Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истисмор"-и 8 бангладешӣ дар... Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар Тоҷикистон алайҳи як шаҳрванди Бангладеш бо иттиҳоми истисмори як гурӯҳи ҳамватанонаш парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Як манбаъ дар сохторҳои интизомии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин фардро ба он муттаҳам мекунанд, ки 8 нафарро аз Бангладеш ба Тоҷикистон оварда ва дар сохтмонҳои Душанбе "ғуломвор" кор фармудааст. Мусоҳиби Радиои Озодӣ исми шаҳрванди Бангладешро ошкор накард, вале гуфт, ки ӯ ҳамватанонашро бо ваъдаи ҷойи кору музди хуб дар Русия, ба Тоҷикистон оварда ва сипас дар сохтмонҳои шаҳри Душанбе "бераҳмона" истисмор кардааст.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ нақл кард, ки ин нафар баъди гирифтани раводид дар фурудгоҳ, шиносномаҳои ҳамаи онҳоро кашида мегирад ва баъд ба сохтмонҳои мухталиф рафта, ин бангладешиҳоро бе ягон қарордод ва санадҳои лозимӣ ба кор мемонад.

Ӯ афзуд, ки "ҳамон нафар муҳоҷирони бангладеширо аз соати 7 субҳ то соати 7 шом кор мефармуд ва баъзеашонро аз 4 то 5 моҳ кор фармуда, танҳо маоши думоҳа ва онро ҳам фақат 250-долларӣ медодааст. Ҳарчанд дар оғоз ба онҳо ваъда кардааст, ки музди корашон аз 500 то 600 доллар хоҳад буд.”

Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, фарди муттаҳам истисмори муҳоҷирони кориро ҳамингуна идома медиҳад ва дар ниҳоят, яке аз онҳо ба ҷон расида, аз ӯ мехоҳад, то пули кору дигар хароҷот ва шиносномаҳояшонро баргардонад. Аммо дар посух корфармои бангладешӣ ин муҳоҷирро ба ҳадде латукӯб мекунад, ки дастонаш мешиканад. Баъди ин муҳоҷирони бангладешӣ аз ин рафтори ҳамватани худ ба як созмони ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон муроҷиат мекунанд, то ба додашон бирасанд.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ ба далели халал наафтодан ба раванди тафтишот номи ин созмонро ифшо накард. Аммо гуфт, ин муҳоҷирони корӣ шикоят кардаанд, ки барои омадан ба Тоҷикистон замину моликият ва ё хонаҳои худро фурӯхта, ба фарди миёнарав 5000-долларӣ додаанд.

Гуфта мешавад, қазияи истисмори муҳоҷирони кории бангладешӣ дар Тоҷикистон то ба Кумиссиюни мубориза бо қочоқи инсон дар кишвар ва ҳам ба дасти Созмони байналмилалии муҳоҷират расидааст.

гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, бар асоси тамоми далелҳо, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ муҳоҷирони бангладеширо “қурбонии қочоқи инсон” медонанд, зеро онҳоро бо фиреб ба Тоҷикистон оварда, "ғуломвор" истифода кардаанд. Як нафар дар дафтари душанбегии Созмони байналмилалии муҳоҷират вуҷуди ин парвандаро таъйид кард. Айни замон ин муҳоҷирони бангладешӣ дар Душанбе будаанд ва ба корашон идома медиҳанд.

Агарчӣ истисмори меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия як кори маъмулист, аммо чунин рафтор бо муҳоҷирони хориҷӣ дар Тоҷикистон то кунун сабт нашуда буд. Бино ба гузоришҳо, дар сохтмонҳои шаҳри Душанбе даҳҳо нафар аз Бангладеш кор мекунанд.

Парвандаи мазкур дар ҳоле ошкор шуд, ки рӯзи 8 октябр дар пойтахти кишвар натиҷаҳои барномаи Тоҷикистон барои мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон дар солҳои 2011-2013-ро баррасӣ мекарданд.
XS
SM
MD
LG