Пайвандҳои дастрасӣ

Чин батадриҷ нақши "бародари калонӣ"-и кишварҳои Осиёи Марказиро аз дасти Русия мегирад ва Маскав зоҳиран дар муқобил чорае ҷуз тан додан ба тақдир надорад.

Тиҷорати Чин бо 5 кишвари Осиёи Марказӣ аз соли 2000 ба ин сӯ 30 маротиба афзудааст. Табодули молу коло байни Пекин ва ин минтақаи ҳамсояаш дар ибтидои асри 21 ҳамагӣ 1,8 миллиард долларро ташкил медод, вале дар соли 2013 алакай ба 50 миллиард доллар расид. Ва Пекин зоҳиран ҳатто бо фатҳи чунин қуллаҳои баланд қаноат намекунад ва бино ба тааҳҳудоти супурдааш, қасд дорад, ҳаҷми тиҷораташ бо кишварҳои Осиёи Марказиро дастикам то 2 баробари дигар биафзояд.

Чин аз Осиёи Марказӣ асосан нафту газ ва маъданҳои табиӣ мегирад ва дар иваз бозорҳои ин минтақаро бо маҳсулоти арзонаш пур кардааст. Бино ба ҳисобҳо, то 90 дарсади маҳсулоти саноатӣ дар бозорҳои Тоҷикистонро маҳз фаровардаҳои Чин таъмин мекунанд ва моли кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия, дар ин бозорҳо торафт камчин мешавад.

Пасрафти иқтисоди Русия ва уфти қурби рубли русӣ, ки иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказиро низ дучори мушкилот кард, Чинро дар ин минтақаи дар гузашта таҳти нуфузи истисноии Маскав боз ҳам фаъолтар кардааст. Ва дар ҳоле ки Русия бо мушкилоти иқтисодиаш дар дохил ва бо барномаҳои пуриддаои геополитикие, чун масоили Украинаву Сурия

Яке аз корхонаҳои оҳангудозии ширкати чинӣ дар Душанбе

Яке аз корхонаҳои оҳангудозии ширкати чинӣ дар Душанбе

саргарм аст ва барои расидагӣ ба ниёзҳои моливу иқтисодии шарикони суннатиаш дар Осиёи Марказӣ имкони кофӣ надорад, Чин бо халтаҳои навбанави ёриҳои иқтисодӣ ҳукуматҳои ин минтақаро ҳарчӣ бештар ба тарафи худ моил мекунад ва ин минтақаро бесилоҳ аз худ мекунад.

Ҷумъақодир Акенеев, иқтисодшиноси қирғиз мегӯяд, дар зери косаи ёриҳои Чин нимкосаҳое зиёданд, ки барои ояндаи иқтисоди Осиёи Марказӣ риски зиёд доранд: "Дар натиҷаи ин экспансия сели молҳои арзони Чин ба бозори минтақа фурӯ рехт. Ин боиси коҳиши фаъолият ва ҳатто баста шудани даҳҳо корхонаи маҳаллӣ шуд, чунки маҳсулоти онҳо аз нигоҳи нарх наметавонист бо моли арзони Чин рақобат кунанд. Қирғизистон аз ҷумла ба хотири ҳимояти иқтисодаш аз нуфузи афзояндаи ин ҳамсояи худ ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё паноҳ овард."

Русия низ бо экспансияи Чин ва қудратҳои дигар дар Осиёи Марказӣ асосан бо ҳамин тарҳи Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиёаш муқобилият мекунад, вале як соли аввали фаъолияти ин созмон ҳам натавонист пеши роҳи сели сармояи Чин ба ин минтақаро бигирад. Баръакс Пекин ба далели паҳнои воҳиди иқтисодиаш Иттиҳоди АвроОсиёро ҳам василаи дигаре барои интиқоли фаровардаҳои ширкатҳояш ба бозори Русия мешиносад.

Ба фарқ аз кишварҳои Ғарб ё ниҳодҳои байналмилалии молие, чун Бонки ҷаҳонӣ ё Сандуқи байналмилалии пул, ки дар ивази ёриҳои иқтисодии худ аз кишварҳои пасошӯравӣ анҷоми барномаҳои мушаххаси ислоҳоти ҳадди ақал иқтисодиро талаб мекунанд, Чин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин шартҳо намегузорад ва нисбат ба мушкилоти ин давлатҳо дар масоили барои Ғарб муҳиме, чун озодиҳои демократӣ ё риояи ҳуқуқи инсон низ бепарвост.

Ҷамолиддин Нуралиев

Ҷамолиддин Нуралиев

Ҷамолиддин Нуралиев, ки ҳоло муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон аст, соле пеш дар мусоҳиба бо нашрияи бритониёии "Financial Times" эътироф карда буд, ки сармояҳои Чин барои Тоҷикистон назар ба пули созмонҳои ғарбие, чун Бонки ҷаҳонӣ, ки таҳти шароити хос дода мешаванд, ҷаззобтаранд, зеро ба гуфтаи ӯ, қарзҳои Пекин "раванди бюрократӣ надоранд, вақти зиёдро намегиранд ва ягон шарт надоранд".

Аммо ёриҳои Чин, ба бовари нозирони умур, танҳо дар зоҳир беқайдушартанд. Дар асл, афзоиши ҳаҷми қарзҳои ин кишварҳо аз Пекин ба маъноест, ки онҳо ҳарчӣ бештар таҳти нуфузи феълан иқтисодӣ ва дар оянда сиёсии Чин қарор мегиранд ва дар сурати нотавонӣ ё таъхир дар пардохти қарзҳояш Пекин метавонад рӯи кишварҳои қарздор шартҳои худро таҳмил кунад. Ин ёриҳо, ба ақидаи чиншиносон, бахше аз сиёсати мавсум ба Pax Sinica аст, ки ба вуҷуд овардани “паҳнои иқтисодии дӯстона”-и азим дар атрофи Чинро ба ҳадаф дорад.

Дар ин лобало бисёриҳо бахусус Тоҷикистону Қирғизистон – ду кишвари маҳрум аз манобеи нафту газ ва имконоти фаровони иқтисодӣ дар Осиёи Марказиро осебпазир мешуморанд.

Қарзи Душанбе аз Пекин алакай аз марзи 1 миллиард доллар гузаштааст, ки ин тақрибан нисфи тамоми қарзҳои хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва асосан барои такмили сохторҳои зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони шоҳроҳҳо ва нақбҳо сарф шудаанд. Бар илова, Пекин ба Душанбе барои се соли оянда ваъдаи боз 6 миллиард доллар сармояи дигар додааст, ки нисфаш барои сохтани 400 километр бахши тоҷикистонии хатти чоруми лӯлаи гази Осиёи Марказӣ – Чин ихтисос дода хоҳад шуд. Ҳамин тавр, дар моҳи сентябр бонки давлатии Чин бо имзои як қарордод бо Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳифзи қурби пули сомонӣ 3,2 миллиард юан, муодили тақрибан 500 миллион доллар ёрии иқтисодӣ ҷудо мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои чиниаш Сӣ Ҷинпин дар ноҳияи Рӯдакӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои чиниаш Сӣ Ҷинпин дар ноҳияи Рӯдакӣ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Чин дар як марҳалаи хеле душвор дасти Душанберо гирифт ва дар иҷрои тарҳҳои муҳиме ҳамдастӣ кард. Ҷамолиддин Нуралиев ҳам дар мусоҳибаи як сол пешаш гуфта буд, дар Душанбе нигарониҳо аз имкони афзоиши вобастагии кишвараш аз Чинро дарк мекунанд, вале барои рафъи оқибатҳои рукуди иқтисодии Русия ба сармоя сахт ниёз доранд. Ба гуфтаи ӯ, Душанбе марзи ниҳоияш дар рӯи экспансияи Чинро хоҳад кашид, “вале на имрӯз. Мо бояд як рискро бо риски дигар мутавозин кунем.”

Нашрияи русии “Ведомости” рӯзторӯз боризтар шудани ҷойгоҳи сармояи Чин дар Осиёи Марказӣ ва батадриҷ аз курсии “бародари калонӣ”-и кишварҳои ин минтақа танг кардани Русияро раванде тақрибан бебозгашт ба қалам медиҳад ва менависад, “фаъолияти Чин дар тамоми бахшҳо меафзояд ва дигар ғайри қобили тасаввур аст, ки сармояи Ғарб ё Русия битавонад Чинро аз ин арса танг кунад.”

Ба ҳисоби профессори рус Владислав Иноземтсев, ҳаҷми сармояи Чин ба Қазоқистон, Узбакистон ва Туркманистон – алакай аз ҳаҷми сармояи Русия ба ин се кишвари нафту газхези Осиёи Марказӣ 10,7 маротиба бештар шудааст ва дар дурнамо ин таносуб, ба ақидаи ӯ, боз ҳам хоҳад афзуд. Вале на ба нафъи Русия.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG