Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8 санги зериобии интихоботи Украина


Интихоботи президентии Украина сангҳои зериобие ҳам дорад, ки шояд барои бисёриҳо маълум нестанд. Вале ин сангҳои зериобӣ метавонанд дар таносуби нирӯҳо дар ин маърак анақши муҳим дошта бошанд.

Бо вуҷуди 18 номзад дар интихоботи рӯзи 25 майи раёсатҷумҳурии Украина азз ҳоло маълум аст, ки дар даври якуми интихобот миллиардер ва молики корхонаҳои шоколадсозии “Рошен” Петро Порошенко бар сарвазири собиқ Юлия Тимошенко бо касби овози бамаротиб бештар дастболо мешавад. Вале интихоботи Украина чизҳое ҳам дорад, ки шумо шояд надонед.

1.“Инқилоби норанҷӣ” хидмати фақат Тимошенко нест

“Инқилоби норанҷӣ”-и соли 2004 дар Украина бештар бо номи Виктор Юшенко, ки дар натиҷаи он эътирозҳо ба мақоми президентии Украина расид, ва Юлия Тимошенко – сарвазири баъдӣ дар ҳукумати ӯ – маъруф аст. Вале Петро Порошенко, миллиардер ва соҳиби корхонаҳои шоколадсозии “Рошен”, ки ҳоло муддаии асосӣ дар интихоботи рӯзи 25 май маҳсуб мешавад, бо сармояе ки дошт ва ҳам бо шабакаи телевизионии “Канали 5-ум”-аш аз маблағгузорони асосии он “инқилоб” ба шумор меояд. Ӯ аз ёронии наздики Виктор Юшенко буд ва талоши зиёде ҳам ба харҷ дод, то бо истифода аз ин муносибот ба курсии сарвазирӣ бирасад.

http://www.rferl.org/content/article/1056820.html

Юшенко(аз чап) ва Порошенко
Юшенко(аз чап) ва Порошенко
Аммо Юшенко баъди пирӯзӣ Порошенкоро танҳо раҳбари Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъ таъин карда, сарвазириро ба Тимошенко дод. Ҳарчанд олигархҳои вақти Украина, бо шумули Порошенко ин “онуми хушкокул”-ро чандон хуш надоштанд. Ҷанҷоли ҳарду дар соли 2005 боис шуд, ки Юшенко ҳам Тимошенко ва ҳам Порошенкоро аз мақом биронад. Аммо Порошенко ёри наздики Юшенко боқӣ монд ва ҳатто падари таъмидии Евгения ва Александра, ду духтари хурдии раисиҷумҳури собиқ мебошад.

2.Тимошенко танҳо касе нест, ки бо Русия кор карда метавонад

Юлия Тимошенко, бо вуҷуди саҳмаш дар «инқилоби норанҷӣ» ва лаҳни рӯ ба Ғарбаш, аз қадим равобити кории хубе бо Кремл дошт. Ӯ лақаби «маликаи газ»-ро дар солҳои 90 маҳз барои воридоти гази Русия соллҳиб шуда буд. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин низ соли 2009 баъди имзои қарордоди газ бо Тимошенко, ки он замон сарвазир буд, аз ӯ тавсиф карда буд, ки бо Тимошенко кор кард «осон» аст. Зимнан, барои имзои ҳамин қарордод ду сол баъд раисиҷумҳури баъдии Украина Виктор Янукович Тимошенкоро ба зиндон андохт.

Чанде пеш Тимошенко алайҳи истифодаи нирӯ ба зидди ҷудоиталабон дар шарқи Украина ҳушдор дод. Ин сарусадоҳоеро ба вуҷуд овард, ки Тимошенко дигарбоа вориди «бозиҳои Путин» шудааст.

Аммо Порошенко ҳам, ки аз замони Леонид Кучма дар маъмурияти тамоми раҳбарони Украина кор кардааст, низ новобаста ба фазои сиёсӣ дилёб аст. Яке аз бузургтарин корхонаҳои «Рошен»-и ӯ дар ҷануби Русия амал мекунад.

Аммо азбаски дар Украина эҳсосоти зиддирусӣ боло мегирад, ҳарду номзад талош мекунанд, то равобити худ бо Кремлро ночизтар ва худро ватандӯст нишон диҳанд.

Барои мисол, дар Интернет навори як сӯҳбати телефонии Тимошенко нашр шуд, ки дар он «маликаи газ» ба решакан кардани тамоми русҳо аз Украина даъват мекунад.

Русия қаблан барои қариб як сол воридоти маҳсулоти корхонаҳои «Рошен»-ро манъ карда буд ва Порошенко ин «ҷанги тиҷорӣ»-ро барои боло бурдани эътибори сиёсиаш дар Украина истифода бурд. Порошенко ахиран дар Харков гуфт, «ин манъкунӣ нишон медиҳад, ки ман кори дуруст мекунам. Ин тасдиқ мекунад, ки сиёсати ман рӯ ба Украина аст.»


3.Даври дуюм метавонад ба фоидаи …Тимошенко шавад

Назарсанҷии ахири Сандуқи «Ташаббусҳои демократӣ»-и Киев ва Маркази назарсанҷии Разумков нишон дод, ки Порошенко 44,6 дарсад ва Тимошенко ҳамагӣ 8,4 дарсад овоз ба даст меоранд. Яъне зоҳиран барои пирӯзии Порошенко дар даври аввал чизе дар ҳудуди ҳамагӣ 5,5 фоиз камӣ мекунад.

Аммо дар сиёсати Украина «падидаи Тимошенко» ҳам ҳаст, ки тибқи он, ӯ маъмулан дар ҳар интихобот назар ба назарсанҷиҳо 15 дарсад раъйи бештар мегирад. Яъне овозҳое ки рӯзи 25 май Тимошенко ба даст меорад, метавонад хеле бештар ва аз Порошенко баръакс хеле камтар шавад. Дар даври дувум интихобкунандагон дар шарқи Украина метавонанд ба Тимошенко бартарӣ диҳанд, чунки ӯ зодаи Днепропетровск ва ба ин мардум наздиктар аст.


4. Фирори Порошенко аз баҳсҳои телевизионӣ

Тимошенко дар Черниҳив
Тимошенко дар Черниҳив
Порошенко аз баҳсҳои мустақим бо рақибонаш, аз ҷумла бо Тимошенко даст кашидаасмт. Ӯ гуфта, ки намехоҳад бахше аз «мазҳакаи харидашуда» бошад. Порошенко, албатта, гуфт, ки агар кор ба даври дувум бикашад, бо Тимошенко ба баҳс хоҳад рафт. Вале Тимошенко бо изҳори хашм аз чунни «бепарвоӣ» аз Порошенко талаб карда буд, ки мардона ва дар ҳамин даври аввал бо ӯ ба баҳси мустақим биравад. Тимошенко гуфт, «Порошенко то ҳол дар ягон баҳс ширкат накардааст. Медонед, сабабаш чист? Тарс! Тарс аз посух додан ба пурсишҳои мардум.»

5.Масъалаи ҳамҷинсгароӣ…

Порошенко дар ҷараёни корзори интихоботиаш ахиран дар Денпропетровск зери фишори як интихобкунанда изҳор дошт, ки мухолифи ақди никоҳи ҳамҷинсгароён аст. Назари Тимошенко ба ҳамҷинсгароён маълум нест, вале дасти рости ӯ – сарвазир Арсений Ятсенюк соле пеш гуфта буд, ки ӯ ҳамчун «месеҳии католик» наметавонад ақди никоҳи ҳамҷинсгароёнро бипазирад.

6. Интихоботи Украина номзадҳои дигар ҳам дорад

Барои ширкат дар интихоботи рӯзи 25 майи раёсатҷумҳурии Украина 18 номзад сабти ном шудаанд. Шарҳи ҳоли номзадҳои дигар инҷост:

http://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%9F%D1%80%D0%B5%D0%B7%D0%B8%D0%B4%D0%B5%D0%BD%D1%82%D1%81%D0%BA%D0%B8%D0%B5_%D0%B2%D1%8B%D0%B1%D0%BE%D1%80%D1%8B_%D0%BD%D0%B0_%D0%A3%D0%BA%D1%80%D0%B0%D0%B8%D0%BD%D0%B5_(2014)

7. Оғоз ё поёни роҳи сиёсиии Кличко?

Виталий Кличко
Виталий Кличко
Рӯзи 25 май метавонад оғози марҳалаи наве дар зиндагии сиёсии қаҳрамони собиқи бокси ҷаҳон Виталий Кличко шавад. Кличко, ки яке аз номзадҳои умда ба мақоми президентии Украина ба шумор мерафт, ба таври ногаҳонӣ аз пешбарии номзадиаш ба фоидаи Порошенко даст кашид ва худро дар интихоботи шаҳрдори пойтахт, Киев номзад кард. Киев аз замони барканории Леонид Черноветский дар соли 2010 раҳбари мунтахаб надошт. Вале ин мақом дар Украина то ҳол танҳо ба маънои поёни роҳи сиёсӣ будааст, чунки баъ аз суқути Шӯравӣ ягон шаҳрдори Киев ба мақоми баландтар дар сатҳи Украина даст наёфтааст.

Маълум нест, ки оё Кличко метавонад ин муодилаи сиёсиро тағйир диҳад. Дар ҳар сурат, ӯ ба сокинони пойтахт ваъда додааст, ки дар Киевв аквапарк ва «Диснейленд» хоҳад сохт.

http://korrespondent.net/ukraine/3366412-stolychnyi-nokaut-chto-hotovyt-klychko-dlia-kyeva

8. Ин ҳама шояд аҳамият ҳам надошта бошад

Аз 3 номзади асосӣ дуяш миллиардер ва сеюмаш миллионеранд. Ҳарсе номзад – Петро Порошенко, Юлия Тимошенко ва муовини собиқи сарвазир дар ҳукумати Януукович Сергий Тигипко - беш аз 10 сол боз ба сиёсат машғуланд ва ба ин далел шояд натавонанд талаби Евро-майдон дар бораи ислоҳоти куллиро иҷро кунанд. Аз як сӯ захми куштори 100 эътирозгар дар Киева ҳанӯз шифо наёфтааст ва аз сӯи дигар, президенти нав маҷбур мешавад, билофосила ба истиқрори сулҳу субот дар вилоятҳои ҷудоиталаби шарқи Украина бипардозад. Болои ин ҳама, норозигӣ аз мақомот барҷой мондаву бӯҳрони иқтисодӣ ҳам ҳаст, ки гиребони Украинаро ҳанӯз сар надодааст. Ин ҳама таҳлилгаронро ба андешае бурдааст, ки баъди интихоботи 25 май ҳам беназмиҳо дар Украина идома хоҳанд ёфт ва шояд алакай то зимистон Евро-майдони Киев шоҳиди мавҷи нави эътирозҳо хоҳад шуд.

Украина дар чунин шароите рӯзи 25 май интихоботи президентиашро доир мекунад. Бо умеди хатми бӯҳронҳои давомдор ва расидан ба сулҳу субот.
XS
SM
MD
LG