Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз рӯйи таомули мусалмонӣ, қабристони ҳама пайравони ислом, чӣ доро ва чӣ нодор ягона аст.

Аммо гоҳе мушоҳида мешавад, ки бархе барои худу авлодашон ҳам оромгоҳ бунёд мекунанд. Мисли мадфанҳои ҷудогона дар қабристони умумӣ.

Як дӯстам нақл кард, ки чанд рӯз қабл вақти зиёрати қабрҳои пайвандонаш дар гӯристони Болтухони шаҳри Хуҷанд, дидани чунин гӯристони нави авлодӣ барояш ҳайратовар буд. Ба гуфтаи вай, чунин қабрҳои авлодӣ ё ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ - сағонаҳо бо мақбараву гумбадҳои худ дар бархе гӯристонҳои қадимаи Хуҷанд ҳам мавҷуданд. Аммо онҳо замонҳои қадим бунёд шудаанд. Бархеро ҳам асри гузашта бозсозӣ кардаанд. Аммо дар рӯзҳои мо, ки сокинон пойбанди мушкилоти зиёди иҷтимоӣ ҳастанд ва бештари одамонро фикри мурдаи худ неву зиндаи худ машғул медорад, бунёди чунин гӯристони авлодӣ дар байни қабристони умумӣ як навгонӣ аст. Аз ин рӯ ба дидани он гӯристони нави авлодӣ рафтам...

Мақбара ё гӯристони авлодӣ

Дар қисмати шарқии қабристони Болтухон байни теппаҳои гӯрҳои хокиву санги мазорҳо, як мақбараи боҳашамате қад афрохтааст. Он аз хишти пухта сохта шуда, бар болои гумбади осмонранги, шояд лоҷувардкориаш рамзи ҳилоли нав ҳам насб шудааст. Як намунаи хуби меъмории муосири тоҷик, ки барои оромгоҳи худ бунёд кардаанд. Пайроҳаи танги сементӣ ва зинае аз мармари сафеду сурх, то даромадгоҳи мақбара мебарад.

Нигаҳбони гӯристони Болтухон, акаи Эргаш, ки бо ман ҳамроҳӣ мекард, гуфт, ки ин қабристони авлодиро як соҳибкори миёнсол ва муваффақи маҳаллӣ бунёд кардааст. Вай афзуд: “Акаи Абдураҳим ин ҷоро чандин сол пеш, замони раиси ​қаблии Хуҷанд ҳуҷҷатӣ карда гирифта буданд. То ҳозира ҳамин мақбараро сохтанд. Барои авлодашон, зоташон. Дарунаш 7 – 8 қабр кофтан мешавад. Ҳозир холӣ. Ғайр аз ин ин пайраҳаи сементиро ҳам аз миёни қабристон ин кас сохтанд, ин қатори арчаҳоро ҳам шинонданд. Ин кас ва се - чор каси дасткушоди дигар қабристонро обод карданд.”

Чун дари мақбара баста буд, надидам даруни он чӣ рангу бор ва ороише дорад. Ба гуфтаи нигаҳбони гӯристон, гӯронидани фавтидагон дар ин қабристон бо тартиби ҷиддӣ ва ҳатман бо иҷозаи хаттии хадамоти дафн дар Хуҷанд сурат мегирад. Аҳолӣ зиёд шуда, ҷой барои гӯронидани мурдагон дар қабристон тангӣ мекунад ва сокинон ночоранд қабристонро васеъ ё дар ҷойи дигар наверо бунёд кунанд.

Дар ҷустуҷӯи соҳиби гӯристони авлодӣ

Баъди дидани гӯристони шахсӣ дар зеҳнам саволҳое пайдо шуданд, ки оё соҳибкори маҳаллӣ бо чӣ мақсад ин мақбараи муҳташамро бунёд карда бошад?
Фақат ба нияти он, ки қабраш аз барфу борон зуд фурӯ нараваду ояндагонаш онро миёни қабрҳои дигар зуд пайдо кунанд?

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатонам, гӯристони авлодиро Абдураҳим Исмоилов, сокини ҳамин маҳал, бунёд кардааст ва аз соҳибкорони муваффақи маҳаллӣ буда, дар бозори Панҷшанбе ба ҳайси раиси як бахши он фаъолият мекардааст. Аммо ӯро дар коргоҳаш пайдо накардам. Ва ҳамкоронаш гуфтанд, ки ҷаноби Исмоилов ба сафари тиҷоратӣ ба хориҷ аз Тоҷикистон рафтаву баъди соли нав бармегардад. Аз суҳбати пайвандонаш ҳам танҳо ҳамин қадар маълумам шуд, ки вай мақбараро ба хотири ёдгор ба ояндагонаш, ки сари қабрҳои авлодии худ омада, дуову фотеҳа хонанд, анҷом додааст.

Сокинон чӣ мегӯянд ?

Оё сокинони маҳаллаву намояндагони дин дар бораи гӯристонҳои авлодӣ чӣ мегӯянд? Бо чанд нафаре, ки баъди дуову фотеҳа аз сари қабри азизонашон бармегаштанд, дар ин бора ҳамсуҳбат шудам.

--«Ман тарафдор не, қабристон ба авлодӣ ҷудо шавад. Одамҳое ҳам ҳастанд, ки «нархи гӯр торафт қимат мешавад», гуфта, барои худашон қабр кофта мемонанд. Ё касоне, ки мехоҳанд дар гӯристони маҳали худ мадфун шудан мехоҳанду аз намондани ҷой хавотиранд. Ман ба онҳо гуфтам, ки «якбора санги гӯр ҳам тайёр карда, рӯзу соли вафотатона ҳам навишта монед.» Хотирҷамъ мешавем.»

--«Ман он мақбараро дидам, лекин ин кори шахсии вай, хостааст, - кардааст, ин кор ба дигарон дахл надорад. Гӯри ҳар кас ҷудо.»

--«Ба ҳар мусалмон шарт, ки кафанворию ҷойи қабрашро тайёр карда монад, яъне барои рафтан назди Аллоҳ омода аст. Аммо ба фикри ман, қабрҳои ҳама як хел бошад, беҳтар. Масалан, рӯйи қабрҳо рақам навишта монанд ва номи соҳибашро дар дафтар навишта монанд. Қабрҳои дорою нодора фарқ кунондан нағз не. Ин барои мурдаҳо не, барои зиндаҳо нағз не. Чунки назди худо шоҳу, гадо– баробар.»

--«Мақбараи болои қабристони авлодӣ аз ҷиҳати санъати меъморӣ бисёр олӣ. Ҷойи гап не, хеле сарфу меҳнат кардаанд, аммо аз нигоҳи исломӣ ин кори дуруст нест. Ин як худнамоишӣ.»

Баҳсҳои гӯр ва қабршиканӣ

Қабристон ҳарчанд аз они мурдаҳост, аммо соҳиби он зиндагонанд. Аз гуногунии қабрҳо дар гӯристонҳои вилояти Суғди аз ихтилофоти мазҳабии соҳибони онҳо низ метавон пай бурд. Бархе бардоштани санги ёдгору бетонпӯш кардани болои қабрро ҷоиз намешуморанд, ки ба рустани гиёҳу тасбеҳ гуфтани онҳо монеъ мешавад, бисёр мусалмонони тоҷик сари гӯр гузоштани сурати фавтидаро «гуноҳи бузург» ва муҷиби азоби гӯр дидани вай медонанд. Иддае аз муллоҳову сокинони оддӣ дар бунёди сағонаву мақбара ва бунёди қабристон гуноҳе намебинанд, аммо бархе дигар ин амалро «тақлид ба урфу одати насрониён» ва «ҳаром» эълон мекунанд. Вале Тоҷикистон, ки як давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ аст, мақомоти расмии динӣ ҳам сари ин масъала ақидаи худро баён ва тартиби ягонае таъйин накардаанд.

Дар ҳоле ки гоҳе баҳсҳои лафзӣ сари ин масъалаҳо ба макони хамӯшон кӯчида, шабона афроди зидди суратгузорӣ рӯйи аксҳои сангҳои мазор ранг молида нонамоён ё хароб мекунанд. Миёнаҳои соли равон шабе афроди номаълум даҳҳо санги болои қабрҳои гӯристони «Ҷаннат - ул - бақия» - ро дар ноҳияи Ғафуров хароб карданд. Мақомоти интизомӣ парванда боз карда, ба тафтиши қазия пардохтанд, вале то ҳол натавонистанд қабршиканҳоро дастгир кунанд.

Назари муовини раҳбари Шӯрои уламои Суғд

Ба хотири фаҳмидани назари масъулони шӯрои уламо ба дафтари кории онҳо, воқеъ дар шафати масҷиди ҷомеаи Шайх Муслиҳиддин рафтам. Хоҷамир Хоҷамиров, муовини раҳбари Шӯрои уламо, аз донишмандони исломии Суғд дар посух ба саволам, ки оё мақбараву сағона бардоштан ва дар қабристони умумӣ гӯри авлодӣ сохтан дуруст аст, гуфт, дини ислом дар болои қабр гузоштани мақбараву сағонаҳоро манъ мекунад. Дар ривояте аз ду ҳамсари Пайғамбар (с.) аз қавли он кас омадааст, ки дар болои қабр мақбара бардоштану ороиш додан ва ба зиёратгоҳ табдил додан муҷиби азоби шахси дар он қабр хобида мешавад, ҳарчанд одами хуб бошад ҳам. Вай афзуд:

Хоҷамир Хоҷамиров, муовини раҳбари Шӯрои уламо дар вилояти Суғд.

Хоҷамир Хоҷамиров, муовини раҳбари Шӯрои уламо дар вилояти Суғд.

«Вале Пайғамбар (с.) дар ҳадисе мегӯянд, ки шумо бояд қабри худро шиносед. Аз барои ҳамин дар назди мазҳаби имом Абу Ҳанифа (р. а.) барои шинохтани қабр дар болои он ягон нишона аз санг мондан ҷоиз дониста мешавад. Он чизи оташзада набошад. Чунки пайғамбар (с.) аз мондани чизҳои оташрасида ба болои қабр манъ кардаанд. Далели дигар. Дар Арабистони Саъудӣ, дар қабристони «Ҷаннат - ул - бақия», ки 70 ҳазор саҳоба дафн шудаанд, ба ҷуз чанд санг, ягон нишонае надидем. Ин ба парҳез аз хароҷот ва таколифи зиёдатӣ далолат мекунад. Парвардигор дар ояти Қуръон мегӯяд, ки шумо молҳои худро исроф накунед. Мо моли худро дар ҷойе сарф кунем, ки манфиат надиҳад, он исроф ҳисоб мешавад. Ва ҳамон сағонаву мақбара бардоштан болои қабристон ҳам исроф аст. Ва худованд исрофкоронро дӯст намедорад.»

Муовини раҳбари Шӯрои уламои Суғд афзуд, масъалаи манъ будани мақбарасозиву суратгузорӣ болои қабрҳо дар маҳфилу ҷамъомадҳо аз ҷониби ин ниҳод таъкид мешавад, аммо бо ин вуҷуд бархе афрод риоят намекунанд ва замони зинда будани худ сағона бунёд мекунанд. Ин ҳолат баҳсҳои доманадореро дар миёни сокинон ба миён овардааст, ки гоҳе бо иҳонат ба гӯрҳо анҷом шудааст.

Шӯрои уламо танҳо ба тариқи маслиҳат ба сокинон масъалаҳои диниро матраҳ мекунад, аммо иҷоза ба гӯру чӯби одамон ва тақсими ҷой дар қабристонҳоро хадамоти дафн, як идораи тобеъи ҳукумат бар уҳда дорад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG