Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бастани сарбанди сафед барои фурӯшандаҳо ҳатмӣ шуд


Даромадгоҳи бозори "Панҷшанбе"-и Хуҷанд
Даромадгоҳи бозори "Панҷшанбе"-и Хуҷанд

​Мақомот қарор кардаанд, ки занон бояд бо либоси ягона дар бозору дӯкон ва марказҳои тиҷоратӣ машғули кор бошанд ва як ҷузъи асосии он бастани сарбанди якхелаи сафед мебошад.

Мақомоти Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, либоси ягона барои тамоми занҳои фурӯшанда дар ин минтақаи кишварро тасдиқ карда ва гуфтаанд, агарчӣ рангу навъи матои либос метавонад гуногун бошад, аммо бастани сарбанди якхелаи сафед барояшон ҳатмист.

Ин тасмимро Раҷаббой Аҳмадзода -- раиси Хуҷанд ва Шариф Назарзода -- сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Суғд 19 июн ҳангоми сӯҳбат бо фаъолони минтақа эълон кардаанд.

Маҳмудҷон Дадобоев, сухангӯи раиси Хуҷанд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тасмими ҷорӣ кардани либоси ягона барои занҳои фурӯшанда дар дӯкону мағоза, бозор ва марказҳои тиҷорӣ бар асоси пешниҳоди бархе аз сокинон, ки гуфтаанд гӯё фурӯшандаро аз харидор фарқ карда наметавонанд ва ҳам "риояи талаботи санитариву эстетикӣ" гирифта шудааст.

Зайнура Шарифова -- мутахассиси пешбари шуъбаи занон ва оилаи ҳукумати Хуҷанд мегӯяд, "ҳафтаи оянда як гурӯҳи махсус, иборат аз намояндагони мақомоти гуногун, ба фурӯшгоҳу бозорҳо рафта, иҷрои ин қарорро хоҳанд санҷид." Хонум Шарифова афзуд, дар ҳоли ҳозир маъмурияти бозори "Панҷшанбе", бузургтарин фурӯшгоҳи маводи ғизоӣ дар Хуҷанд, нахустин тарҳи либоси ягонаро таҳия кардааст.

Рустам Расулов, аз масъулони бозори "Панҷшанбе" ҳам гуфт, ҳоло ду тарҳи либоси ягона барои занон ва мардони фурӯшандаро муаррифӣ кардаанд, ки ин либосҳо аз пешдоман ва сарбанди сафед барои занон ва кабуд барои мардон иборатанд. Инчунин, фурӯшандаҳо нишон ё рамзи бозори “Панҷшанбе”-ро бо худ хоҳанд дошт. Ӯ гуфт, ин тарҳҳо дар оянда такмил хоҳанд шуд.

Бо пешниҳоди шаҳрдорӣ ба дӯхтани либосҳои ягонаи фурӯшандаҳо корхонаи "Нассоҷии Хуҷанд", ки матоъ ва либоси пахтагӣ истеҳсол мекунад, машғул мешавад.

Баҳси либоси фурӯшӯндаҳо ва манъи занони фурӯшанда барои ба бар кардани сатри аврат аз моҳҳо қабл дар байни сокинон мавриди баҳс қарор дошт. Қабл аз ин, шаҳрдории Хуҷанд фурӯши либосҳои сиёҳи занона ва ба истилоҳ "эронӣ"-ву "афғонӣ"-ро чун либоси ба миллати тоҷик бегона ва бо чунин либосҳо машғул шудани занон ба кори савдоро манъ карда буд. Ҳоло чунин навъи либосҳо аз дӯконҳои "Панҷшанбе" барчида шуда, занҳои фурӯшандаи сатрпӯш ба назар намерасанд.

XS
SM
MD
LG