Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парванда алайҳи ронанда. Барои "кашола" кардани нозири роҳ (ВИДЕО)


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, алайҳи ронандае, ки корманди Бозрасии давлатии автомобилиро рӯи капоташ тақрибан 100 метр бурд ва аз ҷойи ҳодиса фирор кард, парванда боз кардаанд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, алайҳи ронандае, ки корманди бозрасии давлатии автомобилиро рӯи капоташ тақрибан 100 метр бурд ва аз ҷойи ҳодиса фирор кард, парванда боз кардаанд. Дар раёсати бозрасии давлатии автомобилии Душанбе рӯзи 23-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, баъди гурехтан аз ҷойи ҳодиса, нозирони роҳ ронандаи “Опел”-ро дастгир карданд ва мошинашро ба ҷаримагоҳ оварданд. Навбатдори раёсат афзуд, ба сабаби дар истироҳат будани муфаттишони парванда, ному насаби ронанда ва нозири роҳро гуфта наметавонад.

Дар видеои ҷанҷоли ронанда бо нозир, ки рӯзи 20-уми март дар Фейсбук нашр шуд, як нозири роҳ дар шаҳри Душанбе андохта кӯшиш мекунад, мошинеро нигаҳ дорад. Рӯзи вуқӯи ҳодиса маълум нест. Дар ин видео, ки дар марказ ва маҳаллаи маъруф бо номи Садбарг бардошта шудааст, корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ худро болои мошине андохта ва талаб мекунад, ки ронанда мошинро нигаҳ дорад, вале ронанда маъмури пулисро бештар аз сад метр болои мошинаш мебарад. Як нафар ҳам бо муроҷиат ба нозири роҳ мегӯяд, ки аз болои мошин поин биёд ва иҷоза диҳад, ки ронанда ба ҳаракаташ идома диҳад. Коре, ки нозири роҳ намекунад ва баъдан аз болои мошин поён меояд ва ронандаи фирориро дашном медиҳад.

Видеои мазкурро дар Фейсбук бештар аз 10 ҳазор нафар дидаанд ва ба навиштаи яке аз корбарон, ки шоҳиди ҳодиса будааст, нозири роҳ, мошинро, ки таксии хати сайри 8 будааст. Ба гуфтаи вай, вақте нозири роҳ мошинро нигаҳ дошт ӯ наистод ва баъдан ба корманди бозрасии автомбилӣ муяссар шуд, ӯро дар “пробка” дошт ва пеши роҳашро гирифт. Навори мазкур тайи се рӯзи ахир дар Фейсбук ва Однокласники аз даст ба даст мегардад ва корбарони Фейсбук онро тақрибан 700 маротиба ба ҳам фиристодаанд ва баҳси зиёде дар атрофи он идома дорад. Итоат накардан ба нозирони роҳ ва бо вуҷуди амри кормадони бозрасии давлатии автомобилӣ нигаҳ надоштани мошин ва фирор дар Тоҷикистон зиёд рух медиҳад, вале ингуна ҳодиса бори аввал аст, ки рӯи навор меояд.

Аксарияти корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар шарҳи ин видео, гуфтаанд, ки худи кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ бо тамаъҷӯӣ ва ришваситонӣ ҷони ронандаҳоро ба ҳалқашон овардаанд ва онҳоро ба чунин қонуншиканӣ водор мекунанд. Ба навиштаи яке аз корбарони Фейсбук бо номи Манучеҳр, “аз шарҳҳо бармеояд, ки кормандони ГАИ, мардуми оддиро ба ин ҳад расондаанд. Муҳофизони қонун, бо талаби ришва аз мардум худашон қонунро помол мекунанд.” Як нафари дигар бо номи Ҳусейн гуфтааст, “Гунаҳкор корманди ГАИ аст. Бовар накунед, як бор ба истгоҳи маршруткаҳои 66 равед ба пеши Садбарг. Таксистҳое, ки пора медиҳанд, бе навбат одам мегиранд, ҳар рӯз ҷанг аст, ҷангро коркунҳои БДА ташкил мекунанд. Ҳамин ҷанҷоли ду мардаки калон барои 5 сомонӣ аст.”

Сино як корбари дигари Фейсбук ҳам ба бисёриҳо ҳамақида аст ва менависад, ки “Ҳарчанд ман ба ҳайси ронанда, муқобили ин гуна рафтори ронанда ҳастам, вале метавонам бигуям, ки дар бисёр ҳолатҳо афсарони ҷасури мо, ронандагон ва бахусус онҳоеро, ки ҳуқуқи худро намедонанд, ба ин ҳолат мерасонанд.” Хуршед, низ дар Фейсбук навиштааст, “Ронанда хуб кардаст, ягон коргари БДА барои адои вазифа дар роҳ намеистад, балки танҳо барои ҷамъ кардани пул. Дар ҳоле, ки камераҳоро ҷой карданд, ин "коргарҳо" чӣ лозим?»

Дар умум аксарият гуфтаанд, ки нозири роҳ “намехоҳад луқмаи чандсомониро аз даст бидиҳад”, бисёриҳо ронанда “шери нар” номида ба ӯ офарин гуфтаанд, ки сазои корманди Бозрасии автомобилии Тоҷикистонро додааст. Теъдоди зиёди дигар нозири роҳро дашномҳои қабеҳ додаанд, ки омода аст, худро барои чанд сомонӣ бикушад. Ва яке аз онҳо бо номи Муқимҷон Шокиров дар Одноклассники навиштааст, “Хубш кардӣ брат, Худованд ҳамин хел шерҳои моро зиёда гардонад, мо аз дасти онҳо ба инҷоҳо (Русия) омадем.

Тамаъҷӯӣ ва ришвахории нозирони роҳ дар Тоҷикистон аз мушкилоти умдаест, ки солҳо боз дар бораи он менависанду мегуянд, ва ба гуфтаи аксарияти ронандагон бо ин зуҳурот дар ҳар сари қадам рӯ ба рӯ мешавед.

Дар як назархоҳӣ дар мавриди коррупсия дар Тоҷикистон, ки 5 соли пеш бо мусоидати Созмони Милал ва худи ҳукумат анҷом шуд, 53 дарсади мардум гуфтанд, ки кормандони бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон бисёр “бевиҷдон ва ришвахор” ҳастанд. Ин мушкилро мақомоти вазорати умури дохилӣ ҳам эътироф кардаанд ва гуфтанд, ки охири соли 2014 барои нозирони роҳ 50 камераеро оварданд, ки афсарони пулис бо худ мегиранд ва тамоми муоширату рафтори онҳо бо ронандагон мустақим дар маркази назорат мушоҳида мешавад. Ин таҷҳизот ба қавли мақомот барои аз байн бурдани тамаъҷӯӣ аз ронандагон оварда шуд, ҳарчанд ин мушкил ҳамчунон вуҷуд дорад.

Аммо ронандаеро, ки афсари милисаро болои мошинаш кашола кард, мумкин аст, ҷарима ва ё ҳатто зиндон кунанд. Бузургмеҳр Ёров, вакили дифоъ рӯзи 23-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, амалкарди ронанда “муқобилият кардан ба намояндаи давлат” ҳисоб мешавад ва барои ин то 20 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар шудааст. Вай афзуд: "Моддаи 328, қисми якумаш мегӯяд, ки ҷарима барои 500 нишондиҳанда ва ё 20 ҳазор сомонӣ, корҳои ислоҳӣ то 2 сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ барои 2 сол. Истифодаи зӯроварӣ, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хафнок аст, барои ин аз 2 то 5 сол ҷазо муқаррар шудааст.”

Бо вуҷуди онки аксарияти корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтаанд, кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ бо рафтори худу ришваситонии зиёд сабаби лабрез шудани косаи сабри ронандаи Опел шудаанд, аммо Мужда як корбари Фейсбук навиштааст: “Дар ин ҳодиса ҳам ронанда гунаҳкор аст ва ҳам корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ. Ҳарду тараф дағалона қонунро вайрон кардаанд. Ман дар бораи раҳгузарон чизе намегӯям. Ҳоло ба навор гирифтани ҳамачиз мӯд шудааст. Метарсам, ки пагоҳ як нафарро бикушанд ва ё як нафарро таҷовуз кунанд, касе ёрдам намекунад ва фақат ба навор мегирад ва ин бисёр ғамангез аст.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG