Пайвандҳои дастрасӣ

"Агар"-ҳои истода дар роҳи оташбаси Исроилу Ҳамос


Вазири хориҷаи Амрико ором кардани низоъ байни Исроилу ҷангиёни Ғазаро муҳим хонд.

Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон шаби сешанбе дар Байтулмуқаддас ором кардани низоъ байни Исроил ва Ҳамос дар сарзаминҳои фаластинии навори Ғазаро муҳим номид. Клинтон гуфт, ӯ бо “паёми рӯшан”-и раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар мавриди ҳимояти “муҳкам” ва “қотеъ” аз ҳаққи Исроил ба дифоъ аз худ ба Байтулмуқаддас омадааст.

Клинтон ба хатми мушакборони Исроил даъват карда, гуфт, ӯ бо ҷонибҳо дар минтақа, аз ҷумла имрӯз дар мулоқот бо раисиҷумҳури Миср Муҳаммад Мурсӣ дар Қоҳира, рӯи оташбаси “собит”-е кор хоҳад кард, ки амнияти сокинони ҷануби Исроил ва беҳбуди шароити рӯзгори аҳли Ғазаро замонат дода битавонад: “Дар рӯзҳои оянда Амрико бо шариконамон дар Исроил ва саросари минтақа рӯи натиҷае кор хоҳад кард, ки амниятро барои мардуми Исроил таҳким бахшида, шароити мардуми Ғазаро беҳтар кунад ва сӯи як сулҳи фарогир барои тамоми мардуми минтақа барад.”

Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу, ки дар канори Клинтон сӯҳбат мекард, низ аз ҳалли дипломатии низоъ ҳимоят кард, вале афзуд, Исроил ҳамчунин барои дифоъ аз худ низ тадобири лозимро хоҳад андешид: “Агар имкони расидан ба ҳалли даромуддати ин мушкил бо роҳҳои дипломатӣ бошад, мо ба он бартарӣ медиҳем. Вагарна, ман мутмаинам, шумо мефаҳмед, ки Исроил бояд тамоми тадбирҳои лозим барои дифоъи мардумашро бияндешад.”

Қарор аст, хонум Клинтон имрӯз аз Ромуллоҳ – маркази маъмурии ташкилоти худгардони Фаластин дар каронаи бохтарии рӯди Урдун ҳам дидан кунад.

Сафари вазири хориҷаи Амрико ба Ховари Миёна дар ҳолест, ки аз хушунатҳои ахир байни Исроил ва ҷангиёни навори Ғаза як ҳафта мегузарад. Дар ин муддат дастикам 120 фаластинӣ ва 5 исроилӣ кушта шуданд. Дирӯз бар асари ҳамлаи мушакӣ аз навори Ғаза як сарбози 18-солаи исроилӣ ва як мулкӣ ба ҳалокат расиданд. Ин нахустин низомии Исроил аст, ки дар низоъи ахир ҷон додааст. Як сухангӯи артиши Исроил бидуни бурдани ном гуфт, ки ҳарду дар наздикии марзи Исроилу Ғаза ҷон бохтаанд.

Бо ин ҳол, сухангӯи давлати Исроил Марк Регев эълони оташбаси зудрас бо Ҳамосро пеш аз вақт номид ва гуфт, амалиёти низомии Исроил дар Ғаза дар баробари талошҳои дипломатӣ идома хоҳад ёфт. Сухангӯи Ҳамос қаблан гуфт, ҷангиёни Ғаза ва Исроил бо миёнҷигии Миср ба оташбас аз соати 12 шаб ба вақти маҳаллӣ тавофуқ кардаанд. Раисиҷумҳури Миср Муҳаммад Мурсӣ низ аз имкони эълони чунин оташбас ҳарф зада буд. Мурсӣ гуфт, мутмаин ҳаст, ки талошҳо барои расидан ба оташбас байни фаластиниҳову исроилиҳо то поёни сешанбе самараи мусбат хоҳад дод.


Сарвазири Исроил ва дабири кулли СММ дар Байтулмуқаддас

Сарвазири Исроил ва дабири кулли СММ дар Байтулмуқаддас

Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дирӯз баъд аз мулоқот бо дабири кулли СММ Бан Ки Мун дар Байтулмуқаддас гуфт, кишвараш шарики ҳар навъ роҳиҳалли дарозмуддат дар буҳрони Ғаза хоҳад шуд. Аммо ӯ ҳушдор дод, ки кишвараш дар ғайри сурати пайдо шудани роҳи дипломатии хатми мушакандозии фаластиниҳо, ба дифоъ аз худ идома хоҳад дод: “Агар роҳи ҳалли даромуддат аз тариқи роҳҳои дипломатӣ ба даст биояд, Исроил дар он сурат шарики хоҳишманди чунин роҳи ҳалл хоҳад шуд. Вале агар барои хатми борони доимии мушакҳо иқдомоти низомӣ зарур шавад, Исроил аз анҷоми тадбирҳои лозим барои дифоъи мардумаш парҳез нахоҳад кард.”

Бан Ки Мун, ки дар чорчӯби талошҳои байналмилалӣ ба манзури хатми як ҳафтаи набардҳо байни Исроилу Ҳамос ба минтақа сафар кардааст, Ҳамосро барои ҳамлаҳои мушакӣ маҳкум кард, вале аз Исроил ҳам хост, то “ҳадди аксари хештандорӣ” нишон дода, аз амалиёти эҳтимолии заминӣ эҳтиёт кунад: “Дар ҳоле ки мушакҳои Исроил мавқеъҳои низомӣ дар дохили Ғазаро ба ҳадаф доранд, мардуми мулкиро куштаву захмӣ мекунанд ва иншооти мулкиро хароб месозанд. Талафоти мулкӣ ба ҳеҷ сурат қобили қабул нест. Истифодаи беш аз ҳадди нирӯ ғайриқонунист ва бояд радд шавад.”

Бо ин ҳол, субҳи сешанбе дабири кулли Лигаи Араб Нобил Арабӣ ба нишони ҳамбастагӣ бо Ҳамос вориди Ғаза шуд.
XS
SM
MD
LG