Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин гирдиҳамоии зидди ҷудоиталабон дар Донетск (ВИДЕО)


Дар шаҳри Донетск, ки аз авоили моҳи апрел дар дасти ҷудоиталабони тарафдори Русия ғарор дорад, бори аввал раҳпаймоии зидди ҷудоихоҳон барпо шуд?

Рӯзи 20 май бо даъвати сарватмандтарин марди Украина Ринат Ахметов дар шаҳри ошӯбзадаи Донетск эътирози сулҳомезе алайҳи ҷудоиталабони тарафдори Русия доир шуд. Ҳудуди 400 фаъол футболкаҳои тими футболи “Шахтёр”-и Донетск, ки низ ба Ринат Ахметов тааллуқ дорад, дар варзишгоҳи “Донбасс-Арена” гирди ҳам омаданд.

Ин ҳамоиш ба дунболи баланд шудани садои сирена аз корхонаҳои саноатии сершумори марбут ба Ахтмеов дар саросари минтақа оғоз ёфт. Мошинҳои раҳгузар дар Донетск низ ба нишони ҳамраъйӣ ба эътирози зидди ҷудоиталабоне, ки дар моҳи апрел дар ин минтақа “Ҷумҳурии мардумии Донетск”-ро таъсис доданд ва ҳоло барои пайвастан ба Русия азм кардаанд, сигналҳои худро баланд карданд.
Дар варзишгоҳ бори дигар паёми телевизионии Ринат Ахметов пахш шуд. Ахметов, ки дар Донетск ба сар мебарад ва аксари корхонаҳову ширкатҳояш низ дар шарқи Украина ҷойгир шудаанд, шаби 19 май дар ин паёмаш алайҳи ҷудоиталабон гуфт, “мардум аз зиндагӣ дар шароити тарсу террор хаста шудаанд.” Ӯ ҳушдор дод, ки аъмоли ҷудоиталабони тарафдори Русия, биноҳои давлатӣ дар чандин шаҳр дар шарқи Украинаро тасарруф кардаанд, метавонад мунҷар ба “генотсид” шавад.

Ринат Ахметов ҳамчунин гуфт, чирикиҳо коре барои ин минтақа накардаанд, вале ҳоло даст ба “бандитизм ва ғоратгарӣ” мезананд. Миллиардери рақами яки Украина аз корхонаҳои металлургие, ки таҳти назорати ӯ қарор доранд, даъват кард, то зӯҳри 20 май, баробари баланд шудани садои сирена дар саросари минтақа, ба “эътирозҳои осоишта” шурӯъ кунанд. Ахметов гуфт, “миллионҳо нафар дар саросари Донбасс ба ин эътирозҳо ҳамроҳ хоҳанд шуд.”

Ринат Ахметов, ки ҷамъи дороиҳояшро 12 миллиард доллар баровард мекунанд, дар шарқи Украина даҳҳо корхонаҳои бузурги ангишту металлургӣ ва тими футболи “Шахтёр”-и Донетскро дар ихтиёр дорад. Ахметов дар гузашта аз ёрони наздики раисиҷумҳури собиқи Украина Виктор Янукович ба шумор мерафт, вале дар ҷараёни эътирозҳое ки мунҷар ба барканории Янукович шуд, аз ин муттаҳиди собиқаш ҳимоят накард.

Даъвати Ринат Ахметов ба эътирозҳо алайҳи ҷудоиталабони тарафдори Русия дар ҳолест ки “Меинвест”, гурӯҳи молии марбут ба ин миллиардер ҳафтае пеш Киевро ҳушдор дода буд, то амалиёти “зиддитеррор”-ашро дар вилоятҳои ошӯбзадаи шарқи Украина бас кунад. Корхонаҳои марбут ба Ринат Ахметов ҳатто бо ҷудоиталабон ҷиҳати ташкили ҳайатҳои муштараки дидбонӣ тавофуқ баста буданд.
Ринат Ахметов бо раисиҷумҳури собиқи Украина Виктор Янукович
Аммо нозирони умур мегуфтанд, ки Ринат Ахметов аз талотуми ахири ҳодисот, бахусус азми ҷудоиталабон барои пайвастан ба Русия чандон розӣ нест. Ба гуфтаи таҳлилгарон, Ахметов, албатта, мехоҳад ки Донбасс аз ҳукумати марказии Украина мухторияти бештар ба даст биорад. Чунин сурати ҳол ин миллиардерро амалан ба ҳокими мутлақи ин минтақа табдил медиҳад. Вале Ринат Ахметов дар ҳеҷ сурат, ба ақидаи нозирони умур, тарафдори зери пои раисиҷумҳури Русия Владимир Путин мондани Донбасс ва худи ӯ нест.

Дар чунин сурат манофеи молии худи Ахметов низ метавонад дар як шароити осебпазир қарор бигирад, зеро қарори маълум, Путин миллиардерҳои мустақил ва саркашро хуш надорад ва Ахметов баъди солиёни ҳукмронии мутлақ бар Донбасс, албатта, моил нест, ҳукуматашро бо ҳар каси дигар, ҳатто бо Путин , тақсим кунад.

Артиши Русия аз марзи Украина 10 километр дур рафтааст

Ҳамзамон, вазорати дифои Русия рӯзи 20 май хабар дод, ки нирӯҳояш ба хуруҷ аз вилоятҳои бо Украина ҳаммарзи Брянск, Белгород ва Ростов омодагӣ мегиранд. Як рӯз қабл раисиҷумҳури Русия Владимир Путин фармон дод, ки нирӯҳои артиш бо анҷоми машқҳо аз манотиқи ҳаммарз бо Украина ба пойгоҳҳои доимиашон баргарданд.

Хабаргузориҳои Украина аз қавли Серҳий Астахов, як мақоми хадамоти марзбонии ин кишвар хабар дод, ки Маскав ҳамаи нирӯҳояшро дастикам 10 километр аз марзи Украина дуртар бурдааст. Ба ҳисоби паймони низомии НАТО, Русия то 40 000 нирӯҳояшро дар тӯли марз бо Украина ҷамъ оварда буд.

Бо ин ҳол, даргириҳо байни нирӯҳои далатӣ ва ҷудоиталабон дар шарқи Украина, аз ҷумла дар Словянск ҳамоно идома дорад:

Украина аз поёни моҳи феврал баъди суқути раисиҷумҳури рӯ ба Русияаш Виктор Янукович ба бӯҳрони амиқе фурӯ рафт, ки истиқлол ва якпорчагии ин кишвари пасошӯравиро зери суол бурдааст. Русия дар моҳи март вилояти аксаран русзабони Қрими Украинаро ба қаламрави худ ҳамроҳ кард. Аз оғози моҳи апрел вилоятҳои низ умдатан русзабони шарқи Украина талаби истиқлол мекунанд. Дар ду вилояти шарқи Украина аз таъсиси “Ҷумҳурии мардумии Донетск” ва “Ҷумҳурии мардумии Луҳанск” хабар дода, рӯзи 11 май дар ин ду минтақа аз сӯи ҳокимони худхондаи ҷудоиталабаш ба гунаи Қрим ба ном раъйпурсиҳое доир карданд. Ба ҳисоби ҷудоиталабон, дар ин ба ном раъйпурсимҳо дар Донетск қариб 90 дарсад ва дар Луҳанск 96 дарсади мардум гӯё аз истиқлоли ин ду минтақа ҳимоят кардаанд.

Ҳукумати Украина аз 15 апрел алайҳи ҷудоиталабон дар шарқи ин кишвар амалиёти "зиддитеррор"-еро ба роҳ андохтааст, вале то ҳол ин амалиёт натиҷаи чандоне надодааст.

Даъвати Ринат Ахметов ба эътирозҳои осоишта алайҳи ҷудоиталабон дар ҳоле садо медиҳад, ки рӯзи 19 май Кремл аз фармони Владимир Путин хабар дод, ки аз нирӯҳои Русия хостааст, то бо анҷоми машқҳои низомӣ дар вилоятҳои бо Украина ҳаммарзи Ростов, Белгород ва Брянск ба пойгоҳҳои доимии худ баргарданд. НАТО ва Амрико мегӯянд, ҳанӯз аломатҳои хуруҷи нирӯҳои Русия аз ин марзҳоро мушоҳида накардаанд, вале ҳамзамон бо нашри фармони хуруҷи нирӯҳо, тавре ба назар мерасад, лаҳни телевизионҳои расмии Русия низ нисба ба ҷудоиталабони Луҳанску Донетск тағйир ёфта истодааст. Гӯяндаҳои телевизионҳои Русия чанд рӯзи охир онҳоро ҳокимони “худхонда”-и “Ҷумҳурии худхондаи мардумии Донетск” ва “Ҷумҳурии худхондаи мардумии Луҳанск” ном мегиранд. Чизе ки қаблан дида намешуд.

Аммо ҳанӯз маълум нест, ки оё ин тағйири лаҳни телевизионҳо баёнгари бозбинии сиёсати Кремл дар қиболи ҷунбишҳои ҷудоиталабӣ дар шарқи Украина аст ё танҳо як ислоҳи зоҳир? Ва оё мавзеъгирии ахири Ринат Ахметов, ки то кунун ба истилоҳ “ҳам дар наъл мезаду ҳам дар пошна” то куҷо ба ин боди наве ки аз Кремл мевазад, илҳом гирифтааст.

Рейтинги номзадҳо ба президентии Украина (ИНФОГРАФИКА)

Як назархоҳӣ дар Украина нишон медиҳад, ки дар байни номзадҳо ба интихоботи президентии ин кишвар молики ширкати шоколадҳои "Рошен" Петро Порошенко пешсаф аст.

Пажӯҳишгоҳи байналмилалии сотсиологии Киев дар як назархоҳии саросарӣ аз 29 апрел то 11 майи соли 2014 назари 2 022 нафарро дар 110 минтақа дар саросари Украина (ба истиснои Қрим) пурсидааст. Суол ин аст, ки агар интихобот рӯзи 11 май мегузашт, шаҳрвандони Украина ба кӣ овоз медоданд?

Маълум мешавад, бештар аз ҳама дар ҳоли ҳозир байни мардум Петро Порошенко - молики ширкати шоколадҳои "Рошен" - маҳбубият доштааст. Беш аз сеяки пурсидашудаҳо гуфтаанд, дар интихобот ба ӯ овоз медиҳанд. Қаҳрамони собиқи бокси ҷаҳон Виталий Кличко, ки яке аз номзадҳои умда ба ин мақом маҳсуб мешуд, ҳанӯз қабл аз оғози корзори интихобот номзадиашро ба фоидаи Порошенко пас кашид ва ин омил низ дар боло рафтани рейтинги "султон"-и бозори шоколади Украина мусоидат кард.

Рақиби асосии Порошенко - сарвазири собиқи Украина Юлия Тимошенко - бино бар ин назархоҳӣ, дар ҳоли ҳозир аз пуштибонии ҳамагӣ зери 6 дарсади мардум бархӯрдор будааст. Вале Тимошенко мегӯяд, ин назарсанҷиҳоро махсус ва ба хотири бо роҳҳои сунъӣ боло бурдани рейтинги Порошенко месозанд ва ин пурсишҳо назари воқеъии мардумро инъикос намекунад. Дар ҳар сурат, ба бовари ӯ, иродаи воқеъии мардум рӯзи 25 май дар интихоботи раёсатҷумҳурии Украина маълум хоҳад шуд, ки Украина тарафдори кист?


НАТО: Нирӯҳои Русия то ҳол дар марзи Украинаанд
Дабири кулли паймони НАТО мегӯяд, то ҳол шавоҳиде ба даст наомадааст, ки дар воқеъ аз пас кашида шудани нирӯҳои Русия аз наздикии марзҳояш бо Украина дарак диҳад. Андерс Фоғ Расмуссен рӯзи 19 май дар Брюссел гуфт, ин паймон, ба таъбири ӯ, “мутаассифона”, то ҳол “умуман ягон шаҳодат” ба даст наовардааст, ки дар ҳақиқат пас кашида шудани нирӯҳои Русия аз наздикии марзҳояш бо Украинаро собит кунад.

Гузашта аз ин, Расмуссен гуфт, “таҷовуз”-и Русия алайҳи Украина идеяи бунёдӣ – “ҳаққи кишварҳои соҳибистиқлол ба интихоби роҳи пешрафти онҳо”-ро ба чолиш мекашонад. Дабири кулли НАТО гуфт, ин паймон “барои расидан ба ҳадаф – сохтани Аврупои комил, озод ва амн роҳи тӯлониеро тай кард”, вале ҳифзи ончиро ки ба даст овардааст, замонат дода наметавонад. Ба гуфтаи ӯ, Аврупо дар ҳоли ҳозир ба вазъи комилан ҷадиди амниятие рӯбарӯ шудааст, ки “камтар қобили пешбинӣ ва бештар хатарнок шудааст.” Расмуссен гуфт, НАТО акнун ба хотири расидагӣ ба муҳити нави амниятӣ ба бозбинии барномаҳои дифоияш пардохтааст.


Русия ақиб нишаст?
Сӯҳбатҳои дабири кулли НАТО дар ҳоле садо медиҳанд, ки субҳи 19 май Кремл дар бораи фармони раисиҷумҳури Русия Владимир Путин хабар дод, ки ба нирӯҳои кишвараш амр мекунад, то бо анҷоми машқҳои низомӣ дар марзи Украина ба пойгоҳҳои худ баргарданд. Дар баёнияе, ки рӯзи 19 май нашр шуд, Кремл мегӯяд, нирӯҳое, ки дар “машқҳои баҳории барномарезишуда” дар вилоятҳои Ростов, Белгород ва Брянск ширкат доштанд, амр гирифтаанд, ки ба пойгоҳҳои доимии худ баргарданд.

Сухангӯи Кремл дар айни замон аз Киев даъват кардааст, то амалиёти “зиддитеррор” алайҳи ҷудоиталабонро дар шарқи Украина қатъ карда, низ нирӯҳояшро аз он манотиқ берун бикашад. Хуруҷи нирӯҳои Русия аз наздикии марз бо Украинаи ошӯбзада аз ҷумла талабҳое буд, ки мақомоти Киев ва кишварҳои Ғарб аз замони оғози ошӯбҳо дар шарқи Украина пайваста пеши Русия мегузоштанд.

Нирӯҳои Русия

Нирӯҳои Русия

Ҳанӯз маълум нест, ки фармони Путин бозгашти чӣ миқдор нирӯҳои Русияро дар назар дорад, вале ба ҳисоби паймони низомии НАТО, дар тӯли марз бо Украина, бештар дар ҳудуди вилояти бо Украина ҳаммарзи Ростов, то 40 000 нирӯҳои Русия ҷамъ шудаанд. Мақомоти низомии Русия тавҷеҳ мекарданд, ки ин нирӯҳо ба хотири ширкат дар машқҳои густардаи низомӣ, ки гӯё ҳанӯз қабл аз бӯҳрони Украина барномарезӣ шуда буд, ба ин манотиқ басиҷ шудаанд.

Аммо дар Киев ва Ғарб нигарон буданд, ки таҷаммӯъи ин нирӯҳо ба манзури эъзоми баъдии онҳо ба шарқи Украина барои пуштибонӣ аз нирӯҳои ҷудоиталаби тарафдори Русия аст, ки бовар меравад, таҳти ҳимоят ва ҳидояти Русия меҷанганд. Мояи ин нигаронӣ айни сенарияест, ки Русия дар моҳи март барои тасарруфи Ҷумҳурии мухтори Қрими Украина истифода бурд.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 7 май дар мулоқот бо раиси давраии САҲА Дидйе Бурхалтер гуфт, ки машқҳои низомӣ дар манотиқи ҳаммарз бо Украина анҷом шудаву нирӯҳои Русия алакай ба пойгоҳҳои худ баргаштаанд. Аммо паймони низомии НАТО ва Амрико ба дунбол изҳор доштанд, ки ягон аломати хуруҷи нирӯҳои Русия аз марз бо Украинаро намебинанд, балки баръакс ин нирӯҳо ҳамчунон дар ҳолати омодабош боқӣ мондаанд.

Украина аз поёни моҳи феврал баъди суқути раисиҷумҳури рӯ ба Русияаш Виктор Янукович дар натиҷаи се моҳи гиридиҳамоиҳои эътирозӣ ба бӯҳрони амиқе фурӯ рафт, ки истиқлол ва якпорчагии ин кишвари пасошӯравиро зери суол бурдааст. Русия дар моҳи март бо ишғоли қаламрав ва баргузории як раъйпурсӣ вилояти аксаран русзабони Қрими Украинаро ба қаламрави худ ҳамроҳ кард.
Ҷудоиталабони тарафдори Русия дар Словянск

Ҷудоиталабони тарафдори Русия дар Словянск

Аз оғози моҳи апрел вилоятҳои низ умдатан русзабони шарқи Украина талаби истиқлол мекунанд. Дар ду вилояти шарқи Украина аз таъсиси “Ҷумҳурии мардумии Донетск” ва “Ҷумҳурии мардумии Луҳанск” хабар дода, рӯзи 11 май дар ин ду минтақа аз сӯи ҳокимони худхондаи ҷудоиталабаш ба гунаи Қрим ба ном раъйпурсиҳое доир карданд. Ба ҳисоби ҷудоиталабон, дар ин ба ном раъйпурсиҳо дар Донетск қариб 90 дарсад ва дар Луҳанск 96 дарсади мардум гӯё аз истиқлоли ин ду минтақа ҳимоят кардаанд.

Ҷудоиталабони Донетску Луҳанск мегӯянд, баргузории интихоботи рӯзи 25 майи раёсатҷумҳурии Украинаро дар ҳудуди ин ду вилоят иҷозат нахоҳанд дод, чунки ба гуфтаи онҳо, “Украина барои мо дигар як кишвари ҳамсоя аст.” Аммо Амрикову Аврупо Русияро ҳушдор додаанд, ки агар бо роҳҳое монеъи баргузории интихоботи президентии Украина шавад, бар иловаи се даври таҳримоти алакай алайҳаш ҷоришуда, ба таҳримоти боз ҳам бештару ба гуфтаи як мақоми амрикоӣ, “ин бор хеле дардовар” рӯбарӯ хоҳад шуд.

Фармони Владимир Путин ҷиҳати хуруҷи нирӯҳои Русия аз марз бо Украина ва он ҳам дар фосилаи ҳамагӣ 6 рӯз аз интихоботи Украина аз ҳамин зовия қобили арзёбист ва Маскав гӯё нишон медиҳад, ки тамоми талошашро барои оддӣ сохтани вазъ дар ин кишвари ҳамсоя ба харҷ медиҳад. Вале Путин ҳамин тавр, рӯзи 7 май аз ҷудоиталабони Донетску Луҳанск хоста буд, то рӯзи 11 май раъйпурсӣ барпо накунанд.

Ҷудоиталабон ин хоҳишро гӯё рад карданд ва райъпурсиҳо доир шуд. Ва Маскав ҳам алакай рӯзе баъд эълон кард, ки “ба изҳори иродаи мардум дар Донетску Луҳанск эҳтиром мегузорад” ва Киев бояд акнун бо намояндагони ин манотиқ бар пояи натоиҷи ҳамин назархоҳиҳо вориди музокирот шавад. Аз ин нигоҳ, фармони хуруҷи нирӯҳои Русия ҳам метавонад як бозии дигар чун “хоҳиш”-ҳои қаблии Путин аз ҷудоиталабон бошад, ки “мо ҳарчӣ гӯем ё нагӯем, шумо кори худро кардан гиред.” Пас фармони хуруҷи нирӯҳои Русия низ фақат вақте метавонад ҷиддӣ гирифта шавад, ки ин нирӯҳо ба пойгоҳҳои худ баргарданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG