Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиши эътирозии "Гурӯҳи 24" дар Истамбул


Рӯзи 24 март чандин нафар аз аъзо ва тарафдорони “Гурӯҳи 24” дар рӯбарӯи консулгарии Тоҷикистон дар Истамбул намоиши эътирозӣ барпо карданд. Ба гуфтаи раҳбари ин созмон Шарофиддин Гадоев, ҷамъомадагон -- тоҷикони муқими Туркия ба адолати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, қатъи таъқибу фишори мухолифони сиёсӣ, таҳқиқи одилонаи қазияҳои назири куштори Имомназар Имомназаров дар Хоруғ дар тобистони соли 2012 даъват карданд. Дар дасти эътирозгарон акси

​қурбониёни шиканҷа ва чеҳраҳои маъруфи пушти панҷара, назири Зайд Саидов, Шӯҳрат Қудратов ва дигарҳо дида шудааст. Онҳо ҳамчунин шиор задаанд, ки шиканҷа дар зиндониҳои Тоҷикистон ва боздошти дигарандешон қатъ шавад.

Дар ҳамин ҳол, телефонҳои консулгарии Тоҷикистонро дар Истамбул касе ҷавоб намедиҳад. Муҳофизони сохтмони консулгарӣ ба ширкатдорони намоиши эътирозӣ гуфтаанд, ки касе дар дохили сохтмони сохтори дипломатиро нест ва ҳама кормандон ҳанӯз соати 11 рӯз биноро тарк кардаанд.

Умаралӣ Қувватов, муассиси “Гурӯҳи 24”, ки таи се соли охир бо интиқоди ҳукумати Тоҷикистон маъруф буд, дар як сӯиқасде шаби 5 ба 6 март дар шаҳри Истамбул аз тири нафари ношиносе кушта шуд. Бо гумони дар доштан дар ин ҷиноят чандин нафар боздошт шудаанд. Полиси Истамбул, ки тафтиши қазияро идома медиҳад, аз ироаи

ҷузъиёти тафтишот барои матбуот худдорӣ мекунад. Вале матбуоти Туркия аз қавли манобеи худ дар полис мегӯяд, ки шахсияти қотил барои онҳо аллакай маълум шудааст.​

Қувватов бо аҳли хонаводааш дар Туркия як соли охир ба сар мебурд ва мунтазири баррасии дархости паноҳандагиаш аз сӯи Идораи паноҳандагони СММ буд.

XS
SM
MD
LG