Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Академик Собит Неъматуллоев, раҳбари Хадамоти геофизикии назди Академияи илмҳои Тоҷикистон, пешниҳоди бунёди биноҳои баландошёна дар шаҳраку ноҳияҳои Тоҷикистонро "ғайривоқеӣ" номид. Мақомоти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон рӯзи 18 июл эълон карданд, ки ба далели афзоиши бо суръати аҳолӣ аз ҳукумат хостаанд, барои сохтмони баландоёшнаҳо дар манотиқи кишвар иҷоза диҳад.

Собит Неъматуллоев мегӯяд, Тоҷикистон як кишвари зилзилахез буда ва ҳамасола 20-30 зилзилаи 5 дараҷаи Рихтер ва ҳудуди 20 ҳазор ларзиши замин бо дараҷаи поёнтар рух медиҳад. "Дар сурати вуқӯи зилзила чигуна сокинонро аз биноҳои баландошёна дар шаҳраку деҳот берун овардан мумкин аст?" – суол гузошт ӯ.

Ин зилзилашиноси маъруфи тоҷик гуфт, гузашта аз ин, дар фасли зимистон дар шаҳраку деҳоти Тоҷикистон ҳамагӣ барои чанд соат нирӯи барқ дода мешавад ва дар сурати рух додани зилзила ба берун баровардани сокинони баландошёнаҳо мушкил хоҳад шуд. "Барқ набошад, лифт кор намекунад. Ҳоло дар шаҳрҳо системаи наҷоти сокинон бар асари зилзила хуб кор намекунад, дар деҳот вазъ чӣ гуна мешавад?," – гуфт Собит Неъматуллоев.

Вай дар суҳбаташ бо Озодӣ ин суолро низ дар миён гузошт, ки оё муаллифони ин пешниҳод андеша кардаанд, дар манотиқи деҳот ба биноҳои баландошёна чигуна обро мебароранд ва системаи канализатсияро роҳандозӣ мекунанд?

Раҷаббой Аҳмадзода

Раҷаббой Аҳмадзода

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, рӯзи 18 июл гуфт, ки дар сурати дарёфти иҷозаи ҳукумат биноҳои баландошёна дар минтақаҳои кишвар бо харҷи камтар сохта шуда, асосан барои оилаҳои эҳтиёҷманд дода хоҳад шуд. Аҳмадзода гуфт, "ба хотири барои коҳиш наёфтани заминҳои обӣ ва васеъ кардани киштзорҳо пешниҳод кардем, на танҳо дар шаҳрҳо, балки дар маҳалҳо низ биноҳои бисёрошёна бунёд шавад. Масалан, ҳоло барои ду оила 12 сотих қитъаи замин ҷудо мешавад. Агар дар ин қитъаи замин бинои 9 ё 12-ошёна сохта шавад, аз 40 то 48 оила бо манзил таъмин хоҳанд гардид."

Ба қавли раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, феълан ҳамасола ба ҳазорҳо оила барои бунёди манзили хусусӣ қитъаҳои замин, аз ҷумла, дар заминҳои обӣ ҷудо мешавад. Ӯ гуфт, идомаи ин раванд метавонад ба ҷиддан коҳиш ёфтани майдонҳои кишвар ва дар ниҳоят ба таври қобили мулоҳиза кам шудани истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ оварда расонад.

Аммо ба эътиқоди коршиносони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, бо таваҷҷӯҳ ба кӯҳистонӣ будани 93 дарсади ҳудуди кишвар ва афзоиши бесобиқаи аҳолӣ мақомоти Тоҷикистон водор хоҳанд шуд, роҳҳои ҳалли мушкили таъмини аҳолӣ бо манзил ва маҳсулоти ғизоиро ҳал кунанд. Зеро, ба гуфтаи онҳо, раванди феълии тақсими қитъаҳои замин барои бунёди манзили хусусӣ ба коҳиши ҷиддии майдонҳои кишт ва маҳсулоти кишоварзӣ боис хоҳад шуд.

Аз ин лиҳоз, яке аз роҳҳои муассири ҳалли ин мушкил бо назардошти шароити маҳалҳо ва эҷоди системи обрасонию канализатсия бунёди биноҳои бисёрошёна гуфта мешавад.

Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мегӯяд, ки суръати афзоиши аҳолӣ дар Тоҷикистон дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ болотарин буда ва дар зарфи ду соли охир аҳолии ин кишвар ба 2,3 дарсад афзоиш ёфтааст. Бино ба иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон, теъдоди аҳолии кишвар дар ҳоли ҳозир аз ҳаштуним миллион нафар гузаштааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG