Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар натиҷаи ҷанҷол кушта шудааст, ба Ватан интиқол додаанд.

Рӯзи панҷшанбе, 20-уми декабр, консули тозатаъйини Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Араб -- Абдураҳмон Аюбов ба Радиои Озодӣ гуфт, шаби гузашта ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистон тавассути ҳавопаймо ба ватан фиристода шуд.

Ба қавли дипломати тоҷик, ин шаҳрванди ҷавон рӯзи ҷумъаи гузашта (14-уми декабр) дар натиҷаи як ҷанҷол ба ҳалокат расидааст. Аммо аз ин ҷавони тоҷик ва аз кадом минтақаи кишвар будани ӯ ном бурда намешавад.

Ҷаноби Аюбов мегӯяд, пулиси Дубай қазияро таҳқиқ дорад ва чанд гунаҳкори эҳтимолиро, ки ҳуввияти онҳо то ҳанӯз ошкор нашудааст, боздошт намуд. Ҳамчунон консули Тоҷикистон илова кард, ки шарҳванди кушташуда дар Дубай таҳсил намуда, баъд аз он дар як ширкат расман кор мекард. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ як идда тоҷирони тоҷики муқими Дубай, ки нахостанд номашон ошкор шавад, иброз доштанд, ки ҳафтаи гузашта як баҳси корӣ миёни тоҷирони тоҷик ва озарӣ ба ҷанҷол табдил ёфта, дар натиҷа як шаҳрванди Тоҷикистон ба қатл расиду як тани дигар маҷруҳ шуд.

Гуфтугӯ бо Абдураҳмон Аюбов дар ин ҷост:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG