Пайвандҳои дастрасӣ

Сармоягузории Чин ҷойҳои кории ваъдагиро эҷод накард. Чаро? ВИДЕО


Коршиносон мегӯянд, вақте ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон ҷои по пайдо мекунанд, дар баробари технология, коргарон ва мутахассисони худро ҳам барои кор ба ин кишвар меоранд. Тибқи созишнома, бояд 70 дарсади коргарон дар ширкатҳо сокинони маҳаллӣ бошанд, вале корхонаҳои чинӣ дар умум ин қоидаро сарфи назар мекунанд. Онҳо коргарони маҳаллиро ба корҳои каммузд ҷалб ва коргарони худро дар мақомҳои пурдаромад таъйин менамоянд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Басира Муҳаммадиева аз кор дар ширкати чинӣ розӣ аст

Коршиносон мегӯянд, ки вақте ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон ҷойи по пайдо мекунанд, дар баробари технология, коргарон ва мутахассисони худро ҳам барои кор ба ин кишвар меоранд.

Басира Маҳмадиева - яке аз коргарони корхонаи нассоҷии Ҷунтайи Чин дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон аст. Вай то замони ба кор омаданаш ба ин ширкат дар суҳбат бо телевизиони давлатии Чин аз вазъи зиндагияш чунин қисса карда буд: "Аз барфу борон хонаи мо вайрон шуд. Тавре мебинед, дар ин ҷо об нест. Мо аз як километр роҳ об кашонда зиндагӣ мекардем."

Баробари ба кор даромадани ин корхона, Басира ва даҳҳо нафари дигар ҷойи кор пайдо карданд. Бинобар ин, ӯ аз сармоягузорони чинӣ барои фароҳам овардани чунин имконият сипосгузор аст: “Ба роҳбарони ширкати Ҷунтай миннатдории худро мехоҳам бирасонам. Чунки барои мо ҷавонон чунин корхонаро бунёд карданд."

Ширкатҳои чинӣ мушкили бекориро ҳал мекунанд?

Абдуғанӣ Маҳмадазимов.

Абдуғанӣ Маҳмадазимов.

Аммо дар асл омадани ширкатҳои чинӣ, дар Тоҷикистон чандон мушкилоти бекориро ҳал намекунад. Ширкатҳои Чин бо пайдо кардани ҷойи по дар Тоҷикистон, натанҳо технология, балки коргарон ва мутахассионашонро низ бо худ меоранд. Ин аст, ки ҳудуди 90 дарсади иҷозатномаҳои кори содиркардаи Тоҷикистон барои муҳоҷирони корӣ ба шаҳрвандони Чин рост меояд.

Абдуғанӣ Маҳмадазимов, ҳамоҳангсози Маркази тадқиқотии осиёимиёнагии “Як камарбанд -- як роҳ” дар ин робита мегӯяд: “Роҳбари кишвари мо ҳангоми гузоштани санги асос дар бунёди ин ё он иншоот ҳатман барои ҷалби коргарони тоҷик ба кор таъкид мекунанд. Лекин маҳз дар сохторҳои марбутаи Тоҷикистон ҳангоми амалӣ сохтани ин ё он ин лоиҳа ва ё иншоот, ҷалби қувваи кории тоҷик сарфи назар мешавад.”

Таносуби кор -- 70 бар 30

Моёншоҳ Маҳмадбеков, масъули Вазорати меҳнати Тоҷикистон мегӯяд, таносуби кирояи коргарони маҳалли ва хориҷӣ дар ширкатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон тибқи созишномаҳои дуҷонибаи давлатӣ танзим мешавад: “Ҳоло таносуби ҷалби коргарон тибқи созишномаҳо танзим мешавад. Аммо дар ҳар як созишнома ҷалби ҳади ақал 70 дарсади коргарони маҳаллӣ ҳатмӣ аст. Ҳоло мо дар лоиҳаи қонуни муҳоҷират ин нуктаро ворид кардем, ки ҷалби 80 дарсади коргарони маҳаллиро дар назар дорад. Дар сурати қабули ин қонун, ширкатҳои хориҷӣ ҳатман бояд 80 дарсади коргаронашонро аз Тоҷикистон ҷалб кунанд.”

Моёншоҳ Маҳмадбеков.

Моёншоҳ Маҳмадбеков.

Ҳоло ширкатҳои чинӣ бинобар ҳатмӣ набудани ҷалби коргарони маҳаллӣ дар қонунгузории Тоҷикистон, муқарароти созишномаҳоро сарфи назар мекунанд. Тавре мушоҳида мешавад, ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон, талош мекунанд, коргарони бумиро ба корҳои каммузде мисли қаровулӣ ва ё ронандагӣ ҷалб мекунанд ва ба пешаҳои даромадноки мисли муҳандисӣ, мутахассисони чиниро киро мекунанд. Аммо Маҳмадбеков мегӯяд: “Дар сурати қабули муқаррароти ҷалби коргарони маҳаллӣ дар қонун назорати ин таносуб сахттар хоҳад буд”.

Истиқболи Тоҷикистон аз сармояи Чин

Тоҷикистон низ аз сармоягузорӣ ва фаъолияти ширкатҳои чинӣ дар қаламраваш истиқбол мекунанд. Ахиран ҳукумати Тоҷикистон воридоти молу таҷҳизот барои бунёди як корхонаи истихроҷи сурб дар вилояти Суғдро ки ба шаҳрванди Чин тааллуқ дорад аз андоз ва пардохтҳои гумурукӣ озод кард.

Муродалӣ Алимардон

Муродалӣ Алимардон

Муродалӣ Алимардон, собиқ муовини нахуствазир ва ҳоло роҳбари бонки ниммадавлатии “Агроинвестбонк” дар тавсифи фаъолиятҳои Чин дар Тоҷикистон мегӯяд, “мо сармоягузорӣ ва бунёди корхонаҳоро дар ин ҷо чун иҷроиши сиёсати “Як камарбанд-як роҳ” арзёбӣ мекунем. Ин сиёсати давлати Чин аст, ки натиҷаашро мову шумо мебинем. Барои ҳамин мо ба ин иқдом боварӣ ва эътимод дорем”.

Ҳамсоякишвари Тоҷикистон, ки то оғози солҳои 90-ум қариб ҳеҷ гуна иртиботе надошт, аммо дар 25 соли истиқлоли кишвар ба бузургтарин сармоягузор ва шарики тиҷорӣ бадал шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG