Пайвандҳои дастрасӣ

З.Ализода: "Таъсиси омбудсмени кӯдак саривақтӣ аст"(ВИДЕО)


Мақомоти тоҷик таъсиси идораи омбудсмен ва ё ваколатдори ҳуқуқи кӯдакро муҳим ва саривақтӣ медонанд. Вале ҳоло маълум нест, ки ин ниҳод дар назди идораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон амал хоҳад кард ва ё ҷои дигар.

Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон рӯзи 29 январ зимни нишасти хабарӣ таъсиси идораи омбудсмени кӯдак дар Тоҷикистонро як амри муҳим ва саривақтӣ хонд. Зеро ба таъкиди вай, ҳоло дар ҷомеаи даҳҳо нафар аз кӯдакон мавриди шиканҷа қарор мегиранд ва ҳуқуқҳояшон поймол мешавад.

Ба гуфтаи вай, содиршавии ҷиноят аз сӯи ноболиғон ва бархе мушкилиҳои дигар дар робита ба ҳаёти кӯдакон дар ҷомеа сабаб шуд, то дар кишвар ваколатдори ҳуқуқи кӯдак ташкил шавад. Ҷаноби Ализода аз мавориде чун гумшавии кӯдакон, аз ҷумла Осияи 5-сола, ки ҷасадашро аз Ҳисор пайдо карданд, ва ҳамчунин аз шиканҷаи кӯдакони ятим, нигаронӣ кард.

Ӯ ҳамчунин ба қазияи марги Зиёдбеки 17-сола, ки ду ҳафта пеш дар вилояти Суғд бар асари латтукӯби маъмурони бозори "Назари нек" ба ҳалокат расид, ишора кард ва онро намунаи рӯшани нақзи ҳуқуқи кӯдак донист. Зариф Ализода гуфт, ки чунин ҳодисаҳо аҳёнан рух медиҳанд, вале барои ҷомеа нигаронкунанда мебошанд.

Ҷаноби Ализода ҳамзамон гуфт, ки фаъолияти омбудсмени кӯдак дар кадом шакл сурат мегирад, ҳоло рӯшан нест. Ба гуфтаи вай, дар кишварҳое мисли Русия чунин ниҳод дар якҷоягӣ бо ваколатдори ҳуқуқи инсон фаъолият мекунад, вале муҳим нест, ки он дар якҷоягӣ таъсис пешавад ё ба шакли алоҳида. Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар ҳоле аз таъсиси омбудсени кӯдак дар Тоҷикистон хабар дод, ки президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 январ дар паёмаш бар парлумони Тоҷикистон, таъсиси ниҳоде барои ҳифзи ҳуқуқи кӯдаконро пешниҳод карда буд.

Бархе аз ҳуқуқдонҳои тоҷик бар ин назаранд, ки беҳтар аст омбудсмен ва ё ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон дар назди парлумон ва ё раёсати ҷумҳурӣ таъсис дода шавад. Ба қавли ҳуқуқдонҳои тоҷик ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, омбудсмени ё ваколатдори ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, худ аз ҳаводиси пурсарусадо канораҷӯӣ мекунад.

Аз таъсиси Омбудсмени ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон шаш сол сипарӣ мешавад, аммо ҳомиёни ҳуқуқи башар ин муддатро давраи имкониятҳои аздастрафта ва бидуни пешрафт меноманд. Ба гуфтаи онҳо, бо вуҷуди он, ки қонунгузории Тоҷикистон ба омбудсмен ваколатҳои зиёд додааст, вай то кунун натавонистааст аз ин зарфиятҳо истифодаи назаррас кунад. Ин аст, ки бархе аз ҳуқуқдонҳои тоҷик пешниҳод доранд, ки ниҳоди ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдак ҷудо аз идораи омбудсмен таъсис дода шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG