт дар яке аз ҳавзаҳои интихоботӣ раъй дода, ба хабарнигорон гуфт, ки “мехоҳем, Исроил комёб шавад. Аз ин рӯ, ба эътилофи Дикуд-Бейтену овоз медиҳем. Чанде ин эътилоф бузургтар бошад, комёбии исроилиҳо ҳамон қадар бештар хоҳад буд. Ҳамаи аъзои оилаам бо ман мувофиқанд.”

Натаняҳу умедвор аст, дар ин интихобот эътилофи ҳизби ростгарои Ликуди зери раҳбарии ӯ ҳамроҳ бо ҳизби дунявии Исроил Бейтену пирӯзӣ ба даст меоранд, вале дар муқоиса бо интихоботи пештара наздик ба даҳ курсиро аз даст медиҳанд.
Кнесет ё худ парлумони Исроил аз 120 курсӣ иборат ва то кунун ягон ҳизб дар танҳоӣ 61 курсии парлумонро касб накардааст.

Бенямин Нетаняҳу (чап) ва Нафтали Бенет (рост)

Бенямин Нетаняҳу (чап) ва Нафтали Бенет (рост)

Дар пурсишҳои пешазинтихоботӣ аксари назардиҳандагон гуфтаанд, воқеан, Натаняҳу ягон алтернатива надорад ва ӯ ҳамроҳ бо ҳизбҳои динӣ эътилофи ҳокимро ташкил хоҳад дод. Чаҳор сол пеш Натаняҳу бо мавқеи шадидаш дар муқобили фаластиниҳо сари қудрат омад, вале ҳамзамон зери фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт.

Ҳоло иқтисоди рӯ ба рукуд ва касри буҷа (бюҷет) ҳукуматро дар вазъи ногувор қарор додааст ва шояд ҳукумати нави Исроил ба афзоиш андоз маҷбур шавад. Аз сӯе ҳам Исроил таҳдид кардааст, ки дар ҳоли идомаи барномаи ҳастаии Теҳрон болои коргоҳҳои ҳастаии Ҷумҳурии исломӣ ҳамла хоҳад кард. Чунин ҳамла метавонад бо посухи шадиди Эрон мувоҷеҳ кунад.

Дар ин интихоботи рӯзи сешанбе, 22-юми январ, шореҳон ба имконоти ҳизбҳои тозабунёдшуда ва аз ҷумла гурӯҳи миллатгарои Хонаи яҳудии зери раҳбарии Нафтали Бенет баҳои баланд медиҳанд. Бенети 40-соларо ситораи саҳнаи сиёсии Исроил меноманд. Ӯ асосан аз пуштибонии яҳудиёни ҷавон ва ба вижа яҳудиёни Шӯравии собиқ баҳраманд аст.

Баъд аз овоздиҳӣ дар ҳавзаи интихоботӣ Раанана Бенет гуфт: “Ҳадафи мо иттиҳоди давлати Исроил - иттиҳоди мардуми диндор, бедин, дунявӣ, диндорони ашаддӣ, арабҳо, яҳудиён - хуллас, ҳамаи сокинони ин кишвари бузург аст.” Тибқи пешбиниҳо Хонаи яҳудии Бенет эҳтимол то 15 курсии парлумонро касб намояд, ки дар муқоиса бо се курсии интихоботи соли 2009 ба қадри қобили мулоҳиза бештар аст. Бар илова, ин курсиҳо метавонанд дар муайян намудани эътилофи пирӯз нақши муҳим бозанд.

Аз дастовардҳои Бенет шояд арабҳо хушҳол нашаванд, зеро ваъда додааст, ки “ҳаддалимкон бар зидди ташкили давлати фаластинӣ дар хоки Исроил” мубориза хоҳад бурд.
XS
SM
MD
LG