Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерале, ки аз Тоҷикистон дидан карда буд, вазири дифои ИМА шуд


Ҷеймс Маттис
Ҷеймс Маттис

Сенат, маҷлиси болоии Конгресси Амрико, номзадии генерали 66-сола Ҷеймс Маттисро ба раҳбарии Пентагон ё Вазорати дифои Амрико тасдиқ кард. Маттис нахустин узви кобинаи президенти нави Амрико Доналд Трамп шуд. Номзадии ӯ ҳамагӣ баъд аз чанд соати адои савганди президенти 45-уми Амрико сурат гирифт. Қаблан, Трамп қонунеро имзо гузошта буд, ки ба генерал Ҷеймс Маттис иҷоза медод, раҳбари Пентагон бишавад. Генерали мустаъфӣ Ҷеймс Маттис то соли 2013 дар мақоми раҳбари Фармондеҳии Марказии ИМА дар умури Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ фаъолият дошт. Дар замони ҷанги Афғонистону Ироқ ба нерӯҳои дарёгарди пиёданизом раҳбарӣ мекард. Вай моҳи феврали соли 2011 ба Душабе, пойтахти Тоҷикистон, омада, бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кардааст.

XS
SM
MD
LG