Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як гурӯҳ тоҷикон дар роҳ ба Сурия


Фурудгоҳи шаҳри Ӯш
Фурудгоҳи шаҳри Ӯш

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ки аз сафари чанд шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурия ва пайвастанашон ба гурӯҳи «Давлати исломӣ» ҷилавгирӣ карданд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 25 март хабар дод, ки кормандони амниятӣ се рӯз пеш се шаҳрванди Тоҷикистонро ҳамроҳ бо кӯдаконашон дар шаҳри Ӯш нигаҳ доштанд. Дар ҷараёни сӯҳбат онҳо иқрор карданд, ки мехоҳанд аз тариқи Истамбул ба Сурия раванд ва ба гурӯҳи «Давлати исломӣ» пайванданд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон гуфтаанд, ки онҳоро як шахси ношинос тавассути интернет ба Сурия даъват кардааст.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон гуфтааст, ки афроди боздоштшуда баъд аз пурсуҷӯ ба мақомоти Тоҷикистон таслим карда шуданд.

Мақомоти се кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон ва Қазоқистон мегӯянд, ки садҳо тан аз шаҳрвандонашон дар сафи гурӯҳи «Давлати исломӣ» ва дигар созмонҳои ситезаҷӯ дар Сурия меҷанганд.

XS
SM
MD
LG