Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шоҳидони бештаре ба мурофиаи айбдоршавандагони қатли Абдулло Назаров даъват шудаанд.

Дар рӯзи дуввуми баррасии парвандаи Абудулло Назаров дар шаҳри Хоруғ пас аз пурсиши айбдоршавандаҳо ва шоҳидони айнӣ додгоҳ дар бораи манзараи умумии ҳодиса тасаввурот пайдо кардааст. Аммо қарор аст, шоҳидони дигар, аз ҷумла чаҳор корманди шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ишкошим, ки рӯзи воқеа дар посгоҳи Андароб навбатдор будаанд, ба додгоҳ баёнот диҳанд.

Вакили мудофеи айбдоршавандаҳо Файзи Олӣ ба радиои «Озодӣ» гуфт, пас аз ин пурсишҳо додгоҳ ба рӯшан кардани қазияҳои баҳсбарангези воқеа ва амалкарди айбдоршавандагон баҳо хоҳад дод.

Ба гуфтаи ҷаноби Файзи Олӣ, ҳамроҳони генерал, ки се нафар буданд ва он замон дар идораи амнияти Бадахшон фаъолият мекарданд, мегӯянд, ки Абудулло Назаров бо телефони ҳамроҳ аз автомашина берун шуда, бо худ яроқ надоштааст. Аммо айбдоршавандаҳо мегӯянд, ки генерал аз автомашина поин шуда, сипас туфангро аз камараш берун кашидаст. Аз он ҷо ки баёноти муҳофизон ва айбдоршавандаҳо дар мавриди ашёи дасти генерал Назаров аз ҳам фарқ мекунанд, суд муайян хохад кард, ки генерал дар даст туфангча дошт ва ё телефони ҳамроҳ. Ҳамроҳони генерал ба саволи он ки чаро онҳо мусаллаҳ буданду муқобилият нишон надоданд, гуфтаанд, ки генерал пеш аз поин шудан аз автомашина ба онҳо амр додааст, ки ба ягон амал даст назананд.


Ҷаноби Файзи Олӣ изҳор дошт, ки бинобар баёноти айбдоршавандаҳо ҷанҷол аз он сар задаст, ки генерал ба онҳое, ки аз пеши роҳаш баромадананд, гуфтааст, ки "шумо кӣ ҳастед, ки пеши роҳамро медоред" ва ба рӯйи Оқил Айёмбеков мушт зада, Ҳамзаро, ки дар он ҷо ҳузур дошт, дашном додааст. Пас аз ин, ба гуфтаи айбдоршаванда, вай дар ҳолати асабонияти рӯҳи бо корди майда, ки дар кисааш будааст, генералро задаст. Вале пас аз маҷрӯҳ сохтани генерал ва ба худ омадан ҳамон замон изҳори пушаймонӣ намуда, барои овардани маҷрӯҳ то беморхонаи вилоятӣ ба кормандони амниятӣ кӯмак кардааст. Ба гуфтаи вакили мудофеъ, ҳамроҳони генерал ҳам дар мурофиа тасдиқ кардаанд, ки воқеан пас аз ин ҳодиса Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродов ба онҳо барои овардани генерал ба беморхонаи вилоятӣ кӯмак карданд, вале пас аз чанд дақиқаи расидан ба бемористон генерал аз хунравӣ ҷон додааст.

Вале дар моҳи июли соли 2012 Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта буд, раиси вақти бахши вилоятии Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон дар Бадахшон, генерал Абдулло Назаров, ба зарби як ашёи кунд ва вазнин ба ҳалокат расида, гурӯҳи чанднафарае ба ӯ ҳамла кардааст. Он вақт гуфта мешуд, ки дар қатли генерал чаҳор нафар муттаҳам мешаванд. Аммо яке аз ду нафар, ки ҳоло дар курсии айбдоршавандагон нишастаанд, Ҳамза Муродов иттиҳомоти алайҳи худашро напазируфтааст ва гуфтааст, ки чун иштирокчӣ дар ҷойи ҳодиса ҳузур доштааст, вале ба ягон амал даст назадааст.

Дар ҳамин ҳол, бо дархости вакилони мудофеи айбдоршавандаҳо додгустар чор нафар кормандони шӯъбаи корҳои дохилии постгоҳи Андароби ноҳияи Ишкошимро даъват карда, интизор меравад, ки ин афрод пагоҳ дар мурофиа мавриди пурсиш қарор гиранд. Кормандони посгоҳ қаблан дар робита бо парвандаи куштори Абдулло Назаров аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ мавриди бозпурсӣ қарор гирифтанд, зеро ин посгоҳ қариб 40 километр болотар аз ҷойи ҳодисаи куштор қарор дошта , гуфта шуд, ки ҳангоме, ки генерал бармегашт, дар ин посгоҳ байни генерал ва кормандони умури дохилӣ моҷарое рух додааст.

Ҳарчанд мурофиа ба тарзи пӯшида мегузарад, аммо ба гуфтаи вакили мудофеъ ҳеҷ кадоме аз тарафҳои мурофиа фишор ё тарафкаширо эҳсос намекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG