Пайвандҳои дастрасӣ

Язнаҳои раҳбари “Гурӯҳи 24”: "Мақомот ба мо фишор наовардаанд"


Насимҷон Абдулҳақов (чап) ва Абӯбакр Саидалиев.

Насимҷон Абдулҳақов (чап) ва Абӯбакр Саидалиев.

Ҳамсарони хоҳарҳои Шарофиддин Гадоев, раҳбари “Гурӯҳи 24” дар вокуниш ба иддаои модарарӯсашон, ки онҳоро ба фирор аз оила муттаҳам кардааст, мегӯянд, ки онҳоро модарарӯс аз занҳояшон ҷудо кард.

Ҳамсарони хоҳарҳои Шарофиддин Гадоев, раҳбари “Гурӯҳи 24” дар вокуниш ба иддаои модарарӯсашон, ки онҳоро ба фирор аз оила муттаҳам кардааст, мегӯянд, ки онҳоро модарарӯс аз занҳояшон ҷудо кард. Оишамоҳ Абдуллоева, модари 63-солаи Шарофиддин Гадоев, раҳбари “Гурӯҳи 24” чанде пеш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки домодҳояш бинобар фишори мақомот аз зану кӯдакҳои худ рӯ гардондаанд.

Ду тан аз шавҳарони хоҳарони раҳбари “Гурӯҳи 24” имрӯз, 28-уми апрел, ба дафтари Радиои Озодӣ омаданд, то ба иддаои модарарӯси худ посух бигӯянд. Онҳо мегӯянд, дурии онҳо аз зану фарзанд ба фишори ҳукумат рабт надорад ва баръакс хушдоман ва ҳамсаронашон аз онҳо тақозо мекарданд, дар пайравӣ ба Шарофиддин даст ба эътироз зананд.

Насимҷон Абдулҳақов, шавҳари хоҳарбузурги Гадоев мегӯяд, мақомоти кишвар дар пайванд ба “баромадҳои Шарофиддин Гадоев дар интернет” борҳо ӯ ва дигаронро мавриди пурсиш қарор доданд, аммо хеле муаддабона: “Вақте бурда, пурсупос карданд, бахшиш пурсиданд, ки вақти шуморо гирифтем. Моро кадом мақомоте пурсид, хеле боэҳтиром сӯҳбат карданд. Пурсидан ҳаққашон буд ва мо ҳам баёнот додем, аммо ҳеч фишоре ба мо наоварданд.”

Ин мард даҳ сол бо хоҳари Шарофиддин Гадоев зиндагии муштарак доштааст, ки ҳосили он чаҳор фарзанд аст. Ҳоло ӯ мегӯяд, ҳамсарашро талоқ додааст ва тасмим дорад, ба додгоҳ шикоят бурда, фарзандонашро аз модарашон бигирад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, намехоҳад бачаҳояш рабте ба он хонавода дошта бошанд.

Аммо ба ин суол, ки чаро давоми даҳ сол тасмими ҷудоӣ аз ҳамсарашро нагирифта буд, Абдулҳақов гуфт, “вақтҳои охир хушдоману ҳамсараш аз ҳад гузаронида буданд.”

Абубакр Сайдалиев, шавҳари хоҳари дигари Шарофиддин Гадоев, ки ҳарфҳои Абдулҳақовро тасдиқ мекард, гуфт, ҳоло ӯ ба хотири ду фарзандаш тасмими ниҳоии расман ҷудо шудан аз ҳамсарашро нагирифтааст. “Ҳамсарамро бурда, ба хонаи модараш гузоштам, то ислоҳ шавад. Ман ҳоло на талоқаш додаам ва на расман ҷудо шудаам ва фақат бурда дар хонаи модараш мондам, то рафторҳояшро дигар кунад.”

Эътирози ин ду мард дар ҳолест, ки чанде қабл хушдоманашон, Оишамоҳ Абдуллоева ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз фишори мақомот болои хонаводааш домодҳо аз баҳри духтарону набераҳояшон гузашта, ба ҷои барои онҳо номаълум фирор кардаанд. Ӯ мегӯяд, аз ин се духтараш 10 набера дорад, ки ҳоло ҳама дар хонаи ӯянд ва зиндагии бе ин ҳам мушкилашро мушкилтар кардаанд.

Оишамоҳ Абдуллоева

Оишамоҳ Абдуллоева

Хонум Абдуллоева меафзояд, зиндагии хонаводаи онҳо аз ҳисоби тиҷорати хурд буд, аммо дар пайи санҷишҳо Идораи андози ноҳия онҳоро ҷаримаи бузург баста, қарздор кард ва бо ин тиҷораташон касод шуд. Ҳоло ин зан мегӯяд, як домодаш ба таври мусалмонӣ духтарашро талоқ додааст ва дутои дигар бидуни гуфтани ҳарфе нопайдо шудаанд.

“Домодҳо бачаи хуб буданд, лекин каме зӯрашон омад, номардӣ карданд. Аз рӯзе, ки ғам доданд, безор шуда, баромада рафтанд,” -- гуфта буд Оишамоҳ Гадоева.

Мақомоти маҳаллӣ фишор болои хонаводаи Шарофиддин Гадоевро рад мекунанд. Шарифалӣ Алиев, сардори нозироти андози ноҳияи Фархор дар тамос ба Радиои Озодӣ гуфт, ки даъвои наздикони Гадоев асос надоранд. Вай афзуд: “Мо ба касе хусумат надорем. Ҳар касе, ки андозсупоранда ҳаст, мо дар асоси Кодекси андоз ҳисоб мекунем ва ӯ пардохт мекунад. Мо агар кори ғайриқонуние карда бошем, метавонанд, ба мақомоти дигар аз болои мо шикоят кунанд. Лекин то ҷое медонам, мо ба ин оила коре нагирифтаем. ”

Шарофиддин Гадоев

Шарофиддин Гадоев

Шарофиддин Гадоев 19 майи соли 1985 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шуда, то замони фирор ба хориҷа дар Душанбе ба сар мебурд. Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ҳанӯз 28 январи соли 2013 Шарофидин Гадоевро таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода, ӯро ба ба як қатор ҷиноятҳои иқтисодӣ муттаҳам кард. Баъди фирор аз Тоҷикистон ӯ ба Испания паноҳ буд. Мақомоти Тоҷикистон аз ҳукумати Испания дархости боздошт ва истирдоди Гадоевро карда буданд. Аммо додгоҳи шаҳри Мадрид рӯзи 23 июли соли равон ин дархости Тоҷикистонро рад карда, ба гуфтаи худи Шарофиддин Гадоев, ба ӯ барои 5 сол дар ин кишвари Аврупо паноҳандагии сиёсӣ дод.

Ҳоло Шарофиддин Гадоев ба ҷои Умаралӣ Қувватов, ки ҳудудан ду моҳ пеш дар Туркия кушта шуд, раҳбари “Гурӯҳи 24” интихоб шудааст. Дар ҳоле, ки ҳам раҳбари пешин ва ҳам раҳбарии феълии “Гурӯҳи 24” ин ташаккулро сернуфус эълон кардаанд, то ҳол маълум нест, ки ин гурӯҳ чӣ қадар аъзо дорад ва таъмини молиаш аз куҷо сарчашма мегирад. Дар Тоҷикистон “Гурӯҳи 24” бо қарори Додгоҳи олӣ созмони экстремистӣ хонда шуда, пайравонаш дар сурати боздошт, ҳабс мешаванд.

XS
SM
MD
LG