Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонӣ аз боздошти 23 раҳбари ҲНИТ хабар дод


Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир 23 раҳбар ва узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар боздошт қарор доранд.

Додситонии куллии Тоҷикистон рӯзи 6 октябр эълон кард, ки дар ҳоли ҳозир 23 раҳбар ва узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар боздошт қарор доранд.

Дар эъломияи Додситонии кулли Тоҷикистон ҳамчунин гуфта мешавад, ки теъдоди муайяни аъзои гурӯҳи муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода ба ҳабс гирифта шудаанд.

Додситонии кулл мегӯяд, ки алайҳи ин афрод ба иттиҳоми терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ), барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ба таври зўроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зўроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, исёни мусаллаҳона ва дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Як манбаъ дар Додситонии кулли Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки боздошту пурсиши аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳамакнун созмони террористӣ эълон шудааст, идома дорад ва Раёсати тафтишотии Додситонии кулл ин равандро пеш мебарад.

Ба дунболи ҳодисаи ҳамла ба биноҳои пулис дар Душанбе ва Ваҳдат, ки мақомот муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзодаро ба даст доштан дар он муттаҳам карданд, фишорҳо алайҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ бештар шуд.

Амалиёт алайҳи Назарзода ва афродаш рӯзи 16-уми сентябр дар дараи Ромит ба поён расид ва худи ҳамон рӯз ва як рӯз баъд, бо дастури Додситонии кулл 13 узви Раёсати олии ҲНИТ ба иттиҳоми даст доштан дар ин ошӯб, боздошт шуданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 29-уми сентябр Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро созмони террористӣ эълон кард ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар қатъ намуд.

Ҳабсу боздошти аъзои ҲНИТ баъд аз созмони террористӣ эълон шудани он идома дорад ва хонаводаҳои пайравони ин ҳизб, аз боздошту таъқиби наздикони худ иттилоъ медиҳанд. Аз ҷумла наздикони Сино Ҳасанзода, раиси бахши ҲНИТ дар Панҷакент мегӯянд, ки ҳафтаи гузашта мақомоти интизомӣ ӯро аз манзилаш боздошт карданд ва ба СИЗО-и шаҳри Хуҷанд интиқол доданд. Яке аз наздикони Сино Ҳасанзода рӯзи 5-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, имрӯз Муяссара Маматқулова - модари Сино Ҳасанзода барои дидани фарзандаш ба Хуҷанд рафтааст.

Сино Ҳасанзода ҳанӯз дар моҳи июл ба Радиои Озодӣ аз даст кашиданаш аз ҲНИТ хабар дода буд. Сино Ҳасанзода он замон гуфта буд, ки ӯ таҳти фишори мақомот дар мавриди фаъолияти соҳибкориаш, аз фаъолияти ҳизбӣ даст кашидааст.

Тавре бархе аз намояндагони ҲНИТ мегӯянд, ду ҳафта қабл Мирзоолим Холов, раиси бахши ҲНИТ дар Кӯҳистони Масчоҳ низ боздошт шудааст. Қаблан намояндагони ҲНИТ иттилоъ дода буданд, ки намояндагони ин ҳизб дар Кӯлоб Маҳмадалӣ Исломов ва Муҳаммадӣ Тешаев, Рустам Эмомов ва Умаршо Давлатов дастгир шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар ҳафтаи гузашта Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар як баёния аз саркӯби мухолифини мӯътадили мазҳабӣ дар Тоҷикистон ва поймол шудани ҳуқуқи инсон дар ин кишвари пасошӯравӣ изҳори нигаронӣ кард.

Дар ин баёния, ки рӯзи 2 октябр нашр шуд, аз ҷумла омада буд: “Мо аз хатари афзояндаи поймол шудани ҳуқуқи инсон дар робита ба манъи ахири фаъолияти ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва ҳабсу боздошти 13 узви он аз аввали моҳи сентябр нигарон ҳастем.”

САҲА ҳамчунин аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, то ба тааҳҳудоташ ҷиҳати риояи ҳуқуқи инсон амал кунад: “Мо аз мақомоти Тоҷикистон даъват мекунам, то замонат бидиҳанд, ки ҳар тадбирашон дар роҳи мубориза алайҳи “терроризм” ва “ифротгароӣ” дар мутобиқати пурра бо қонунҳои байналмилалии ҳуқуқи башар анҷом хоҳад шуд.”

XS
SM
MD
LG