Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мурофиаи вакили Зайд Саидов - бе ҳузури хабарнигорон


Фахриддин Зокиров баъд аз он боздошт кард, ки ба ҳайси вакили мудофеъ аз ҳуқуқи Зайд Саидов дар додгоҳ ҳимоят мекард

Фахриддин Зокиров баъд аз он боздошт кард, ки ба ҳайси вакили мудофеъ аз ҳуқуқи Зайд Саидов дар додгоҳ ҳимоят мекард

Ҳарчанд вакилони Фахриддин Зокиров аз суҳбат худдорӣ карданд, вале додраси парванда гуфт, ӯ бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ муттаҳам мешавад.

Мурофиаи Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони боздоштшудаи Зайд Саидов, рӯзи 3 октябр дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо дархости худи ӯ бе ҳузури журналистон ҷараён гирифт.

Собиқ вакили дифои соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов, ки ҳанӯз моҳи феврали соли ҷорӣ боздошт шуда буд, акнун ба ҳайси роҳбари корхонаи "Паймонсипар" ба саволҳои додрас посух медиҳад. Ин корхона ба таҳияи ҳуҷҷатҳо машғул буда, Зокиров ба он айбдор мешавад, ки гӯиё ба ҳангоми гирифтани қарз аз “Тоҷиксодиротбонк” дар ҳаҷми 913 ҳазор доллари амрикоӣ ба тақаллуби ҳуҷҷатҳо бо истифода аз хилофкории компютерӣ роҳ додааст.

Дар курсии айбдорӣ ҳамроҳ бо ӯ, Абдулфайз Иброҳимов - мудири ширкати "Ёвон-Коттон" ҳам нишастааст. Ҳеч нафар аз чаҳор вакили дифои айбдоршавандаҳо нахост ба саволи журналистон посух диҳад. Вале Темур Ҳафизов, раисикунандаи ин парванда, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Фахриддин Зокиров ва Абдулфайз Иброҳимов бо як қатор моддаҳои Қонуни ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла, 363 - иҷро накардани ҳалномаи додгоҳ ё санади дигари судӣ, 264 - ғайриқонунӣ гирифтани кредит ва 340 - сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба номи каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мӯҳр ва бланкаҳои қалбакӣ муттаҳам дониста мешаванд.

Ба қавли Ҳафизов, дар тафтишоти пешакӣ гуфта мешавад, корхонаи “Ёвон-Коттон” пештар “Сӯфиён”, баъдан “Порсиён” ва “Порсиён-Сӯфиён” ном доштааст. Ӯ афзуд, “дар тафтиши пешакӣ омадааст, шаҳрвандони Эрон як корхонаи муштарак месозанд, ки саҳми шаҳрвандони Тоҷикистон дар он танҳо замини корхона будааст. Кулли таҷҳизоти корхона аз сӯи шаҳрвандони Эрон харида шудааст. Аммо шарикони тоҷики онҳо бо тақаллуби ҳуҷҷатноми ширкатро ду бор иваз карда, онро муфлис нишон медиҳанд. Таҷҳизоти корхонаи муштаракро аз худ намуда, ширкати “нав”-еро бо номи “Ёвон-Коттон” таъсис медиҳанд.”

Додраси ин парванда ҳамзамон гуфт, шаҳрвандони Эрон барои фаъолияти соҳибкорӣ ба маблағи 800 ҳазор доллар ба Тоҷикистон таҷҳизот овардаанд. Раҳбарияти корхонаи “Ёвон-Коттон” таҷҳизоти овардаи соҳибкорони Эронро ба гарав монда, бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ аз “Тоҷиксодиротбонк” наздик ба як миллион доллар кредит гирифтаанд.

Исмоил Ёров, як корманди корхонаи “Паймонсипар”, рӯзи 3 октябр дар сӯҳбати телефонӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ин ширкат аслан ба таҳияи ҳуҷҷатҳо машғул аст. Ҳангоми хариду фурӯш ва додуситад миёни ду шахси ҳуқуқӣ ё шаҳрвандони алоҳида аз лиҳози ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳоро омода мекунад. Фахриддин Зокиров дар ширкати мазкур ба ҳайси раҳбар кор карда, дар таҳияи ҳуҷҷатҳо ва машваратҳои ҳуқуқӣ кумак мекардааст: “Аммо он ки гӯиё Фахриддин Зокиров дар тақаллуби ҳуҷҷатҳо даст дошта бошад, чизе намедонам. Чун вай раҳбар ва дар баробари ин як ҳуқуқшинос аст. Ба ин далел мо хабардор нестем, ки чӣ кор мекард.”

Тавре гуфта мешавад мурофиаи навбатии парвандаи марбут ба боздошти Фахриддин Зокиров ва Абдулфайз Иброҳимов чоршанбеи оянда сурат хоҳад гирифт. Ҳарчанд тафтишот мӯътақид аст, ки Зокиров ба ҷинояткорӣ роҳ додааст, наздикони ӯ мегӯянд, мақомот дар ҷустуҷӯи ҳама гуна имкониятанд, ки Зокировро гунаҳкор ҷилва диҳанд, дар ҳоле ки боздошти ӯ танҳо ба қазияи Зайд Саидов рабт дорад. Зайд Саидови 56-сола – вазири собиқи саноат ва аз соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25 декабри соли 2013 бо ҷурмҳои сангине, чун “таҷовуз ба номус”, “бисёрзанӣ”, “қаллобӣ” ва “ришваситонӣ” моҳи декабри соли гузашта ба 26 соли зиндон бо мусодираи молу мулк маҳкум гардид. Боздошт ва муҳокимаи баъд аз он замоне иттифоқ афтод, ки ӯ мехост ҳизби нави сиёсии “Тоҷикистони нав”-ро таъсис диҳад ва дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ иштирок кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG