Пайвандҳои дастрасӣ

Чӣ ангезае Давлат Чоловро ба роҳи "ҷиҳод" бурд?


Ҷумъахон Назаров

Ҷумъахон Назаров

Пулиси шаҳри Кӯлоб хабари боздошти Давлат Чолов, бародари фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ дар ин минтақа Қурбон Чоловро бо иттиҳоми ҷалби афрод ба ҷанги Сурия тасдиқ кард.

Ҷумъахон Назаров, сардори шӯъбаи вазорати корхои дохилии Кӯлоб рӯзи 6 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ боздошти Давлат Чолов, бародари Қурбон Чолов, аз фармондеҳони бонуфузи Фронти халқиро тасдиқ намуд. Сарҳанг Назаров афзуд, Давлат Чолов ба гумони талош барои сафарбар кардани ҷавонони маҳаллӣ барои ширкат дар ҷангҳои Сурия боздошт шудааст ва феълан таҳқиқи парвандаи ӯ идома дорад. Ба гуфтаи ин мақоми вазорати корҳои дохилӣ, то кунун нисбат ба Давлат Чолов ба сурати расмӣ айб эълон нашудааст.

Ба далели муҳри сиррӣ доштани парвандаи мазкур мақомот дар додани маълумот ва ҷузъиёти бештар роқеъ ба қазияи мазкур худдорӣ мекунанд. Аммо ба гуфтаи бархе дигар аз манобеъ ва наздикони Давлат Чолов, ӯ инчунин барои ширкат дар ҷангҳои Сурия ва узвият дар ҳаракатҳои мамнӯъ низ муттаҳам мешавад.

Яке аз касоне, ки бо Давлат Чолов ошноӣ доштааст, мегӯяд, шунида будааст, ки ӯ ба Туркия ва аз он тариқ ба Сурия сафар доштааст, вале дақиқ намедонад, ки дар воқеъ ӯ ба нияти ҷанг ба ин кишвар сафар карда ва саҳме дар ҷалби ҷавонон барои ҷанги Сурия доштааст?

Ҳарчи ҳам ҳаст, ин шашумин шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки дар як соли охир ба иттиҳоми ширкат дар ҷанги дохилии Сурия боздошт мешавад. То кунун панҷ донишҷӯи тоҷик, ки дар донигоҳҳои Сурия таҳсил мекарданд низ ба далели ширкат дар нооромиҳои он кишвар боздошт ва маҳкум шуда буданд.

Чойхонаи "Ориёни"-и марбут ба Чоловҳо дар Кӯлоб

Чойхонаи "Ориёни"-и марбут ба Чоловҳо дар Кӯлоб

Давлат Чолов, аз сарбозони пешини Фронти халқӣ дар соли 2003 низ бо иттиҳоми таҷовуз ба номус ва куштор боздошт ва маҳкум шуда буд, аммо баъдан ба озодӣ баромад ва ба тиҷорат машғул буд. Ба гуфтаи наздиконаш, силсилаи мағоза ва ошхонаҳо дошт ва барои таъмини ин нуқтаҳои савдои худ пайваста ба Туркия сафар менамуд.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чӣ ангезае Давлат Чолов, аз сарбозони фаъоли Фронти халқӣ ва узви хонаводаеро, ки дар ҷанги дохилии кишвари худаш зидди мухолифини удатан исломгаро меҷангид, акнунун дар канори гуруҳҳои иломӣ ва дар сангари ба истилоҳ ҷиҳод дар Ховари Миёна қарор додааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, камобеш ҳудуди 200 нафар аз атбои тоҷик дар ҷангҳои дохилии Сурия ширкат намуда ва ё ҳамчунон ширкат дорад. Дар гузашта мақомоти Кумитаи амнияти миллӣ ва ҳамчунон собиқ дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва раиси феълии кумитаи амният ва дифоъи порлумон Амирқул Азимов низ аз ҳузури шаҳрвандони тоҷик дар ҷангҳои Сурия изҳори нигаронӣ намуда ва гуфта буданд дар амри бозгардонидани онҳо бояд талош сурат бигирад. Амирқул Азимов изҳор дошта буд, ки аз ҳузури ҳудуди 190 шаҳрванди тоҷик дар Сурия огоҳ шудааст. Ӯ гуфта буд, «воқеан ҳузури онҳо дар нооромиҳои Сурия боиси нигаронӣ аст. Мо ҳамаи талошҳоро ба харҷ хоҳем дод, ки ин афрод ба Тоҷикистон баргардонида шаванд.»

Инро низ бояд гуфт, ки дар воқеъ ҳузури ҷавонони тоҷик дар ошӯбҳои Сурия собит шудааст, вале шумори ҷангиёнеро, ки гӯё ҳудуди 190 ило 200 шаҳрванди Тоҷикистон дар ин ҷангҳо фаъол ҳастанд, Аҳмад Бадриддини Ҳассун, муфтии олии Сурия, аз ҷонибдорони давлати Башор Асад, дар тобистони гузашта зимни сафараш ба Маскав ироъа намуда буд. Ва наметавонад рақами собит бошад.

Таҳлилгарони умури минтақа ва мақомоти амнияти бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мегӯянд, вуҷуди ангезаи динӣ дар дили ҷавонон омили умдаи таваҷҷӯҳи онҳо ба ҷангҳои мазҳабӣ мебошад. Аммо дар ин миён сармоя низ нақши муҳимро ифо мекунад. Ба бовари коршиносон ва ба гуфтаи мақомоти амниятии кишварҳои мухталиф, камокон ҳудуди 8 ҳазор шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ дар ҷанги дохилии Сурия ширкат доранд.

Майкл Ҷенкинс, мушовири маркази Rand Corporation дар Амрико дар поёни соли гузашта зимни гузорише ба Кунгураи он кишвар роҷеъ ба манобеъи таъмини молии иштирокдорони хориҷии ҷанги Сурия, гуфта буд: «Барои ононе, ки иртиботашон бо Ал-Қоида ошкор шудааст, ба эҳтимоли зиёд пулҳо аз ҳисобҳои шахсони сарватманд, пеш аз ҳама аз шоҳигариҳои суннии кишварҳои Халиҷи Форс ворид мешаванд."

Бино ба маълумоти таҳлилгарон ва хадамоти марбута дар ҷалби ҷаонони тоҷику қирғизу қазоқ барои ҷанги Сурия умдатан шабакаи мамнӯъи Салафия дар минтақа кор мекунад ва пул низ тавассути намояндагони ҳамин равия барои ҷалби ҷавонон ворид мешавад. Аз сӯи дигар, Ҳаракати исломии Узбакистон низ ба сурати пинҳонӣ дар кишварҳои минтақа кор мебарад, ки боздошти аъзои он тавассути ниҳодҳои кишварҳои минтақа далели он аст.

Баҳриддин Мӯъминов

Баҳриддин Мӯъминов

Дар поёни соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон Баҳриддин Мӯъминов, як шаҳрванди дигари Тоҷикистонро ба далели ширкат дар ҷангҳои Сурия маҳкум намуд. Ва баъдтар гуфта шуд, ки Муъминов узви ҲНИТ мебошад, аммо мақомоти ҲНИТ бо як баёния гуфтанд, ки Мӯъминов барои таҳсил ба Сурия рафтааст, на барои ширкат дар ошӯбҳои он кишвар.

Вале ҳоло мақомот бо таъкид ба сиррӣ будани парвандаи Давлат Чолов ва инчунин халал ворид нашудан ба идомаи тафтишот, аз ифшои ҷуъиёт ва гуфтани ин ки оё ӯ муваффақ ба ҷалб ва фиристодани ягон нафар ба ҷанги Сурия шудааст ё не худдорӣ мекунанд. Вале бархе дигар манобеъ мегӯянд, ки дар ҳамдастӣ бо Давлат Чолов то кунун каси дигаре боздошт нашудааст.

Вале чизе, ки то кунун собит шуда, ҳузур ёфтани Давлат Чолов дар қаламрави Сурия дар чанд моҳи пеш аст. Ва ба гуфтаи мақомот, посухи саҳеҳро ба ин суол ки Давлат Чолов, узви хонаводаеро, ки дар суқут додани давлати иборат аз исломгароҳо ва демократҳо дар Тоҷикистон дар 22 соли пеш нақши умда дошт, чӣ ангезае ба ҷанги мазҳабии Сурия бурдааст?, поёни тафтиши парванда хоҳад гуфт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG