Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шикасти 2 паҳлавони тоҷик дар Бозиҳои Осиё


Ду гуштигири тоҷик дар сабқати дзюдо дар Бозиҳои Осиё шикаст хӯрданд. Тими Тоҷикистон то имрӯз дар ин мусобиқот ягон медал ба даст наовардааст.

Дар сабқати дзюдо ду варзишгари тоҷик – Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг) – шоми имрӯз, 22-юми сентябр, барои медалҳои биринҷӣ бо мизбонон – варзишгарони Кореяи ҷанубӣ мубориза бурданд. Комроншоҳ аз Донгҳан Гвак дар сабқати иловагӣ ва Муҳаммадмурод аз Сунгмин Ким дар замони асосӣ бо гирифтани “шидо” (огоҳӣ) шикаст хӯрданд. Дар натиҷа Комроншоҳ ва Муҳаммадмурод ҷойҳои 5-умро гирифтанд. Варзишгари дигари тоҷик Расул Абдушарифов (-66 кг) ду рӯз пеш ҷойи 5-умро соҳиб шуда буд.

41 медали Чин дар Бозиҳои Осиё

Дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчон дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо мунтахаби Чин ба ҷойи аввал баромад. Варзишарони Чин то ҳол ҳамагӣ 41 медал – 17 тилло, 12 нуқра ва 12 биринҷӣ ба даст овардаанд. Мунтахаби Кореяи ҷанубӣ н бо касби 34 медал - 13 нишони тилло, 11 нуқра ва 10 биринҷӣ - дар мақоми дувум аст. Варзишгарони Ҷопон бо касби 28 медал - 7 нишони тилло, 9 нуқра ва 12 биринҷӣ дар мақоми севуманд.

Тими Кореяи Шимолӣ (3 тилло ва 4 биринҷӣ) дар мақоми 4-ум ва мунтахаби Муғулистон (2 тилло, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ) дар мақоми 5-ум мебошанд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 22 кишвар медалҳои Бозиҳои XVII осиёиро ба даст овардаанд ва намояндагони13 кишвар ба унвони қаҳрамони бозиҳо мушарраф шудаанд.

Аз кишварҳои Осиёи марказӣ мунтахаби Қазоқистон бо 2 нишони тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ дар ҷойи 6-ум, Туркманистон бо 1 медали нуқра дар ҷойи 17-ум ва Узбакистон бо 1 медали биринҷӣ дар ҷойи 21-ум қарор доранд. Вале варзишгарони Қирғизистону Тоҷикистон то ҳоло медал нагирифтаанд.

Аммо дастаи мунтахаби футболбозони то 23-солаи Тоҷикистон (U-23) дар даври сеюми мусобиқоти гурӯҳии Бозиҳои XVII осиёӣ бар тими Умон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ ёфтааст. Рақиби мунтахаби Тоҷикистон дар 1/8 финал ғолиби гурӯҳи «D» - мунтахаби Ироқ - мебошад. Ин бозӣ 26-уми сентябр дар варзишгоҳи «Хвасон»-и шаҳри Хвасон соати 12.00 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Дар Бозиҳои XVII осиёӣ, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ барпо мегарданд, ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули беш аз 150 нафар, аз он ҷумла 92 варзишгар, ки 16 нафарашон занонанд, ширкат меварзад.

Дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ варзишгарони тоҷик аз рӯи 16 намуд - бокс, дзюдо, гуштини озод, гуштини юнониву румӣ, варзиши сабук, тирандозӣ, футбол, шиноварӣ, каратэ, таэквондо ВТФ, вазнабардорӣ, камонварӣ, ушу, софт теннис, қаиқронӣ ва волейболи соҳилӣ рақобат мекунанд.

Бояд тазаккур дод, ки мунтахаби Тоҷикистон сар аз соли 1994 барои бори шашум дар Бозиҳои осиёӣ ширкат меварзад. Дар Бозиҳои пешин варзишгарони тоҷик ҳамагӣ 16 медал ба даст овардаанд, ки сетоаш тилло, дутоаш нуқра ва ёздаҳтоаш биринҷӣ мебошад. Аз он ҷумла, ду медали тилло ба Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, мансуб аст. Як медали дигари тиллоро Ҷаҳон Қурбонов, муштзани маъруфи тоҷик, ба даст овардааст.

Дарвоқеъ, варзишгарони тоҷик соли 2010 дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар шаҳри Гуанҷоуи Чин 4 медал (1 тилло ва 3 биринҷӣ) ба даст оварда буданд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо натиҷаи 76 метру 44 сантиметр бо медали тилло сарфароз гаштааст. Расул Боқиев дар риштаи дзюдо дар вазни то 73 кг ва Муродҷон Тӯйчиев дар намуди гуштини юнониву румӣ дар вазни 120 кг ва Ҷаҳон Қурбонов дар риштаи бокс дар вазни то 91 кг бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шудаанд.

Дар Бозиҳои XVII осиёӣ варзишгарони 45 кишвар барои 439 маҷмӯи медалҳо оид ба 36 намуд сабқат мекунанд.

ҶАДВАЛИ МУСОБИҚОТИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР БОЗИҲОИ XVII ОСИЁӢ ДАР ИНЧОНИ КОРЕЯИ ҶАНУБӢ

22 сентябр (душанбе)

ТИРПАРРОНӢ. Мардон. 10 м (милтиқ). 09.00-12.15

ВОЛЕЙБОЛИ СОҲИЛӢ. Мардон ва занон. 09.00-18.00

ШИНОВАРӢ. Мардон. 50 м (усули озод). 09.00-12.00 19.00-20.54

ДЗЮДО. Мардон. -90 кг, -100 кг, +100 кг. 14.00-17.00 19.00-21.30

ВАЗНАБАРДОРӢ. Мардон. -69 кг. 14.00-15.30

23 сентябр (сешанбе)

ВОЛЕЙБОЛИ СОҲИЛӢ. Мардон ва занон.09.00-18.00

КАМОНВАРӢ. Мардон ва занон.10.00-12.20 14.30-16.20

ДЗЮДО. Сабқати дастаӣ.14.00-22.00

24 сентябр (чоршанбе)

ШИНОВАРӢ. Мардон. 50 м (баттерфляй). 09.00-11.30 19.00-19.09

ВОЛЕЙБОЛИ СОҲИЛӢ. Мардон ва занон. 09.00-18.00

ВАЗНАБАРДОРӢ. Мардон. -69 кг. 14.00-21.30

БОКС. Мардон. -56 кг, -60 кг. 14.00-17.00 19.00-21.30

25 сентябр (панҷшанбе)

ШИНОВАРӢ. Мардон. 100 м (усули озод). 09.00-11.30

Мардон. 50 м (брасс). 09.00-11.30

Мардон. 50 м (усули озод). 09.00-11.30

БОКС. Мардон. -49 кг, -75 кг.14.00-17.00 19.00-21.30

ВАЗНАБАРДОРӢ. Мардон. -94 кг. 21.00-21.30

26 сентябр (ҷумъа)

БОКС. Мардон. -91 кг.14.00-17.30 19.00-23.00

27 сентябр (шанбе)

ВАРИШИ САБУК. Давидан, 1500 м. Мардон. 10:30-22.25

Гурзандозӣ. Мардон.18.45-20.15

Давидан, 400 м. Мардон. 21:00-22.25

ГУШТИНИ ОЗОД. Мардон. -57 кг, -70 кг. 13:00-17:00

ҚАИҚРОНӢ ДАР БАЙДАРКА ВА КАНОЭ. Мардон. К1 1000 м, К1 200 м, С1 200 м, К2 200 м. 10:00 – 12:15 14:00-15:05

БОКС. Занон. -51 кг, -60 кг. 14.00-18.00

28 сентябр (якшанбе)

ВАРЗИШИ САБУК. Давидан, 1500 м. Мардон.10:30-11.15

Бисёрҳарба. Занон.10:00-11.15

ГУШТИНИ ОЗОД. Мардон. -65 кг, -97 кг. 13:00-17:00

29 сентябр (душанбе)

СОФТ ТЕННИС. Мардон. (Singles/ 09:00-18:29

ВАРЗИШИ САБУК. Бисёрҳарба. Занон. 10:00-11.15

ГУШТИНИ ОЗОД. Мардон. -61 кг, -74 кг, -86 кг. 13:00-17:00

30 сентябр (сешанбе)

ТАЭКВОНДО. Мардон. -74 кг, -87 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

Занон. -49 кг, -87 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

ГУШТИНИ ЮНОНИВУ РУМӢ. Мардон. -59 кг, -98 кг. 13:00-17:00

ВАРЗИШИ САБУК. Давидан, 200 м. Мардон. 19:45-22.05

Давидан, 800 м. Мардон. 20:40-22.05

1 октябр (чоршнбе)

ГУШТИНИ ЮНОНИВУ РУМӢ. Мардон. -66 кг, -130 кг. 13:00-17:00

19:00-21:00

ТАЭКВОНДО. Мардон. -80 кг, +87 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

Занон. -57 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

2 октябр (панҷшанбе)

СОФТ ТЕННИС. Мардон. (Doubles) 09:00-14:30

ТАЭКВОНДО. Мардон. -63 кг, -68 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

3 октябр (чумъа)

ТАЭКВОНДО. Мардон. -54 кг, -68 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

КАРАТЭ. Мардон. Кумитэ. -60 кг. 11:50-16:50. Занон. +73 кг

Эзоҳ: агар варзишгарон ва дастаҳо ба даври баъдӣ роҳ ёбанд, он гоҳ аз рӯи ҷадвали Бозиҳои XVII осиёӣ сабқатро идома медиҳанд. Замони баргузории мусобиқот бо вақти маҳаллист.

Нарзуллоҳи Латиф, Инчон, Кореяи ҷанубӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG