Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

RWB бастани дафтари Радиои Озодӣ дар Бокуро маҳкум намуд


Ба дари дафтари Радиои Озодӣ дар Боку муҳр зада шудааст
Ба дари дафтари Радиои Озодӣ дар Боку муҳр зада шудааст

Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” (Reporters Without Borders) бастани дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Бокуро талоши “аз байн бурдани дигарандешаӣ дар расонаҳои Озарбойҷон” арзёбӣ кард. Йохан Бир, раиси бахши Аврупои Ғарбӣ ва Осиёи Марказии ин созмони мустақар дар Порис, рӯзи 27 декабр изҳор намуд, ки ҳукумати Озарбойҷон ботадриҷ ҳама расонаҳои хабарии мустақилро саркӯб месозад.

Муфаттишони додситони кулли Озарбойҷон рӯзи 26 декабр баъди кофтукоби дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Боку амр додаанд, ки кори он қатъ карда шавад. Дасти кам 10 корманди додситонӣ ҳамроҳ бо маъмурони мусаллаҳи пулис ба дафтари Радиои Озодӣ дар Боку ворид шуда, компютерҳоро мусодира карданд ва аз корманрдон хостанд, ки биноро тарк намоянд. Ба гуфтаи додситонии Озарбойҷон тафтиши фаъолияти идораи Радиои Озодӣ, ки муассисаи хориҷӣ ҳисоб мешавад, идома дорад.

Айни ҳол дар Озарбойҷон 15 хабарнигору блогнависи мустақил дар маҳбасанд. Се ҳафта пеш Хадиҷа Исмоилова, як корманди дафтари Радиои Озодӣ дар Бокуро бо иттиҳоми ташвиқи ҳамкори собиқаш ба худкушӣ барои ду моҳ боздошт карданд.

Дар “Шохиси озодии матбуот дар соли 2014”, ки ахиран “Гузоришгарони бидуни марз” нашр кард, Озарбойҷон миёни 180 кишвар дар мақоми 160-ум ҷойгир шудааст.

XS
SM
MD
LG