Пайвандҳои дастрасӣ

Гумонбари қатли саррофро баъди панҷ сол боздошт карданд


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Баъди панҷ соли ҷустуҷӯ гумонбари қатли як сарроф дар ноҳияи Ҷаббор Расулов боздошт шудааст. Мақомоти корҳои дохилии Суғд мегӯянд, Абдулло Эшонқулов – сокини шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов – соли 2012 саррофи маҳаллаашонро ба қатл расонда, пас аз он дар Русия паноҳ бурда будааст.

Акбар Шарифов, масъули дафтари матбуоти раёсати корҳои дохилии Суғд, рӯзи 1-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "гурӯҳи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ин солҳо аз пайи изи гумонбари аслӣ буд ва барои дастгир намуданаш кор мебурд". Ӯ афзуд, "Абдулло Эшонқулов баъди куштори саррофи 26-сола ҳамроҳи як гурӯҳ ба ҷинояти ғоратгарӣ даст задааст. Шариконаш дастгир мешаванд ва Эшонқулов ба Русия фирор мекунад. Аз баёноти шарикони Эшонқулов маълум шуд, ки саррофро ҳам ӯ ба қатл расондааст ва баъди омаданаш аз Русия дарҳол дастгир шуд."

Парвандаи дуздӣ ва роҳзанӣ

Алайҳи Абдулло Эшонқулов бар асоси ду банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – "дуздӣ" ва "роҳзанӣ" – парванда боз шудааст. "Ҳоло тафтишот муайян хоҳад кард, ки Эшонқулов чӣ қадар маблағи саррофро аз худ намудааст," - гуфт Акбар Шарифов.

Бино ба хабари расмӣ, Абдулло Эшонқулов дар яке аз рӯзҳои соли 2012 бо мақсади ғорат вориди дӯкони саррофии Олимҷон Мирҳалимов, воқеъ дар маркази шаҳраки Пролетар, гардида, ӯро бо зарби корд ба қатл расондааст. Худи Мирҳалимов дар навори фаврии пулис мегӯяд, ки аввал фақат андешаи ғорати саррофро дошт, аммо вақте ки вай муқобилат намуд, ба сӯяш кор кашидааст.

Қатлу ғорат ва сӯиқасд ба саррофону тиллофурӯшон дар солҳои охир дар Тоҷикистон ва ба хусус дар минтақаи шимолии он зиёд рух дода, ҷомеаро ба ваҳшат ва саррофонро дар пайи ҳифзи ҷони худ ба ҳарос андохтааст.

Моҳи июни соли 2013 як гурӯҳи ҷиноӣ, ки баъдан маълум шуд, аъзои як хонавода будаанд, нимашаб ба қасди ғорат ба хонаи тиллофурӯш Аҳмадхӯҷа Бобоев дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ворид гардида, ӯ, ҳамсараш Ҳаётхон Бобоева ва фарзандонашон Рухшона, Сӯҳроб ва Санҷарбекро куштанд ва хонаашонро оташ заданд.

Аз қатли Бурҳоновҳо то Бобоевҳо

Ин ҷиноят боиси сарусадоҳо дар байни мардум гардид ва раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти пулис дастур дод, ба ҳар қимате набошад, омилони ин ҷиноятро муайян ва дастгир кунанд. Кормандони пулис баъди ду соли ин ҳодиса оилаи Раҳматовҳо, сокинони шаҳри Хуҷандро дастгир намуданд, ки 5 узви хонаводаи тиллофурӯш Бобоевро ба қатл расондаанд.

Ба қавли додгоҳ, тафтиши ин парванда ошкор намуд, ки оилаи Раҳматовҳо чандин сол ба қатлу ғорати тиллофурӯшону саррофон машғул буд ва моҳи декабри соли 2011 саррофон, падару писар Юлдош ва Фарҳод Бурҳоновҳоро низ дар назди хонаашон ҳадафи тир қарор доданд. Додгоҳ яке аз аъзои оилаи Раҳматовҳоро ба ҳабси якумриву дигарон, аз ҷумла ду зани ин хонаводаро ба муҳлатҳои тӯлонӣ ба зиндон фиристод.

Генерал Шариф Назарзода, сардори раёсати пулиси Суғд, зимни як суҳбати қаблии худ гуфта буд, ки тафтиши ҷиноятҳои вазнине мисли куштори инсон ҳеҷ гоҳ қатъ намеёбад ва дар пайи ба даст омадани далелҳои тоза парванда аз нав рӯи даст гирифта мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG