Пайвандҳои дастрасӣ

Назарзода: “Ҳадаф ҷилавгирӣ аз ҷиноят аст, на зиндонӣ кардани одамон”


Шариф Назарзода, сардори пулиси вилояти Суғд.

Шариф Назарзода, сардори пулиси вилояти Суғд.

Пулиси Суғд аз соли гузашта то кунун 8 гурӯҳи тундравро ошкор ва 95 аъзои онро дастгир кардааст. Соли 2013 пулиси минтақа 31 узви гурӯҳ ва созмонҳои тундагароро боздошт намуда буд.

Шариф Назарзода, сардори раёсати вазорати корҳои дохили Тоҷикистон дар вилояти Суғд, рӯзи 9-уми январ дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, ки соли гузашта 47 нафар узви “Ҳаракати исломии Узбакистон” (ҲИУ), 37 тан “Ансоруллоҳ”, 9 кас узви “Ҷундуллоҳ” ва 5 узви “Ҳизб-ут-таҳрир” дар ин вилоят боздошт шудаанд. Вай афзуд, пулиси Суғд дар амалиёти якҷоя ҳалқаҳои ин гурӯҳҳоро дар манотиқи дигари Тоҷикистон низ ошкор намуда, ахиран 10 узви ҲИУ, ба шумули “амир”- и ин ҳаракатро дар ноҳияи Шаҳринав ва 1 узви дигари ин созмонро дар ноҳияи Қубодиён боздошт кардааст.

ҲИУ ба манотиқи дигари Тоҷикистон аз Суғд доман паҳн кардааст

Генерал Назаров дар посух ба саволи Радиои Озодӣ, ки чаро созмонҳои тундгаро, ба хусус ҲИУ маҳз минтақаи Суғд ва Хуҷандро майдони фаъолияти хд қарор додаанд, гуфт, ки аслан баъд аз таъсиси ин созмон дар соли 1996 дар минтақаи Намангони Узбакистон фаъолияти худро дар Тоҷикистон дар исмати шимолии кишвар ба роҳ мондааст ва ба манотиқи дигар доман густардааст:

“Саркардаҳои ҲИУ дар вилояти Суғд ҷавонҳои моро ҷалб карданд. Сипас аъзои ин ҳаракат ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд, тоҷикон ба “Ансоруллоҳ” ва узбакҳо ба “Ҷундуллоҳ. Вақте, ки бори аввал “фидоӣ” – ёни ин созмон моҳи сентябри 2010 ба бинои шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати дохилӣ дар Хуҷанд ҳамлаи террористӣ карданд, мо дар якҷоягӣ бо аҳли ҷомеа мубориза зидди онҳоро пурзӯр намудем ва шумораи зиёди аъзои ин созмонро дастгир намудем.”

Бино ба маълумоти раёсати вазорати дохилӣ дар вилояти Суғд, аз ҳамлаи интиҳории моҳи сентябри соли 2010 дар Хуҷанд то ҳол пулис 270 нафарро бо ҷурми фаъолият дар гурӯҳу созмонҳои террористӣ дастгир кардааст.

Вакилони дифоъ: Дастгиршудагон шиканҷа мешаванд

Вале аксари зиндонишудагон бо ҷурми узвият дар ҳизбу созмонҳои тундгаро дар додгоҳ аз таҳти шиканҷа тан гирифтани гуноҳро эътироф кардаанд. Бархе вакилони дифои маҳаллӣ бар онанд, ки мақомот дар ҳошияи мубориза алайҳи терроризм зиёдаравӣ мекунанд ва ҷиҳати пурэътибор нишон додани фаъолияти худ дар ин росто, ҷавонони ҳатто огоҳӣ надошта аз ин созмонҳоро низ боздошт ва зиндонӣ мекунанд.

Вале генерал Назарзода ин иддаоро рад кард ва гуфт, пулис аз ин роҳи нораво кор намегирад: “Мо ба ҳама кормандони худ инро борҳо таъкид мекунем. Мо мегӯем, дар ҳолати нокушода мондани ҷиноят мо нерӯҳои фаврии дигарро барои ошкор кардани он равона мекунем, вале шиканҷаро ба кор набаред. Масъалаи шиканҷа бевосита ва доимӣ зери назорати раҳбарияти вазорати корҳои дохила ва додситонии кулл қарор дорад. Ҳар як факту рақам дар бораи шиканҷа аз ҷониби вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулл таҳқиқ мешавад. ”

Дар соли гузаштаи 2014 ягон корманди пулиси Суғд бо иттиҳоми шиканҷаи боздоштшудагон ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.

Генерал Назарзода: “Мақсад ба маҳбас андохтани одамон нест!”

Ба таъкиди генерал Назарзода, мақсади аслии пулис, дастгир ва зиндонӣ кардани одамон нест, балки ҷилавгирӣ аз густариши фаъолияти созмонҳои тундрав аст: “Мақсади асосӣ ин, ки ҷавонону фарзандони мо ба ин ҳизб ҳаракатҳои хатарнок ба амнияти кишвару сокинон шомил нашаванд. Мақсад баланд бардоштани мафкураву дониши онҳо аст, ки хато накунанд. Бисёри ҷавонони боздоштшуда мегӯянд, ки хато кардем, надониста дохил шудем. Аммо аз надонистани қонун, онҳо аз ҷавобгарӣ озод намешаванд. Бо боздошти ин гурӯҳҳои тундрав, аз роҳандозии 9 амали террористӣ ҷилавгирӣ намудем. ”

Вай изофа кард, раёсати корҳои дохилӣ тасмим гирифтааст бо баргузории як конфронси илмиву амалӣ бо иштироки намояндагони мақомот ва табақаҳои мухталифи ҷомеа, роҳҳои ҷилавгирии ҷавонон аз дохил шудан ба созмону ҳаракатҳои тундрав ва пешгирӣ аз густариши фаъолияти ин гуна созмонҳоро баррасӣ кунад.

...куштор коҳиш ёфтааст

Пулиси Суғд мегӯяд, дар соли гузашта ба таври бесобиқа дар 5 соли охир куштори одамон дар минтақаи шимолии Тоҷикистон кам шуда, 33 ҳодисаи қатли инсон ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба соли 2013 11 ҳодисаи куштор кам мебошад. Шариф Назарзода бо таъкиди ин ки ҳамаи ин ҷиноятҳо ошкор ва қотилон дастгир шудаанд, афзуд :

“Умуман, дар 5 соли охир дар вилояти Суғд 199 ҳодисаи куштори инсонро ба қайд гирифтем. Ғайр аз ин дар ин муддат 32 кштори солҳои пеш ошкор карда шуд. То ҳол танҳо 9 ҳодиса нокушода боқӣ мондааст. Дигар ҳама ошкор ва гунаҳкорон дастгир шдаанд.“

Қатли пуровозаи падару писари сарроф: Юлдош ва Фарҳод Бурҳоновҳо дар Хуҷанд дар соли 2011, қатли 5 нафар аҳли хонаводаи тилофурӯш Бобоевҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба шумули писари 6 солаи онҳо Санҷарбек дар соли 2013, аз ҷумлаи кушторҳоеанд, ки ҳанӯз нокушуда боқӣ мондааст.

Вай дар мавриди дар мавриди ҳодисаи ҳадафи тири афроди номаълум қарор гирифтани 4 узви хонаводаи Халлоқовҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар маҳали Чоркӯҳ дар соли 2013 афзуд, ки шахси гумонбар ба куштори ин хонавода ошкор шуда, таҳти кофтуков қарор дорад.

Инро ахиран Шариф Қурбонзода, додситони Суғд низ таъкид намуда, гуфта буд, ки шахси гумонбар дар куштори хонаводаи Халлоқовҳо шаҳрванди Қирғизистон аст, ки як шоҳиди айнии ҳодиса ӯро шинохтааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, қотил дар ҷойи куштор изи хуни худро низ боқӣ гузошта буд, ки ҷиҳати ташхиси ДНК, ба Русия фиристода шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG