Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули беш аз 150 нафар, аз он ҷумла 92 варзишгар, дар Бозиҳои XVII-и осиёӣ ширкат меварзад.

Дар Бозиҳои XVII-и осиёӣ, ки аз 19 сентябр то 4 октябр дар шаҳри Инчони Куриёи Ҷанубӣ барпо мегарданд, 92 варзишгар, аз он ҷумла 16 зан, оид ба 16 намуди варзиш рақобат мекунанд.

Дар айни ҳол мунтахаби футболи Тоҷикистон (U-23), ки аз ҳама пеш сабқати гурӯҳиро 14 сентябр шурӯъ кард, инчунин, ашхоси расмӣд ар Деҳаи бозиҳо, ки 12 сентябр расман боз шудааст, ба сар мебаранд. Дар ин ҷо барои ҳайатҳои варзишии 45 кишвари қораи Осиё тамоми шароитҳо муҳайёст. Дар 22 бинои истиқоматӣ дар ҷараёни бозиҳо беш аз 12 ҳазор кас зиндагӣ мекунанд. Ошхонаи деҳа, ки масоҳаташ 10 000 метри мураббаъ буда, дар як шабонарӯз 23 соат кор мекунад, дар як вақт имкон дорад ба 3500 нафар хидмат расонад.

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ варзишгарони тоҷик аз рӯи 16 намуд - бокс, дзюдо, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, варзиши сабук, тирандозӣ, футбол, шиноварӣ, каратэ, таэквондо ВТФ, вазнабардорӣ, камонварӣ, ушу, софт теннис, қаиқронӣ ва волейболи соҳилӣ ширкат хоҳанд кард. Бозиҳои XVII осиёӣ барои варзишгарони мо имтиҳони ҷиддиест пеш аз ширкат дар мусобиқоти интихобӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразилия.”

Муштзани машҳур Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012, дар маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои XVII осиёӣ, ки 19 сентябр соати 18:00 ба вақти Инчон (соати 14:00 ба вақти Душанбе) баргузор мешавад, парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон мебошад.

Бояд тазаккур дод, мунтахаби Тоҷикистон сар аз соли 1994 барои бори шашум дар Бозиҳои осиёӣ ширкат хоҳад кард. Дар Бозиҳои пешин варзишгарони тоҷик ҳамагӣ 16 медал ба даст овардаанд, ки сетоаш тилло, дутоаш нуқра ва ёздаҳтоаш биринҷӣ мебошад. Аз он ҷумла, ду медали тилло ба Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, мансуб аст. Як медали дигари тиллоро Ҷаҳон Қурбонов, муштзани маъруфи тоҷик, ба даст овардааст.

Ба назари коршиносони соҳа дар Бозиҳои XVII осиёӣ аз варзишгарони тоҷик дар риштаҳои варзиши сабук, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, бокс, дзюдо, таэквон-до ВТФ ва ғайра натиҷаҳои баландро чашмдор шудан мумкин аст.

Дарвоқеъ, варзишгарони тоҷик соли 2010 дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар шаҳри Гуанҷоуи Чин 4 медал ( 1 тилло ва 3 биринҷӣ) ба даст оварда буданд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо натиҷаи 76 метру 44 сантиметр бо медали тилло сарфароз гаштааст. Расул Боқиев дар риштаи дзюдо дар вазни то 73 кг ва Муродалӣ Тӯйчиев дар намуди гуштии юнониву румӣ дар вазни 120 кг ва Ҷаҳон Қурбонов дар риштаи бокс дар вазни то 91 кг бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шудаанд.

БА ҲАЙАТИ ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ИНҲО ШОМИЛАНД:

Умаров Ёқубҷон – шиноварӣ

Алӣ Cомон Алиаҳмадзода – шиноварӣ

Хоркашев Рамзиёр – шиноварӣ

Қурбонов Олимҷон - шиноварӣ

Қосимов Раҷабмурод - шиноварӣ

Зубайдова Фирӯза - камонварӣ

Нам Роберт - камонварӣ

Назаров Дилшод - варзишисабук

Қуралов Фарҳод - варзишисабук

Пронженко Кристина - варзишисабук

Пронженко Александр - варзишисабук

Атабoев Даврон - варзишисабук

Веглина Светлана - бокс

Ҷафоев Наврӯз - бокс

Чориева Мавзуна - бокс

Юнусов Анвар - бокс

ҚурбоновҶаҳон - бокс

Расулов Муродҷон - бокс

Воҳидов Асрор - бокс

Ғафуров Абдусаттор - қаиқронӣ

Даминов Шаҳриёр - қаиқронӣ

НурмуҳаммадиТоҳирӣ - қаиқронӣ

Сериков Виталий - қаиқронӣ

Тӯйчиев Алишер - футбол

Гадобоев Муминҷон - футбол

Азимов Бахтиёр - футбол

Шарипов Алишер - футбол

Асроров Сиёвуш - футбол

Бекназаров Хуршед - футбол

Улмасов Наим - футбол

Назаров Аҳтам - футбол

Давронов Нуриддин - футбол

Ҷалилов Ромиш - футбол

Ҷӯрабоев Амирбек - футбол

Шарипов Умед - футбол

Фатҳуллоев Фатҳулло - футбол

Саидов Абдулло - футбол

Пайзов Расул - футбол

Ғаффоров Шодибек - футбол

Эргашов Ҷаҳонгир - футбол

Восиев Дилшод - футбол

Абдураҳмонов Муҳаммадмурод - дзюдо

Комроншоҳи Устопириён - дзюдо

Қурбоналиев Додохон - дзюдо

Аминов Каъбатулло - дзюдо

Расулов Сайидмухтор - дзюдо

Абдушарипов Расул - дзюдо

Раҳимов Фарҳод - дзюдо

Давлатов Сафаралӣ - каратэ

Ёров Далер - тирпарронӣ

Валиев Тоҷиддин - тирпарр

Усмонов Умед - тирпарронӣ

Козак Анастасия - тирпарронӣ

Лапшина Любов - тирпарронӣ

Лагутенко Малика - тирпарронӣ

Шомаҳмадова Аниса - тирпарронӣ

Ахмедова Сабрина - тирпарронӣ

Қучқoров Эраҷбек - тирпарронӣ

Шерматов Ҷаъфар - тирпарронӣ

Арутюнян Нурмуҳаммад - тирпарронӣ

Гулов Алишер - таэквондо

Ҳалимова Моҳрӯ - таэквондо

Неъматов Фарҳод - таэквондо

Раҷабова Фарзона - таэквондо

Каримов Давлатмурод - таэквондо

Шарипова Маҳбуба - таэквондо

Алишерова Адолатхон - таэквондо

Ҳамидов Наврӯз - таэквондо

Каримов Шаҳриёр - таэквондо

Ғиёсов Хусрав - таэквондо

Яҳёев Мирҳусейн - софт-теннис

Раҷабалиев Неъматулло - софт-теннис

Диловаршоева Малика - волейбол

Рустамзода Мӯҳсин - волейбол

Ёрзода Шариф - волейбол

НазироваШаҳноза - волейбол

Сангов Низом - вазнабардорӣ

ШукуровАзизҷон - вазнабардорӣ

Искандари Рустам - гуштиниозод

Юсупов Залимхан - гуштиниозод

ҚодировБаҳодур - гуштиниозод

ВоҳидовСомиршо - гуштиниозод

УсмонзодаФарҳод - гуштиниозод

Ноев Николай - гуштиниозод

Азамат Сӯфиев - гуштиниозод

Шарифзода Азизбек - гуштиниюнонивурумӣ

Облобердиев Хусрав - гуштиниюнонивурумӣ

Тӯйчиев Муродҷон - гуштиниюнонивурумӣ

Абдуллоев Ҳабибулло - гуштиниюнонивурумӣ

Раҳмонова Машваа - ушу

Гулмамaдов Сиёвуш - ушу

Хуршедзода Мирзодалерхон - ушу

ҶАДВАЛИ МУСОБИҚОТИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР БОЗИҲОИ XVII ОСИЁӢ ДАР ИНЧОНИ КОРЕЯИ ҶАНУБӢ

17 сентябр (чоршанбе)

ФУТБОЛ. 17.00. Тоҷикистонн – Фаластин

19 сентябр (ҷумъа)

18.00. МаросимиифтитоҳиботантанаиБозиҳоиXVIIосиёӣ

20 сентябр (шанбе)

ВОЛЕЙБОЛИ СОҲИЛӢ. Мардон ва занон. 09.00-18.00

УШУ. Мардон ва занон. 09.00-11.50 14.00-16.30 19.00-22.20

ТИРПАРРОНӢ. 10 м (милтиқ ва туфанг). Мардон. 08.00-13.35. 09.30-14.00

ДЗЮДО. Мардон. -60 кг, -66 кг. 14.00-17.32. 19.00-21.00

21 сентябр (якшанбе)

ШИНОВАРӢ. Мардон. 100 м. Брасс. 09.00-11.30

ТИРПАРРОНӢ. Мардон. 10 м (туфанг). 09.00-10.15 11.30-12.00

ДЗЮДО. Мардон. -73 кг, -81 кг. 14.00-18.00 19.00-21.30

ВОЛЕЙБОЛИ СОҲИЛӢ. Мардон ва занон. 09.00-18.00

ФУТБОЛ. 17.00. Тоҷикистон - Умон

УШУ. Мардон. -70 кг. 19.00-19.40

22 сентябр (душанбе)

ТИРПАРРОНӢ. Мардон. 10 м (милтиқ). 09.00-12.15

ВОЛЕЙБОЛИ СОҲИЛӢ. Мардон ва занон. 09.00-18.00

ШИНОВАРӢ. Мардон. 50 м (усулиозод). 09.00-12.00 19.00-20.54

ДЗЮДО. Мардон. -90 кг, -100 кг, +100 кг. 14.00-17.00 19.00-21.30

ВАЗНАБАРДОРӢ. Мардон. -69 кг. 14.00-15.30

УШУ. Мардон. -70 кг. 22.20-23.00

23 сентябр (сешанбе)

ВОЛЕЙБОЛИ СОҲИЛӢ. Мардон ва занон.09.00-18.00

КАМОНВАРӢ. Мардонвазанон.10.00-12.2014.30-16.20

ДЗЮДО. Сабқати дастаӣ.14.00-22.00

24 сентябр (чоршанбе)

ШИНОВАРӢ. Мардон. 50 м (баттерфляй). 09.00-11.30 19.00-19.09

ВОЛЕЙБОЛИ СОҲИЛӢ. Мардон ва занон.09.00-18.00

ВАЗНАБАРДОРӢ. Мардон. -69 кг. 14.00-21.30

БОКС. Мардон. -56 кг, -60 кг. 14.00-17.0019.00-21.30

25 сентябр (панҷшанбе)

ШИНОВАРӢ. Мардон. 100 м (усули озод). 09.00-11.30

Мардон. 50 м (брасс). 09.00-11.30

Мардон. 50 м (усули озод). 09.00-11.30

БОКС. Мардон. -49 кг, -75 кг.14.00-17.00 19.00-21.30

ВАЗНАБАРДОРӢ. Мардон. -94 кг. 21.00-21.30

26 сентябр (ҷумъа)

БОКС. Мардон. -91 кг.14.00-17.30 19.00-23.00

27 сентябр (шанбе)

ВАРИШИ САБУК.Давидан, 1500 м. Мардон. 10:30-22.25

Гурзандозӣ. Мардон.18.45-20.15

Давидан, 400 м. Мардон. 21:00-22.25

ГУШТИНИ ОЗОД. Мардон. -57 кг, -70 кг. 13:00-17:00

ҚАИҚРОНӢ ДАР БАЙДАРКА ВА КАНОЭ. Мардон. К1 1000 м, К1 200 м, С1 200 м, К2 200 м. 10:00 – 12:15 14:00-15:05

БОКС. Занон. -51 кг, -60 кг. 14.00-18.00

28 сентябр (якшанбе)

ВАРЗИШИ САБУК. Давидан, 1500 м. Мардон.10:30-11.15

Бисёрҳарба. Занон.10:00-11.15

ГУШТИНИ ОЗОД. Мардон. -65 кг, -97 кг. 13:00-17:00

29 сентябр (душанбе)

СОФТ ТЕННИС. Мардон. (Singles/ 09:00-18:29

ВАРЗИШИ САБУК. Бисёрҳарба. Занон. 10:00-11.15

ГУШТИНИ ОЗОД.Мардон. -61 кг, -74 кг, -86 кг. 13:00-17:00

30 сентябр (сешанбе)

ТАЭКВОНДО. Мардон. -74 кг, -87 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

Занон. -49 кг, -87 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

ГУШТИНИ ЮНОНИВУ РУМӢ. Мардон. -59 кг, -98 кг. 13:00-17:00

ВАРЗИШИ САБУК. Давидан, 200 м. Мардон. 19:45-22.05

Давидан, 800 м. Мардон. 20:40-22.05

1 октябр (чоршанбе)

ГУШТИНИ ЮНОНИВУ РУМӢ. Мардон. -66 кг, -130 кг. 13:00-17:00

19:00-21:00

ТАЭКВОНДО. Мардон. -80 кг, +87 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

Занон. -57 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

2 октябр (панҷшанбе)

СОФТ ТЕННИС. Мардон. (Doubles) 09:00-14:30

ТАЭКВОНДО. Мардон. -63 кг, -68 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

3 октябр (ҷумъа)

ТАЭКВОНДО. Мардон. -54 кг, -68 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

КАРАТЭ. Мардон. Кумитэ. -60 кг. 11:50-16:50

Занон. +73 кг

Эзоҳ: Агар варзишгарон ва дастаҳо ба даври баъдӣ роҳ ёбанд, он гоҳ аз рӯи ҷадвали БозиҳоиXVII-и осиёӣ сабқатро идома медиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG