Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии Бадахшон таҳқиқи куштори Назаровро анҷом дод


Марҳум генерал Абдулло Назаров

Марҳум генерал Абдулло Назаров

Додситонии Бадахшон мегӯяд, тафтиши парвандаи ҷиноии куштори Абдулло Назаров, собиқ сарвари Раёсати КДАМ дар ин вилоят ба охир расида, ба додгоҳ ирсол мешавад.

Муҳаммад Арбобов, додситони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, ин яке аз чаҳор куштор ва сӯиқасдест, ки дар вилоят рух дод ва алҳол танҳо омилони он ошкор шудаанд: "Дар соли 2012 дар ҳудуди вилоят чор ҳодисаи одамкушӣ ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ ва тафтишотӣ як ҳодисаи куштор ошкор карда шудааст, ин ҳам бошад куштори собиқ раиси Кумитаи амнияти миллӣ дар Бадахшон генерал Абдулло Назаров. Оид ба ҳодисаҳои дигар тафтишот идома дорад."

Ба гуфтаи додситон, омилони куштори Имомназар Имомназаров, аз собиқ фармондеҳони маҳаллӣ, ду сӯиқсад ба куштори додситон ва кормандони мақомоти интизомӣ дар посгоҳи маҳалли Шидзи ноҳияи Рӯшон ҳанӯз пинҳон мондаанд. Ҷаноби Арбобов ба далели он ки парвандаи куштори генерал Абдулло Назаров дар ихтиёри Додситонии кул аст, аз ифшои ҷузъиёти бештари он худдорӣ кард.

Баҳриддин Бозоров, корманди Додситонии кулли Тоҷикистон ва раҳбари гурӯҳи тафтишотии куштори Абдулло Назаров, низ ба Радиои Озодӣ гуфт, парванда такмил шудааст, аммо ҳанӯз дар бораи ҷузъиёти он чизе беш аз он чӣ гуфта шуд, пешниҳод карда наметавонад: "Дар ин бора шарҳе ҳам надорем, ҳар вақт, ки зарур шуд, худ ҳамаро эълон хоҳем кард."

Толиб Айёмбеков

Толиб Айёмбеков

Дар ҳамин ҳол, бино ба гуфтаи вакилони мудофеъ, дар куштори генерал Назаров, ки рӯзи 21-уми июли соли 2012 иттифоқ афтод, ду тан - Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродов, яке бародар ва дигарӣ, ронандаи Толиб Айёмбеков, собиқ муовини сарвари Ситоди отряди марзбонии Ишкошими раёсати марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон муттаҳам мешаванд. Дар оғоз мақомот 4 нафарро гумонбари қатл мешумориданд. Файзи Олӣ, вакили дифои гумонбаршудагон, мегӯяд, иттиҳоми куштор аз дӯши Толиб Айёмбеков ва як нафари дигар бардошта шудааст: "Барои ду нафар алоҳида ҷудо карда, парвандаро тамом карданд. Нисфи дигари парванда алайҳи одамони номаълум аст, ки 12 нафаранд, аммо тафтишот муайян нашудааст. Онҳо дар қочоқу дигар ҷиноятҳо муттаҳам мешаванд. Ҳоло фақат парвандаи ҷиноятии иҷрокунандаи куштори генерал Назаровро анҷом додаанд, ки бояд ба додгоҳ ирсол шавад."

Абдулло Назаров, сарвари раёсати КДАМ дар Бадахшон, рӯзи 21-уми июли соли гузашта дар маҳаллаи Ниводаки шаҳри Хоруғ кушта шуд. Дар оғоз бадоҳатан мақомоти амниятӣ, ба шумули Додситонии кул, Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Толиб Айёмбеков ва гурӯҳи иборат аз 15-20-нафарии ӯро дар куштори ӯ ва ҳам латукӯби чор ҳамсафараш муттаҳам карданд. Ба хотири боздошти ин гурӯҳ, нерӯҳои ҳукуматӣ дар Бадахшон амалиёти вижаеро пиёда карданд, ки рӯзи 24-ум аз субҳ то бегоҳ идома кард. Аммо пас аз таслим шудани Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродов ва эътирозҳои густардаи мардуми Бадахшон, амалиёт қатъ гардид.

Шокирҷон Ҳакимов

Шокирҷон Ҳакимов

Тибқи бархе манобеъ, дар робита ба ҳаводиси Хоруғ беш аз 20 парванда боз шуда, ҳудуди 40 нафар боздошт шудаанд, аммо мақомот дар ин бора сӯҳбате намекунанд, зеро ҳамагиро «мӯҳри махфӣ» задаанд. Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик, мегӯяд, дар Тоҷикистон теъдоди парвандаҳо бо «мӯҳри махфӣ» рӯ ба афзоиш дорад, аммо ҳеҷ яке аз онҳоро намешавад, бо чунин шева баррасӣ кард: "Тибқи қонунгузории кишвар, фақат он парвандаҳое бо «мӯҳри махфӣ» баррасӣ ва таҳқиқ мешаванд, ки дар зимн иттилои хавфнок ба амнияти кишварро доранд. Дар парвандаи генерал Назаров ҳамчунин асроре вуҷуд надоранд ва он мебоист боз муҳокима шавад."

Файзи Олӣ мегӯяд, мурофиаи додгоҳӣ дар шаҳри Хоруғ баргузор мешавад, қабл аз ҳама ба он далел ки айбдоршавандагон дар боздоштгоҳи муваққатии ин шаҳр қарор доранд ва ҳам интиқоли қариб 20 шоҳид ба ягон маҳалли дигар, аз ҷумла Душанбе харҷи зиёд хоҳад дошт. Тибқи муқаррароти қонун, таъмини онҳо бо хӯрок ва ҷои зист бар дӯши додгоҳ аст. Мавсуф ҳамчунин гуфт, Оқил Айёмбеков бо асобағал роҳ мегардад, зеро ҳангоми амалиёт аз пояш тир хӯрда, маълул шудааст. Файзи Олӣ гуфт, ба ҳамин хотир, аз Душанбе ба мурофиаи додгоҳӣ ба Хоруғ рафтани се додрас, ду вакили дифоъ ва як айбдоркунандаи давлатӣ осонтар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG