Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи шикастани сангу катибаи қабрҳо дар Айнӣ


Сангҳои тахрибшудаи болои мазор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. Моҳи майи 2012

Сангҳои тахрибшудаи болои мазор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. Моҳи майи 2012

Пулиси ноҳияи Айнӣ эълон кард, ки алайҳи шикастани сангу катибаҳои болои мазор дар рустои Ревад парвандаи ҷиноӣ боз мекунад. Шаби 18 ба 19 май афроди ношинос санги қариб 30 қабрро шикастаанд.

Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Айнии вилояти Суғд нисбат ба қазияи тахриб шудани сангу катибаҳои ҳудуди сӣ қабр дар деҳаи Ревади ин ноҳия парвандаи ҷиноӣ боз мекунад.

Муллонасим Носиров -- ноиби раиси Шӯъбаи корҳои дохилии Айнӣ рӯзи 23 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳоло гурӯҳи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар Ревад қарор дорад. Бо гузаштани се рӯз аз ин ҳодиса нисбат ба он парвандаи ҷиноӣ боз карда мешавад. Парванда аз рӯи моддаи 243-и Кодекси ҷиноӣ ифтитоҳ хоҳад шуд."

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, бар асоси қоида бо гузаштани се рӯзи корӣ аз замони бақайдгирии ҳодиса нисбат ба он парванда боз мешавад ва бинобар ин, онҳо то ин муддат интизор мондаанд. Ва моддаи 243-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки ба гуфтаи Муллонасим Носиров бар асоси он парванда ифтитоҳ хоҳад шуд, ба "таҳқири ҷасади фавтидагон ва гӯри онҳо" иртибот дорад.

Ин моддаи қонуни ҷиноӣ мегӯяд, "таҳқири ҷасади фавтидагон ё несту нобуд ё вайрон намудан ё касиф сохтани қабристони онҳо, сохтмонҳои рӯи қабр ё бинои гӯре, ки барои маросими дафн ё ёдбуди гузаштагон пешбинӣ шудаанд, бо ҷарима ба андозаи аз 300 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ ҷазо дода мешавад." Агар ҳамин амал аз ҷониби афрод бо маслиҳати пешакӣ, аз рӯи бадбинӣ ё хусумати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ бошад, аз ду то панҷ соли маҳрумият аз озодиро дар назар дорад.

Яке аз рустоҳои ноҳияи Айнӣ

Яке аз рустоҳои ноҳияи Айнӣ

Тахриби санги болои ҳудуди 30 қабр дар яке аз рустоҳои ноҳияи Айнии вилояти Суғд сокинони минтақаро сахт нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, афроди ношинос шаби 18 ба 19 майи соли ҷорӣ санги болои тақрибан 30 қабрро, ки навиштаҷоте бо ҳарфҳои кириллӣ доштаанд, пора-пора кардаанд.

Абдулхайрхон Хоҷаев, имомхатиби масҷиди деҳаи Ревад мегӯяд, ин ҳодисаро нахустин шуда, субҳи сешанбеи 19 май дидааст ва баъдан ба мақомот хабар додааст. Сироҷиддин Шарофиддинов, як сокини рустои Ревад, гуфт, ҳоло маъмурони пулис бо панҷ саги бӯйгир ба ин минтақа рафта, аз пайи таҳқиқи ҳодисаанд. Ба қавли ӯ, "мо баъдтар аз ин ҳодиса хабар ёфтем. Ташвиш шуда зуд ба мазор рафтам, ки мабодо санги мазори наздикони моро ҳам тахриб накарда бошанд. Воқеан, сангҳо шикаста ҳастанд ва ин кори дасти одам аст. Ҳоло, ки мегӯянд шояд ягон ҳайвон даромада шикаста бошад, ба ҳақиқат рост намеояд."

Як сокини дигари Ревад дар сӯҳбат ба мо гуфт, ин ҳодиса дар минтақаи онҳо бори аввал рух медиҳад ва ҳамагӣ ҳайронанд, ки санги болои гӯрҳо, ки солҳо боз истодаанд, акнун ба кӣ халал расондаанд? Ин ҳамсӯҳбати мо ҳарчанд дақиқ нагуфт, аммо ба гурӯҳҳое ишора кард, ки зидди "зеб" додани мазори сокинон бо сангу панҷараанд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, сангҳое, ки бо форсӣ ё арабӣ навиштаҷот доштаанд, тахриб нашудаанд.

Эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа

Эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа

Худсарона хароб кардани қабрҳо ва бар илова рабудани моли мурдагон, дар кишварҳои мусулмонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон мавзӯи ҳассос ба ҳисоб меравад. Рӯҳониёни тоҷик ҳам мегӯянд, худсарона шикастану хароб кардани қабрҳо ба чорчӯби одоб ва ахлоқи мусулмонӣ рост намеояд.

Эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа -- муовини раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, беэҳтиромӣ нисбат ба санги мазорҳо, чӣ аз нигоҳи шаръӣ ва аз нигоҳи қонунҳои дунявии кишвар, “амали разилона” аст. Вай афзуд: "Мардум ба хотри эҳтиром ба гузаштагонашон пул сарф карда дар сари қабр як санги нишона мегузоранд. Ҳеч кас ҳақ надорад, санги мазори падари касеро вайрон кунад. Касе ин корро кардааст, душмани миллат аст."

Эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа афзуд, ороиши зиёд дар сари қабр дар мазҳаби Имоми Аъзам ҳам тарғиб нашудааст, аммо ин мазҳаб ба мондани санги ишора дар сари мазор таҳаммулпазир аст. Ӯ мегӯяд, вале гурӯҳҳои навпайдои мазҳабӣ дар ин масъала мавқеи хеле ифротиро пеша кардаанд, ки қобили қабул нест.

Ин ҳодисаи дувуми тахриби санги болои мазор дар шимоли Тоҷикистон аст. Се соли пеш дар ҳамин шаб рӯз як гурӯҳи номаълум баъзе аз

Санги шикастаи болои мазор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. Соли 2012

Санги шикастаи болои мазор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. Соли 2012

қабрҳои мазори "Ҷаннут-ул-бақия" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро низ хароб карда буданд. Он замон сокинони ҷамоати Ёваи Бобоҷон Ғафуров низ аз ин ҳодиса изҳори ташвиш карда, онро кори дасти гурӯҳҳои навпайдои исломӣ дониста буданд, ки дар масҷидҳову маҳофил санг гузоштан, пӯшондан ва панҷара гирифтани қабрҳоро қабул надоранд ва бидъат мешуморанд.

Чанд соли пеш дар баъзе аз мазорҳои Хуҷанду Бобоҷон Ғафуров дуздии дандонҳои тилои мурдагон низ ба мушоҳида расида буд. Он вақт идораи умури дохилӣ дар бораи ин ҳодиса аз рӯи банди 243-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “таҳқири ҷасади фавткардагон ва гӯри онҳо” парванда боз карда баъди ҷустуҷӯҳои зиёд гӯрдуздон дастгир ва зиндонӣ шуданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG