Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти саҳмияҳои тоҷирони ""ЦУМ" чӣ мешавад?


Чанд тан аз саҳҳомони Фурӯшгоҳи марказии Душанбе ё "ЦУМ", хостори бозрасии такрории парвандаи давлатӣ эълон шудани ин фурӯшгоҳ шудаанд. Додгоҳи иқтисодии Душанбе ҳафтаи гузашта "ЦУМ-ро моликияи давлатӣ эълон кард

Чанд тан аз саҳҳомони норозӣ аз қарори додгоҳи иқтисодии Душанбе, бо муроҷиат ба Додситони кулли Тоҷикистон, хостори ҳимоят аз ҳуқуқҳои худ шудаанд. Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе, рӯзи ҷумъаи 27 ноябр бар асоси шикояти Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Фурӯшгоҳи марказиро моликияти давлатӣ эълон кард.

Дар муроҷиати худ ба додситони кулли кишвар чанд тан аз саҳҳомони акнун собиқи ин фурӯшгоҳ хостаанд то замони баргардонидани маблағи саҳмияҳояшон, қарори додгоҳ мавриди амал қарор нагирад.

Мӯътабар Муҳаммадҷонова, муовини раҳбари Фурӯшгоҳи марказии Душанбе рӯзи 5 декабр дар як сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, “тибқи қонун мо як моҳ барои шикоят бурдан аз болои ин қарор мӯҳлат доштем. Аммо аллакай ба мо гуфтанд, ки 8-уми декабр раҳбари нави фурӯшгоҳ таъин мешавад ва корхона пурра давлатӣ мегардад. Мо бовар дорем, агар раҳбар нав шуд, дигар масъалаи баргардонидани пулҳои мо ҳам фаромӯш мешавад. Мо пешниҳод дорем, то замони муайян шудани сарнавишти мо, раҳбар иваз нашавад.”

Фурӯшгоҳи марказии Тоҷикистон, баъди 7 соли баҳсу мунозираҳо бо даъвои Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, моли давлат эълон шуд. Аммо саҳҳомони норозӣ аз қарори ахири додгоҳи иқтисодӣ мегӯянд, соли 1993 Кумитаи сармоягузорӣ онҳоро ба ташкили ҷамъияти саҳҳомӣ ва харидории саҳмияҳои фурӯшгоҳ маҷбур карда буд.

Ба гуфтаи муовини Фурӯшгоҳи марказӣ, он замон тоҷирони фурӯшгоҳ маҷбур шуданд барои аз даст надодани кор, бархе хонаву амволи дигари худро фурӯхта саҳмия бихаранд. Арзиши саҳмияҳо ҳам ба гуфтаи тоҷирон он замон баробар ба маоши дусолаи як корманд буд. Дар аввал 42 дарсад ва тадриҷан давоми 10 сол ба моликияти саҳҳомӣ табдил шуд.

Як саҳҳоми Фурӯшгоҳи Марказӣ, ки нахост муаррифӣ шавад, гуфт, беш аз 20 сол аст, дар ин муассиса кор мекунад ва ҳудуди 7 саҳмия дорад: “Ман 2 хонаи худро фурӯхта, саҳмия харида будам. Дигар ягон молу мулке надорам. Ҳоло дар мудирияти фурӯшгоҳ кор мекунам ва аз ин ҳисоб маош мегирам. Дивидент ночиз аст. Мехостам дар пирӣ як пасандоз дошта бошам. Бо ҳамин умед саҳмия гирифтам. Аммо ҳоло инҳо ба мо мегӯянд, ки шумо маблағҳои харҷкардаро аллакай баровардед. ”

Далели аслии ба ихтиёри давлат гузаронидани Фурӯшгоҳи марказиро ҳам, ки сару садоҳояш ҳанӯз аз соли 2011 рӯ зада буд, мақомот ба нодуруст хусусӣ кардани ин фурӯшгоҳ рабт медиҳанд. Саҳҳомон, ки аксарият беш аз панҷ ва 10 саҳмия дорад, мегӯянд, қаблан бар ивази саҳмияҳояшон, ба онҳо як маблағи ночиз пешниҳод шуда буд ва онҳо рад карданд.

Саидҷаъфар Исмонов, вакили парлумони кишвар ва иқтисодшинос мегӯяд, харидории саҳмияҳо дар давраҳои на чандон ором барои кишвар сурат гирифтааст: “Ба эҳтимоли бештар ҳам ин саҳмияҳо бо арзиши ночиз харидорӣ шудааст. Аммо ҳоло ба гуфтаи тоҷирон ин саҳмия тиллоӣ шудааст. Моликияти давлат ҳамеша арзон харидорӣ мешавад. Ба назари ман, фурӯшгоҳро одамони оддӣ нахаридаанд, ҳама соҳибкорони пулдор буданд. Дар ин муддат хуб даромад ҳам диданд. Ҳоло дигар барои давлат зарур шудааст.”

Исмонов меафзояд, баргардонидани чунин моликиятҳо ба давлат ҳоло зарур аст ва бояд ҳукумат зина ба зина моликияти замоне бо иштибоҳ ва ё бемасъулиятии гурӯҳе аз дастрафтаи худро, суроғ ва аз худ кунад.

Аммо бархе, аз ҷумла худи саҳҳомон ҳам ба ин назаранд, ки баҳсҳо сари Фурӯшгоҳи маъруфи марказии Душанбе ба манфиати афроде ҳаст, ки мехоҳанд моликият ва калонтарин қитъаи замин дар дили пойтахтро аз худ кунад. Ва ин кор ҳам зери ҷомаи давлат анҷом мешавад.

Фурӯшгоҳи марказии Душанбе дар соли 1960 бунёд шуда, дар оғози замони бозоргонӣ, савдои озод ва истиқлоли Тоҷикистон муҳимтарин маркази савдо дар кишвар буд. Аммо дар чанд соли охир бо рӯи кор омадани марказҳои бузурги савдо дар шаҳри Душанбе, назири бозорҳои "Саховат", "Султони Кабир" ва "Корвон", мафҳуми "фурӯшгоҳи бузург" ҷои худро ба бозорҳои бузурги шарқӣ дод.

XS
SM
MD
LG