Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳимояти Чин аз амалиёт алайҳи генерал Назарзода


Моҳи маи соли 2014: президентони Тоҷикистону Чин - Эмомалӣ Раҳмон ва Сӣ Ҷинпин дар ҳошияи нишасти байналмилалии ҳамкориву эҷоди эътимод

Моҳи маи соли 2014: президентони Тоҷикистону Чин - Эмомалӣ Раҳмон ва Сӣ Ҷинпин дар ҳошияи нишасти байналмилалии ҳамкориву эҷоди эътимод

Чин аз иқдомоти давлати Тоҷикистон барои таъмини суботу амнияти кишвараш ҳимоят кардааст.

Дар ҳоле, ки амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ дар дараи Ромит алайҳи генерал-майор Абдуҳалим Назарзода ва ҳамроҳонаш идома дорад, ҳукумати Чин аз иқдомоти давлати Тоҷикистон барои таъмини суботу амнияти кишвараш ҳимоят кардааст.

Расонаҳои минтақавӣ рӯзи панҷшанбеи 10 сентябр ба нақл аз Хун Лэй, намояндаи вазорати корҳои хориҷии Чин навиштаанд, ки “ҷониби Чин ба ҳодисаҳори ахири ҳамла ба пулис дар Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ менигарад ва ҳамчун ҳамсояи наздик ва шарики стратегӣ иқдомоти ҳукумати Тоҷикистон дар заминаи таъмини суботу амнияти миллиро ҳимоят мекунад”. Ба таъкиди ҷаноби Лэй, Чин минбаъд низ омодаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф, бахусус амният ба хотири таъмини сулҳу субот мебошад.

Пуштибонии Чин аз ҳукумати Тоҷикистон дар заминаи таъмини сулҳу субот дар ҳолест, ки 6 рӯз инҷониб дар дараи Ромит, 50-километрии шарқи пойтахт амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ алайҳи гурӯҳи муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон генерал-майор Абдулҳалим Назарзода идома дорад. Ин ҳодиса рӯзе рух дод, ки президент Раҳмон аз сафари Пекин ба Душанбе баргашт. Дар Чин дар баробари як сафари корӣ ва мулоқот бо мақомоти ин кишвар, Эмомалӣ Раҳмон дар маросимҳои бахшида ба 70-солагии ҷашни ғалаба бар фашизми нозӣ иштирок кард.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бомдоди рӯзи ҷумъаи 4 сентябр генерал Назарзода ҳамроҳ бо гурӯҳаш ба Шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Ваҳдат ва ходимони ОМОН - нирӯҳои махсуси Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар гардиши фурудгоҳи Душанбе даргир шуда бо ҳамин ба сӯи дараи Ромит фирор кард. Дар ин ҳодиса 9 ходими милиса кушта шудааст. Шоми ҳамон рӯз бо фармони раисҷумҳур “бо сабаби содир кардани ҷиноят” Назарзода аз вазифа озод карда шуд. Мақомот дар паи роҳандозии амалиёти зидди тарафдорони генерали фирорӣ, то имрӯз ҳадди аққал 60 нафарро боздошт ва 18 нафарро ба ҳалокат расониданд. Вале то ба ҳол маҳалли будубоши худи генерал маълум нест.

Аз ин қабл Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия низ, дар як сӯҳбати телефонӣ бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои Душанбе барои ба эътидол овардани вазъ дар кишвар пуштибонӣ карда буд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ин сӯҳбати телефонӣ бегоҳи 5 сентябр сурат гирифт: "Раисиҷумҳури Русия баъд аз иттилоъ ёфтан аз вазъ дар Тоҷикистон таъйиди комили ҷониби Русияро бо саъю кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият иброз дошт."

Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон ба тавофуқ расидаанд, ҳангоми нишасти сарони кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки рӯзи 15 сентябр дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, мулоқот кунанд. ​

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG