Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳодисаҳои одамрабоӣ ва ба вижа қочоқи занҳову духтарони тоҷик умдатан дар кишварҳои Русия, АМА, Қазоқистон ва Покистон рух додааст.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимов баъд аз ширкат дар ҷаласаи Маҷлиси Намояндагон ба муносибати тасвиби созишномаи ҳамкории кишварҳои ҳамсуд дар мубориза бо қочоқи инсон ба хабарнигорон гуфт, мақомоти интизомии кишвар чанд аз гурӯҳи ҷиноятпешаро, ки бо қочоқи инсон машғул буданд, боздошт ва хунсо кардаанд.

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба таъйиди коршиносон, афрод ва ё гурӯҳҳои машғул ба одамрабоӣ ва тиҷорати инсон, аз масирҳои нав истифода карда ва доманаи ҷуғрофиёи фаъолияти худро густариш медиҳанд. Қочоқи духтарон ва ноболиғони тоҷик ба мамолики хориҷӣ аз чандест, ки ба воситаи Русия сурат мегирад ва гурӯҳҳои қочоқбар ин кишварро ба унвони кишвари тронзитӣ истифода мекунанд.

Гулчеҳра Иброҳимова, намояндаи Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон гуфт, ки боз будани роҳи сафари Русия сабаб шудааст, ки қочоқи инчон ба воситаи ин кишвар афзоиш ёбад. Вай афзуд, мақомоти тоҷик барои сафари афрод ба Русия монеа эҷод намекунанд. Дар ҳоле, ки, барои мисол, сафари духтари тоҷик ба Бишкек мавриди шубҳа ва тафтиш қарор мегирад: “Занҳову духтарҳои мо ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия мераванд. Аз он ҷо онҳоро бо фиреб ва ваъдаҳои дурӯғ ба Туркия ва Дубай мебаранд.”

Коршиносон мегӯянд, ташдиди қавонини Тоҷикистон дар робита ба одамрабоӣ гурӯҳҳои қочоқчиро водор кардааст, ки аз раванди бидуни назорати муҳоҷирати кории аҳолӣ ба Русия сӯиистифода кунанд. Ба гуфтаи коршиносон, то ҳамин авохир масири асосии гурӯҳҳои қочоқбар аз тариқи кишвари ҳамсояи Қирғизистон мегузашт.

Хонум Иброҳимова афзуд, зери назорати шадид қарор гирифтани ҷиноёти вобаста ба қочоқи инсон аз сӯи давлати Тоҷикистон аз қонуни ахири афв низ бармеояд, ки маҳкумшудаҳои ин навъи ҷиноят шомили он нашуданд.

Аммо бо ин вуҷуд ҳодисаҳои қочоқи духтарон ва ноболиғони тоҷик ба хориҷ аз кишвар дар ҳоли афзоиш будааст. Ва сангинтар кардани муҷозот низ натавонистааст пеши ин равандро бигирад. Бархе аз коршиносон мегӯянд, сабаби асосии коҳиш наёфтани ин ҳодисаҳо ба авзои иҷтимоӣ ва иқтисодии хонаводаҳо марбут аст.

Ҳуринисо Ғаффорзода

Ҳуринисо Ғаффорзода

Ҳуриниссо Ғаффорзода, масъули як созмони иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, бекорӣ ва шароити ногувори оила аз як сӯ ва ваъдаҳои «таъмини ҷойи кори хуб ва пули зиёд» духтаронро водор мекунад, ки новобаста аз хоҳиш ва иродаи худ ба доми гурӯҳҳои қочоқбар биафтанд: «Омили аз ҳама муҳим маъалаи иҷтимоӣ аст. Дар хонаводаҳо рӯз то рӯз масъалаи иҷтимоиву иқтисодӣ ба шиддат рӯ ба пастӣ меравад. Ҷойҳои корӣ нест ва занҳо ба қишри аз ҳама осебпазир табдил мешаванд.»

Гулчеҳра Иброҳимова, корманди дафтари СБМ дар Тоҷикистон гуфт, ки соли гузашта дар 6 мурофиаи додгоҳӣ дар робита ба харидуфурӯши инсон ширкат кардааст. Ҳамин манбаъ афзуд, додгоҳ собит кард, ки дар бархе аз ин ҷиноятҳо чанд узви як хонавода муҷрим шинохта шудаанд. Бино бар таҳқиқоти ду сол пеши СММ, қариб 80 дарсади ҷиноятҳои марбут ба одамрабоӣ бо ҳадафи истисмори ҷинсии инсон содир шуда, боқӣ мавридҳо бо қасди ба кори иҷборӣ ҷалб кардани инсон вобаста мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG