Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти гузоришгари вижа бо додситонҳои тоҷик


Девид Кайе (дар мобайн)
Девид Кайе (дар мобайн)

Рӯзи 9 март дар Душанбе Девид Кайе, гузоришгари вижаи СММ арзёбиҳои худро аз вазъи озодии баён ва шароити кори матбуоти тоҷик дар баробари хабарнигорон ироа хоҳад кард.

Ин мулоқот қарор аст соати 14:00 дар меҳмонхонаи “Серена” баргузор шавад ва даъвати расонаҳои хабарӣ ба ин нишаст озод аст. Як ёвари Девид Кайе дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки баъди ворид шудан ба Тоҷикистон рӯзи 3 март ин мақоми СММ ба мулоқоти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти дахлдори Тоҷикистон пардохт. Ин намояндаи СММ гуфт, ки рисолати Кайе аз ин сафар дидору гуфтугӯ ва арзёбии вазъи матбуот дар кишвар, омӯзиши назари мақомот ва ҳам худи расонаҳои хабарӣ аст. То анҷоми ин дидору мулоқот, гуфт ин масъули СММ, Кайе аз сӯҳбат бо хабарнигорон худдорӣ мекунад.

Тибқи иттилои радиои Озодӣ, то рӯзи 7 март Кайе бо масъулини додситонии кулл, вазорати адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, вазорати умури хориҷа, инчунин, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳам расонаҳои хабарӣ дидору гуфтугӯҳо анҷом додааст. Дар мулоқот бо мақомоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 3 март, ба иттилои сомонаи ин сохтор, сӯҳбат атрофи мавзӯи “таъмини риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳуқуқ ба озодии андеша ва баён” ҷараён гирифт. Ин мулоқот таҳти раҳбарии муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ баргузор шуд.

Ҷонибҳо ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Идораи Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар таъмини ҳимоя ва риояи ҳуқуқи инсон дар кишвар таъкид карданд. Як ширкатдори ин нишаст, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, дар ин мулоқот сӯҳбат бештар “болои масоили умумӣ” буд ва ҳеҷ масъалаи мушаххасе баррасӣ нашуд. Манобеи дигари наздик ба ҳайати СММ гуфт, ки мӯҳтавои сӯҳбатҳо бо намояндагони сохторҳои ҳифзи қонун то рӯзи 9 март аз матбуот пӯшида мемонад ва танҳо ҳамон рӯз ин гузоришгар назару андешаҳои худро роҷеъ ба вазъи озодии баён дар Тоҷикистон ироа хоҳад кард.

СММ дар иттилоияи қабл аз сафари Кайе ба Тоҷикистон навишта буд, ки гузоришгари вижаи ин созмон бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон аз ин кишвар дидор мекунад ва дар ин сафар талош хоҳад кард чолишҳо ва монеаҳои озодии баён дар Тоҷикистонро биомӯзад ва барои ҳимоят аз ҳуқуқҳои бунёдӣ, барномарезӣ кунад. Вай гуфтааст, ки дар миёни мавзӯъҳое, ки дар ин сафар ба он таваҷҷӯҳ хоҳад кард, масъалаи озодии матбуот ва ҳамчунин амнияти рӯзноманигорон ва фаъолони сиёсӣ хоҳад буд. Натиҷаҳои куллии сафари мазкур баъдан қарор аст дар гузориши вижае таҳия шуда, дар он пешниҳодҳои СММ оиди рушди озоди фикр ва баён дар Тоҷикистон зикр хоҳад шуд.

Ин гузориш моҳи июни соли 2017 дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид муаррифӣ хоҳад шуд. Сафари Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки бархе созмонҳои байналмилалӣ аз вазъи озодиҳо дар ин кишвар интиқод кардаанд. Аз ҷумла Созмони байналмилалии Freedom House ё Хонаи Озодӣ дар авохири моҳи январ аз вазъи озодӣ дар Тоҷикистон интиқод карда, ин кишварро ба ҷумлаи кишварҳои "ноозод" ворид намуд.

Тоҷикистон дар гузориши солонаи ин созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ дар радифи 10 мамлакати ақибмонда дар заминаи таъмини ҳуқуқу озодиҳои мардум, чун Афғонистон, Ироқ, Туркманистону Узбакистон ҷой гирифтааст. Ҳамчунин, дар гузориши солонаи ин созмон, ки рӯзи 27 январ дар торнамои созмони Freedom House мунташир шуд, ба фишору маҳдудсозии фаъолияти мухолифон тавассути интихоботҳои ғайришаффоф дар Тоҷикистон ишора шудааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG