Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари С.Қаюмов: Cулаймон гуноҳ надорад (ВИДЕО)


Раҳмон Қаюмов
Раҳмон Қаюмов

Раҳмон Қаюмов, бародари нафаре ки дар Туркия ба ташкили куштори Умаралӣ Қувватов айбдор мешавад, мегӯяд, ба ин бовар надорад.

Раҳмон Қаюмов, бародари 24-солаи Сулаймон Қаюмов, нафаре ки дар Туркия ба даст доштан дар куштори Умаралӣ Қувватов, раҳбари "Гурӯҳи 24" айбдор мешавад, рӯзи 9 март дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, бародари ӯ аз ягон кас қарздор набуд ва барои тиҷорат ба Туркия рафта буд. Ӯ мегӯяд, Сулаймон Қаюмов дар ноҳияи Восеъ ба тиҷорати маҳсулоти хӯрока машғул буд ва барои пур кардани мағозаи хӯрокааш бо маҳсулоти нав ба Туркия рафта буд.

Раҳмон Қаюмов, ки худаш ҳам соҳибкор будааст, мегӯяд, Сулаймон Қаюмов бо Умаралӣ Қувватов дар гузашта ягон иртибот надошт ва наметавонист дар қатли ӯ ба гунае ширкат кунад. Ӯ хабарҳои расонаҳои Туркия дар бораи гӯё ҳамроҳ бо зану кӯдакаш ва ҳанӯз соле пеш ба Туркия рафтани Сулаймон Қаюмов ва гӯё як сол дар кадом як масҷид ба сар бурдани онҳоро рад кард ва гуфт, Сулаймон Қаюмов ҳамагӣ 3 моҳ пеш ба Туркия рафта буд ва зану кӯдаконаш дар ҳамин ҷо дар ноҳияи Восеъ мебошанд ва ба Туркия нарафтаанд.

Раҳмон Қаюмов бовар надорад, ки бародараш дар куштори Умаралӣ Қувватов даст дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Сулаймон Қаюмов, ба гуфтаи бародараш, як писару як духтар дорад.

Рӯзи 7 март Гулрухсор Қаюмова – хоҳари Сулаймон дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфта буд, бародараш солҳои охир дар Русия кор мекард ва дар дохили Тоҷикистон низ тиҷорати хурд дошт. Гулрухсор афзуд, Сулаймон Қаюмов як сол пеш аз Русия ба зодгоҳаш омада, дубора ба он ҷо баргаштааст: “Мо фақат аз ин хабардор будем, ки гӯиё барои харидории кадом таҷҳизоте, ки обро сард нигоҳ медорад ва дар тобистон зарур аст, ба Туркия рафтааст. Вале намедонем, кай ва чигуна ба он ҷо рафтааст.”

Аммо Алишер Неъматов, сардори раёсати умури дохилии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон гуфт, Сулаймон Қаюмов дар ин ноҳия ба ягон тиҷорат машғул набуд. “Дар ин ҷо ягон бизнес надошт,” - таъкид кард ӯ.

Сулаймон Қаюмов бо Умаралӣ Қувватов
Сулаймон Қаюмов бо Умаралӣ Қувватов

​Номи Сулаймон Қаюмов, сокини 30-солаи ноҳияи Восеъ 4 рӯз пеш, дар пайи кушта шудани Умаралӣ Қувватов, яе аз раҳбарони мухолифин дар шаҳри Истамбули Туркия расонаӣ шуд. Матбуоти Туркия мегӯяд, бахши зиддитеррори пулиси Истамбул се нафар, аз ҷумла нафаре бо номи Сулаймонро бо гумони даст доштан дар қатли Қувватов дастгир кардааст. Ин манобеъ Сулаймонро "ташкилкунанда"-и сӯъиқасд ба ҷони Қувватов ном мебаранд.

Умаралӣ Қувватови 47-сола шаби 5 март вақте кушта шуд, ки баъди бад шудани вазъи ӯву аҳли хонаводааш аз манзили Сулаймон Қаюмов дар маҳаллаи Фотиҳи Истамбул берун меомад, ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт. Қумринисо Ҳафизова, ҳамсари Қувватов баъдан ба Озодӣ гуфт, онҳо ҳанӯз дар манзили Қаюмов ҳангоми нӯшидани шарбатҳо ва хӯрдани таом худро бад ҳис карданд ва ба хотири рафтан ба хона ва даъват кардани "Ёрии таъҷилӣ" зуд аз ин меҳмонӣ хестанд.

Вале дар кӯча, вақте муҳофизи Қувватов барои овардани такси рафт, як нафари силоҳбадаст ба сари раҳбари "Гурӯҳи 24" тир зад ва ӯ дар ҷои ҳодиса кушта шуд.

Умаралӣ Қувватов, соҳибкори дар гузашта муваффақест, ки дар соли 2012 тарки Тоҷикистон кард ва дар хориҷ "Гурӯҳи 24"-ро созмон дод. Ӯ ба шиддат аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон интиқод мекард ва наздикони вайро ба ғасби тиҷоратҳояш айбдор мехонд. Мақомоти Тоҷикистон ба навбати худ алайҳи Қувватов чанд парвандаи ҷиноӣ кушода, ӯро ба қаллобӣ ва ғасби амволи дигарон айбдор мекарданд. Аммо бо вуҷуди боздошти Қувватов дар соли 2013 дар Дубай ва дар декабри соли 2014 дар Истамбул, Душанбе натавонист ба истирдоди ӯ ноил шавад.

XS
SM
MD
LG