Пайвандҳои дастрасӣ

Шоми 12 сентябр дар толори “Barclaycard Arena” дар шаҳри Ҳамбурги Олмон маросими тақдими ҷоизаҳои “Big Apple Music Awards 2015” доир мешавад.

Шоми 12 сентябр толори “Barclaycard Arena” дар шаҳри Ҳамбурги Олмон мизбони ситораҳои маъруфи эстрадаи тоҷику афғону эрониву араб ва овозхонон аз Қафқозу Аврупо мешавад. Дар ин толор маросими тақдими ҷоизаҳои “Big Apple Music Awards 2015” доир мешавад. Ин маросим бори аввал дар қораи Аврупо мегузарад. Маросими тақдими ҷоизаҳои “Big Apple Music Awards” 10 соли гузашта дар Ню-Йорк мегузашт.

Нодӣ Рӯъё, мудири кулли ширкати “Daf Entertaintment” – масъули баргузории “Big Apple Music Awards 2015” ба Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон дар ин ҷашнвораи эстрадаи Шарқ имсол низ чун дар соли гузашта се намояндаи як хонавода – хоҳарон Шабнами Сурайёву Фарзонаи Хуршед ва шавҳари Фарзона – Фаридуни Хуршед – намояндагӣ мекунанд.

Ҳамин тавр, ба гуфтаи хонум Рӯъё, имсол дар консерти ниҳоии “Big Apple Music Awards 2015” дар Ҳамбург аз Афғонистон Фарҳоди Дарё, Ориёно Саид ва Шафиқи Мурид даъват шудаанд. Эстрадаи Эронро чор овозхони бурунмарзӣ – дуэти Комрону Ҳумон, Борон ва хонандаи ҷавони курдзабон Фарҳоди Базлӣ намояндагӣ мекунанд. Ҳамчунин қарор аст, аз овозхонҳои ҷаҳони Араб дар Ҳамбург хонум Ифон аз Лубнон меоянд, хонум Аҳлом аз Имороти Араб, Муҳаммад Осаф аз Фаластин ва Холид, ки аз Алҷазоир аст, вале дар Фаронса ба сар мебарад, намои ҳунар хоҳанд кард.

Дар ин маросим ширкат ва ҳунарнамоии Кости аз Руминия, Андреа аз Булғористон ва Файди аз Австралия, оҳангсоз ва диҷейи маъруф Эдвард Майя аз Руминия, Ноно ва Сона, ҳамчунин ҳунарманди маъруфи арманӣ Гаспариён низ дар назар дошта шудааст.

Мудири ширкати “Daf Entertaintment” – масъули баргузории “Big Apple Music Awards 2015” мегӯяд, имсол ба хотири ба тамошобинон наздиктар овардани ҷашнвора қарор шуд, ки онро дар Аврупо баргузор кунанд, на дар Амрико: “Big Apple Music Awards” 10 соли ахир ҳамеша дар Ню-Йорк баргузор мешуд. Имсол мо саъй кардем, барномаро биёрем ба Аврупо. Чунки ҳама мардуми хоҳишманд наметавонист ба Ню-Йорк рафта, барномаро тамошо кунанд. Баъд мушкили визаи Амрико барои ҳунармандони мо, фосилаи роҳ ва мушкилоти дигар сабаб шуд, ки мо ҷиҳати ба тамошобинони аслии мо, ки аз кишварҳои Шарқанд, наздик овардани ин барнома талош кунем. Қарор кардем, ки чанд соли оянда барнома дар Аврупо бимонад, то мардум аз Осиёву Аврупо, чун роҳ ҳам барояшон наздиктар аст, битавонанд биёянд ва ҳунармандонеро, ки дӯст доранд, тамошо кунанд.”

Шабнами Сурайё

Шабнами Сурайё

Нодӣ Рӯъё мегӯяд, тақдими ҷоизаҳои “Big Apple Music Awards 2015” як тарҳи ғайритиҷорист, ки таблиғи фарҳанги мардуми Шарқро ба ҳадаф дорад: “Мо дар як сол ҳамагӣ як консерт мегузорем, ки ҳатто харҷи даъвати овозхонҳоеро, ки мехоҳем, намепӯшонад. Мо аз ин барнома, мутаассифона, даромади пулӣ надорем. Дар пушти мо ширкатҳои бузургу сармоядор нестанд, ки харҷи ин консертҳоро талофӣ кунанд. Ин як тарҳи сирф фарҳангист ва ҷоизаҳояш низ рамзист. Як ҳадафи мо ин аст, то овозхонҳоеро, ки берун аз кишварашон намешиносанд, берун биорем ва ба тамошобинон аз кишварҳои дигар бишиносонем.”

Ӯ мегӯяд, овозхонҳои барандаи ҷоизаҳои “Big Apple Music Awards”-ро бар асоси овоздиҳии тамошобинон дар Интернет аз байни овозхонҳое, ки аз як соли пеш барои ширкат дар ин ҷашнвора дархост мефиристанд, интихоб шудаанд. Ӯ мегӯяд, маъмулан хонандаҳоеро интихоб мекунанд, ки дар берун аз кишвари худ низ соҳиби шӯҳрате шудаанд.

“Big Apple Music Awards” аз соли 2004 ба ин тараф ҳар сол ба беҳтарин овозхонҳои афғону тоҷику эронӣ дода мешуд. Вале ду соли охир ҷуғрофиёи ин ҷашнвора васеътар шуда, хонандагон аз кишварҳои Арабу Қафқоз ва манотиқи дигари дунёро фаро гирифтааст.

Дар солҳои гузашта дар баробари Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед ва Фаридуни Хуршед чанд овозхони дигар аз Тоҷикистон, аз ҷумла падару писар Ҷӯрабек ва Ҷонибеки Мурод ва Баҳроми Ғафурӣ низ ҷоизаҳои Big Apple Music Awards”-ро ба даст овардаанд.

Радиои Озодӣ аз ҷараёни маросими тақдими ҷоизаҳои “Big Apple Music Awards 2015” аз Ҳамбурги Олмон гузориши вижаи видеоӣ ва мусоҳибаҳо бо барандагони ин ҷоизаҳоро омода ва ба тамошобинон пешниҳод мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG