Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вафоти як тоҷик дар маҳбаси Русия аз бемории СПИД


Яке аз хиёбонҳои шаҳри Новосибирск
Яке аз хиёбонҳои шаҳри Новосибирск

Ин сокини ноҳияи Ҳисор аз маризии сил даргузаштааст.

Ба иттилои раиси намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар ҳавзаи Сибир, қарор аст рӯзи душанбе бо ҳавопаймои Новосибирск-Душанбе ба Тоҷикистон ҷасади як шаҳрванди ин кишвар интиқол дода шавад, ки дар яке аз зиндонҳои вилояти Новосибирски Русия даргузаштааст. Муҳаммадӣ Давлатов дар сӯҳбати телефонӣ бо Озодӣ гуфт, Сӯҳроб Баҳодурови 31-сола аз маризии сил рӯзи 23 август даргузаштааст. Вай гуфт, ки хабари нашршуда оид ба гирифтори вируси СПИД будани ин сокини деҳаи Шарораи ноҳияи Ҳисор аз ҳақиқат дур буда, "ҳолати сангини вай ба маризии сил" вобаста будааст.

- Бо кӯмаки ҷамъияти тоҷикони маҳаллӣ ҷасади ин ҳамватани мо қарор аст ҳафтаи оянда ба Тоҷикистон интиқол ёбад. Мо фикр кардем, ки рӯзи ҷумъа тавассути ҳавопаймои ширкати сибирӣ мо метавонем ин корро анҷом диҳем, вале аз чӣ бошад, ки фардо чунин як хатсайре бо Душанбе анҷом намешавад, - гуфт Давлатов.

Дар сайти интернетии Хадамоти муҳоҷирати ҳукумати Тоҷикистон дар Русия гуфта мешавад, ки рӯзи 25 август ҷасади Сӯҳроб Баҳодуров аз зиндони рақами 10 ба мурдахонаи шаҳри Новосибирск интиқол ёфта, барои фиристодан ба Тоҷикистон омода шудааст.


Имсол ин ҳодисаи нахустини ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои ислоҳии Русия набудааст. Моҳи июн радиои Озодӣ дар бораи хабари ҳалокати мармузи Фотима Ғаффорова, як дигар сокини Тоҷикистон дар боздоштгоҳи шаҳри Курган ё Қурғони Русия хабар дода буд. Хешовандони хонум Ғаффорова аз ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон тақозо карда буданд, ки шароити ҳалокати хонум Ғаффороваро таҳқиқ кунад. Ин хонуми ҷавон тирамоҳи соли 2011 бо иттиҳоми “ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ” боздошт шуда, баҳори имсол дар утоқи нигаҳдошташ дар зиндони муваққатии шаҳри Курган гӯё худро дор овехтааст. Дар ҳоле, ки мақомоти ин боздоштгоҳ шиканҷа, азияту бадрафторӣ нисбати ин хонумро рад карда, худкушии ин хонумро тасдиқ мекунанд, хешу наздикони ӯ ба ин чиз шубҳа мекунанд. То ҳол посухи Омбудсмен дар заминаи шароити марги ин хонум нашр нашудааст.

Бар тибқти иттилои расмӣ, дар зиндонҳои Русия дар ҳудуди се то панҷ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд, ки аксарашон барои нақзи муқаррарот муҳоҷират ва нигаҳдшт ва қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG