Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Овозхонии Шабнаму Фарзона дар ҷашнвораи Big Apple


Дар акс: Шабнами Сурайё ва хоҳараш Фарзонаи Хуршед

Дар акс: Шабнами Сурайё ва хоҳараш Фарзонаи Хуршед

Дар баробари Ҷӯрабеки Мурод ва писараш Ҷонибек, Шабнами Сурайё низ соҳиби ҷоизаи “Big Apple” шуд.

Ҷӯрабеки Мурод, раҳбари гурӯҳи шашмақомхонони “Нури Хуҷанд” бо ҷоизаи “Достони зинда” ва Ҷонибеку Шабнам беҳтарин ҳофиз ва ҳофизаи Осиёи Миёна эълон шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ду сол пеш Ҷонибеки Мурод ва Шабнами Сурайё ҳамчун беҳтарин овозхонҳои Тоҷикистон ба ҷоизаҳои “Big Apple Awards” мушарраф шуда буданд.

Ҷонибек дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки интихоби ӯву Шабнам чун беҳтарин ҳунармандони Осиёи Марказӣ бар пояи назарпурсӣ дар Интернет ва ҳамчунин пурсиши ҷавонони кишварҳои Осиёи Миёна, ки айни ҳол дар Амрико ба сар мебаранд, сурат гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, созмондиҳандагони ҷашнвора онро ҳам ба назар гирифтанд, ки клипҳои ин ду ҳунарманди тоҷик дар сартосари минтақа маъруфанд.

Радиои Озодӣ: Ҷонибек, падаратон устод Ҷӯрабек имсол ҷоизаи “Достони зинда”-ро соҳиб шудаанд. Оё ин гуна ҷоиза аз ин пеш ҳам тақдим мешуд?

Ҷонибек: "Бале, ду сол пеш ҷоизаи “Достони зинда” ба Андӣ тақдим шуда буд. Соли гузашта Бонҷовӣ ба он мушарраф гардид. Имсол ба падарам доданд..."

Радиои Озодӣ: Консерт чӣ гуна гузашт, кадоме аз ҳунармандон дар он ширкат доштанд?

Ҷонибек: "Консерт бисёр олӣ гузашт ва ба он барои дастгирии мо тоҷикони зиёд омаданд ва мо ба ҳамаи онҳо ташаккур мегӯем. Дар толор мардуми Самарқанду Бухоро, узбакҳо, афғонҳо, гурҷиҳо, арманиҳо, яҳудиҳо ҳузур доштанд. Дар консерт ману падарам, Андӣ, Шаҳзода, Тигран, як овозхони арманӣ ва чанд нафари дигар ҳунарнамоӣ кардем..."

Радиои Озодӣ: Шабнаму Фарзона ҳам, аз рӯи шунидаам, дар ин консерт тарона иҷро кардаанд...

Ҷонибек: "Бале, Шабнам ҳамчун барандаи ҷоизаи “Беҳтарин ҳофизаи Осиёи Марказӣ” ва хоҳараш Фарзона ҳамчун меҳмони ҷашнвора... Шабнаму Фарзона ҳамроҳ ҳунарнамоӣ карданд."

Радиои Озодӣ: Ҷонибек, чанд рӯзе, ки дар Амрико будед оё фурсате ёфтед, ки бо студияҳои сабти овоз ва ё продюсерҳои шинохта дар бораи ҳунарнамоӣ ва сабти клипҳо гуфтушунид кунед?

Ҷонибек: "Ростӣ, ин сафари ҳунарӣ аст ва мо хело серкорем, рӯзҳои шанбеву якшанбе моро ба тӯйҳо ва зодрӯзҳо даъват кардаанд ва консерт ҳам дорем. Рӯзҳои боқимонда бошад, ба студияҳо меравем, алъон ман бештар вазъро меомӯзам... Ҳатто ман мехоҳам, ки ҳадди аққал як сол дар Лос-Анҷелес таҳсил кунам, шоу-бизнесро беҳтар биомӯзам, то ки дар оянда онро дар Тоҷикистон равнақ диҳем..."

Радиои Озодӣ: Яъне, сафаратон ба Амрико тӯлонӣ хоҳад шуд?

Ҷонибек: "Не, ман пас аз чанд рӯз ба Тоҷикистон бармегардам, зеро дар Душанбе маъракаву барномаҳои зиёде дорам. Баъдан дубора озими Амрико хоҳам шуд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG